Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Утриш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Австрия)
Утриш
Republik Österreich
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Утриш|Land der Berge, Land am Strome
]]»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Забони олмонӣ
Пойтахт Вена
Шаҳри калонтарин Вена, Залтсбург, Линс, Грас, Инсбрук
Идораи давлат Ҷумҳурии федеративии порлумонӣ
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
113-ум ҷой дар ҷaҳон
83 879 км²
1,7 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
97-ум ҷой дар ҷaҳон
8 823 054 нафар
102,1 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ
  • Ба сари аҳолӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
493,2 млрд $
55 406 $
Пули миллӣ евро
Интернет-Домен .at, .eu (Ҳамчун узви ИА)
Коди телефон +43
Соат UTC +1 +2
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}


У́триш ё А́встрия (олмонӣ: Österreich [ˈøːstɐˌʁaɪç] (гӯш кардан )), Ҷумҳу́рии У́триш (олмонӣ: Österreich Österreichische Republik) — давлат дар Аврупои Марказӣ. Узви Иттиҳоди Аврупо (аз соли 1995). Бо Олмон, Чехия, Словакия, Маҷористон, Словения, Итолиё, Суис ва Лихтенштейн ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 83858 км². Аҳолиаш 8,375 млн нафар (январи 2010). Пойтахташ — шаҳри Вена. Аз 8 мулки (музофот) маъмурии мустақил: Бургенланд, Утриши Болоӣ, Утриши Поёнӣ, Залтсбург, Каринтия, Штирия, Тирол, Форарлберг ва Вена (аз ҷиҳати маъмурӣ ба мулк баробар дониста шудааст) иборат аст. 26 октябри — рӯзи қабули Қонуни Конститутсионии федералӣ (1955) дар бораи бетарафии доимӣ — Иди миллии Ҷумҳурии Утриш. Воҳиди пулӣ — евро (то соли 2001 — шиллинги утришӣ).

Сохти давлатии Утриш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Утриш ҷумҳурии федеративӣ, порлумонӣ мебошад. Сардори давлат — президенти федералӣ, ки дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба муҳлати 6 сол интихоб мешавад (ҳуқуқи як бор аз нав интихоб шудан дорад). Мақоми олии қонунбарори ҳокимият — порлумони дупалатагӣ: Шӯрои миллӣ — Натсионалрат, ки дар ҳайати 183 намоянда ба муҳлати 4 сол ва Шӯрои федералӣ — Бундесрат, ки дар ҳайати 63 намоянда ба муҳлати 4 — 6 сол (вобаста ба муҳлати ваколаташон) аз ҷониби ландтагҳо (порлумонҳои мулкӣ) интихоб мешаванд. Ҳокимияти иҷроияро президенти федералӣ ва ҳукумати федералӣ (сарвараш — канслери федералӣ), дар маҳалҳо ландтагҳо ба ҷо меоваранд. Ҳар кадом мулки федералӣ конститутсия, ландтаг ва ҳукумати худро дорад. Ҳокимияти судӣ аз Суди олӣ, Суди административӣ (маъмурӣ) ва Суди конститутсионӣ иборат аст. Утриш узви СММ, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Комиссияи Дунай аст. Аз 25 марти 1992 бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ дорад. Барои пешбурди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии байни Тоҷикистон ва Утриш Комиссияи байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст.

Табиати Утриш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Утриш як кишвари кӯҳсор аст. Тақрибан 3/4 сатҳи Утришро риштакӯҳҳои Алпи Шарқӣ (60 %) ишғол кардаанд. Алпи Оҳаксангии Шимолӣ аз шимоли Форарлберг ва Тирол (якҷоя бо ноҳияҳои ҷанубии Залтсбург ва Утриши Болоӣ) то мавзеъи Бешазорҳои Венро фаро гирифтааст (қуллаи баландтаринаш Гросглокнер, 3797 м). 1/5 қисмашро водии Дунай ва ноҳияҳои пасту ҳамвори Штирия ва Бургенланд, боқимондаи онро кӯҳҳои начандон баланди массиви Богем фаро гирифтаанд. Иқлими ҳамвориҳо ва доманаи кӯҳҳо континентии мӯътадил, дар Ғ. сернамтар аст. Ҳарор. миёнаи январ аз −1°С то −4°С, июл аз 15°С то 18°С; дар Ҷ. то 25 — 27°С. Боришоти солона — 500—900 мм, дар кӯҳҳо — 1500—2000 мм. Қисми асосии ҳудуди Утришро ба ҳавзаи Дунай (ягона дарёи киштигард, дар хоки Утриш 350 км) ва интиҳои он (дар Ғарб) ба ҳавзаи Рейн мансуб аст. Аз баландиҳои 2700 м минтақаҳои яху барфҳои доимӣ сар мешаванд. Масоҳати умумии пиряхҳо ба 600 км2 мерасад. Дар Утртш наздики 580 кӯли пайдоишашон пиряхӣ (масоҳати умумиашон 400 км2) ҳаст. 38%-и масоҳати Утриш бешазор аст. Дар баландии аз 2000 то 2700 — 3000 м марғзорҳои алпӣ воқеъ шудаанд. Қабати набототии (рустанӣ) табииро инсон хеле тағйир додааст. То баландии 600—800 м байни дарахтзорон заминҳои кишт ва аз он боло бешазорони анбӯҳ ба назар мерасанд. Дар минтақаи бешазор, асосан дар мамнӯъгоҳҳо ва дар баландкӯҳҳо, хелҳои нодири ҳайвонҳои мансуби Урупо: шоҳгавазн, гавазн, оҳу, хирс, гуроз, уқоби кӯҳӣ, суғури алпӣ, бузи кӯҳӣ, рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ боқӣ мондаанд. Дар Утриш ба масъалаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти ниҳоят ҷиддӣ медиҳанд. Дар ин бора қонунҳои қотеъ қабул шудаанд (сатҳи зарарнокии партовҳо нисбати диг. кишварҳо пасттар муқаррар шудааст, барои безараргардонии онҳо чораҳои зиёд дида мешавад). Дар Утриш 40 мамнӯъгоҳ, паркҳои миллӣ, минтақаҳои ҳифзшаванда мавҷуданд (бештарашон дар кӯҳҳои Алп, бкзургтарини онҳо — Тауэрн, 800 км2 ; Нокберге, 216 км2).

Шумори аҳолӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

98%-и аҳолӣ — утришиҳо, 0,3 % — хорватҳо, 0,2 % — словениягиҳо, чехҳо, руминҳо, маҷорҳо, словакҳо, лӯлиҳо ва ғайра Нишонаи миёнаи умр — 79 сол (76 — мардҳо, 82 — занҳо), тарокуми мутавассаити ҷамъият 97,5 нафар дар 1 км², суръати миёнаи афзоиши ҷамъияти Утриш — 0,14 %. Аҳолии шаҳрнишин — 68 %. Забони давлатӣ — олмонӣ, 74 % аҳолӣ — католикҳо, 5 % — протестантҳо, 4,2 % — мусалмонҳо, 6,5 % — мӯътақидони динҳои дигар. Ҳамагӣ 12 намуд дин, аз ҷумла 3 ҳазор сик ба қайд гирифта шудаанд. Бузургтарин ташкилоти динии мамлакат — Калисои католикии Рум (71 % аҳолӣ). Солҳои 90 қарни 20 ҷамъияти Утриш аз ҳисоби муҳоҷирони Босния, Герсоговина, Хорватия, Сербистон, Туркия, Маҷористон, Лаҳистон ва Руминия зиёд гардид. Бештари аҳолӣ (70 %) дар ҳавзаи Вена, водиҳои Дунай ва Рейн, ҳамвориҳои Штирияю Бургенланд зиндагӣ мекунанд. Шаҳрҳои бузургтарини Утриш: Вен, Гратс, Линтс, Залтсбург, Инсбрук.

Ҳудуди Утриш аз давраи палеолит маскун шудааст. Асри биринҷӣ бо бозёфтҳои археологии қабилаҳои иллирӣ ва ибтидои. асри оҳан бо нумӯи тамаддуни Галштат муаррифӣ шудааст. Дар ҳудуди ҳозираи Каринтия қабилаи иллириҳо давлати келтҳоро бо номи Норик таъсис доданд. Аз охири садаи I то м. то садаи V м дар ҳайати давлати ғуломдории Рум буд. Дар ин аҳд роҳҳо сохта шуда, шаҳрҳои Виндобона (Вена), Ювавум (Залтсбург) ва ғайра таъсис ёфтанд. Дар давраи Муҳоҷирати бузурги халқҳо дар хоки Утриш қабилаҳои германӣ (асосан баварҳо) ва славянҳо (асосан словенҳо) сокин буданд, ки дертар аз онҳо халқи Утриш ташаккул ёфт. Ба қисми шарқии Утриш аварҳо ва маҷорҳо беист тохтутоз мекарданд. Дар охири садаи VIII заминҳои Утриш ба ҳайати давлати Франкҳо ва баъди пароканда шудани он (843) ба шоҳигарии Франки Шарқӣ (Германия) дохил шуданд. Дар Ш. ин сарзамин, ки онро охири садаи VIII императори Франкҳо Карли Кабир аз аварҳо кашида гирифт, Маркаи Авар, баъдтар Маркаи Шарқии Бавария (машҳур ба Маркграфии А.) ташкил ёфт. Дар садаи X, ҳангоми ҳукмронии маркграфҳои сулолаи Бабенбергҳо (976—1246) ин ҳудуд Утриш (Osterreich), яъне «вилояти шарқӣ» ном гирифт. Соли таъсиси давлати Утришро 1156 (вақте герсогигарии мустақил дар ҳайати империяи Рум шуд) меҳисобанд. Герсогҳои Утриш ба мулки худ Штирия, Каринтия, Крайна, Тирол, Форарлбергро ҳамроҳ карданд. Аз соли 1282 ҳукмронии сулолаи Габсбургҳо сар шуд (он то соли 1918 давом дошт). Габсбургҳо нияти тамоми Европаро таҳти ҳокимияти амалии хеш ва ҳокимияти маънавии Папаи Рум дар империяи ягонаи феодалию католикии фавқулмиллӣ муттаҳид кардан доштанд. Вале ландтагҳои мулкҳои мустақил (намояндагони сулола байни худ тақсим карда буданд) ҳеч ба ҳам намеомаданд. Ин иттиҳод танҳо дар аҳди Максимилиани I (ҳокими Утриш аз соли 1493, 1508 — 19 — император) муяссар гардид ва дар натиҷаи никоҳҳои сулолавӣ ба Утриш сарзамини Бургундия (Нидерландҳо), Испания бо мустамликаҳояш, Богемия (Чехия) ва Венгрия ҳамроҳ гардиданд. Дар аҳди наберагони Максимилиани I — Карли V ва Фердинанди I сулолаи Габсбургҳо асосгузори ду шохаи ҳукмронӣ — испанӣ ва утришӣ шуданд. Аз охири садаи XV дар Утриш аввалин муносибатҳои капиталистӣ сурат гирифтанд. Утриш, ки канданиҳои зиёди зеризаминӣ дошт, маркази саноати кӯҳкории Европа гардид. Ҳаракатҳои халқӣ ба муқобили калисои католикӣ, муборизаи зиддифеодалии деҳқонон (1594 — 1597) дар Утриши Болоӣ ва Поёнӣ ва Тирол (Чехия ва Венгрияи Ғарбӣ; 1626) ба сиёсати империявии Габсбургҳо зарбаи нахустин зад, ки ин ба ҷудошавии давлатҳои протестантӣ сабаб шуд. Кӯшиши Габсбургҳо дар роҳи барқарор кардани католитсизм (протестантизми ҳукмрон дар Чехия ва Венгрияро пахш карда) дар садаи XVII боиси ҷанги сисолаи (1618 — 1648) умумиаврупоӣ гардид ва дар натиҷаи он сиёсати империявӣ — католикии Габсбургҳо шикаст хӯрда, гегемонияи онҳо дар Европа ба охир расид. Охири садаи XVII ва ибтидои садаи XVIII ҳокимияти Габсбургҳо бо Имперотурии Усмонӣ ва Франсия ҷангҳо карда, аз нав қудрат гирифт. Дар ҷанги муқобили Имперотурии Усмонӣ (1683 — 1699) ва ҷанг барои тақсими мероси Испания сулола ба қисми зиёди Венгрия, Хорватия, Трансилвания, қисми ҷанубии Нидерландия (Белгия), баъзе қисмҳои Италия, Банат, Словения, Босния, Полша ва Буковина соҳиб гашт. Дар ибтидои садаи XVIII империяи Габсбургҳо муқтадиртарин дар Европа буд. Ҷанг барои тахту тоҷи Утриш (1740 — 48 ва 1756 — 63 — Ҷанги ҳафтсола) ба суқути иқтисодию сиёсӣ оварда расонд. Барои беҳ кардани ҳолат дар аҳди духтари Карли VI Мария Терезия (1740 — 80) ва писари ӯ Иосифи II як қатор ислоҳот гузаронида шуданд (ҷорӣ кардани гумруки ягона, ташкили мануфактураҳо, таҳкими хоҷагиҳои деҳқонӣ, такмили маориф, ҷорӣ кардани таҳаммулпазирӣ, озод кардани деҳқонон аз маҷбуриятҳо ва андозҳои гарон, маҳдуд кардани ҳуқуқҳои калисои католикӣ, ҷорӣ кардани забони ягонаи немисӣ дар тамоми қаламрав ва ғайра). Ин ҳама норозигии мухолифинро ба вуҷуд овард (инқилоби Брабант, 1789 — 90). Таъсири ғояҳои Инқилоби Франсия, шикаст дар ҷангҳои зидди Италия ва Германия (1796 — 1797 ва 1800 — 1801) ба сиёсати дохиливу хориҷии империяи Утриш таъсири амиқ расонд. Худро «Императори Утриш» эълон кардани Франси II (1804) ва аз ҷониби ӯ таҳти фишори Наполеони I барҳам додани империяи Рими Муқаддас (1806) барои муттаҳидшавии заминҳои Габсбургҳо аҳамияти калон дошт. Баъди мағлубияти Франсия Утриш пурқувват гардид, ба он қисми зиёди мулкҳои аз дастрафтааш баргардонда шуд. Баъди ба сари қудрат омадани К. Меттерних (вазири корҳои хориҷӣ аз соли 1809, канслер — 1821 — 24) сиёсати берунии империя тағйир ёфт. Ӯ нуфузи Утришро пойдор ва дар Иттиҳоди Германия барои кишвар нақши арзандаро таъмин кард. Император Франс Иосифи I (1848—1916) солҳои 1850 — 60 кӯшиш кард, ки давлатро мутамарказ намояд, пули ягона, системаи гумрукии ягона ва қувваҳои ҳарбии ягона ташкил кунад, аммо ҳамаи ин ва махсусан кӯшиши германикунонии ӯ норозигии миллатҳои дигари империяро ба вуҷуд овард. Ӯ маҷбур шуд сохти конститутсионӣҷорӣ кунад ва парламенти дупалатагӣ — рейхсрат таъсис диҳад. Аммо ба ин венгерҳо ва славянҳо зид баромаданд. Зарбаҳо дар соҳаи сиёсати берунӣ, бад шудани муносибат бо Россия, ҷанг бо шоҳигарии Сардиния ва Франсия, Пруссия ва Италия мутлақияти давлати Габсбургҳоро барҳам зад ва империяи ягона ба мутлақияти дугона, давлати дуалистии конститутсионии Утриш-Венгрия (созишномаи соли 1867) — монархияи Утриш-Венгрия (А.-В.) табдил ёфт. Нуфузи Венгрия норозигии миллатҳои дигар, махсусан чехҳоро бедор кард. Онҳо талаб мекарданд, ки ба Чехия ҳам ҳуқуқҳое, ки Венгрия дорад, дода шавад. Бӯҳрони соли 1873 сиёсати иҷтимоии қавиро тақозо мекард. Ин муддат дар Утриш марксизм васеъ паҳн мешавад. Соли 1848 дар Утриш инқилоби буржуазии демократӣ сар зад. Бо вуҷуди шикаст хӯрдани он баъзе дастовардҳо боқӣ монданд. Ислоҳоти аграрӣ (барҳам додани баршина, оброк ва ғайра) барои тараққии капитализм замина фароҳам овард. Вале соли 1867 баъди ташкил шудани Иттифоқи Германияи Шимолӣ мутлақияти Габсбургҳо мавқеи давлати бузургро аз даст дод. Бар ивази либерализми мавқеъбохта пайдо шудани ҳаркатҳои нав — ҳаракати миллӣ, сотсиал-демократӣ, христианӣ-сотсиалӣ ва махсусан таъсиси Ҳизби сотсиал-демократии Утриш (1888 — 89) баҳри мубориза барои ҳуқуқҳо (махсусан ҳуқуқи интихобот) замина ба вуҷуд оварданд. Дар ибтидои садаи XX дар А.-В. ҳаракати коргарӣ авҷ гирифт. Азбаски сиёсати хориҷии Австро-Венгрия аз пурзӯршавии ғасби Балкан иборат буд, Утриш соли 1908 Босния ва Гертсоговинаро ба худ ҳамроҳ кард. Соли 1891 Ҳизби христианӣ-сотсиалӣ чун тарғибгари «католисизми иҷтимоӣ» таъсис ёфт. Ин ҳизби майдабуржуазӣ то соли 1907 корпуси асосии интихобкунандагон буда, дар интихобот ғалабаи пайравонашро таъмин мекард. Утриш 28 июли 1914 ба Сербия, 6 август ба Россия ҷанг эълон карда, ҳамчун иттифоқчии Германия ба Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дохил шуд. Бо баста шудани Иттифоқи сегона бо Германия ва Италия ҳанӯз соли 1882 Австро-Венгрия ба маҷрои сиёсати берунии Германия афтода буд. Ба ғасби Балкан ҳам Австро-Венгрияро Германия водор карда, зиддияти ӯро бо Россия ва Сербия шиддат гиронд. Акнун ба Иттифоқи сегона блоки русӣ-англисӣ-франсавии Антанта муқобил гузошта шуда, ин ҷанг оғоз гардид. Мағлубият дар фронтҳо, бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар дохили мамлакат, таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр боиси корпартоии умумӣ гардиданд (январи 1918). Октябр — ноябри 1918 дар А.-В. Инқилоби буржуазӣ-демократӣ ғалаба кард. Императори охирини Австро-Венгрия Карли I аз тахт даст кашид. 12 ноябр Утриш республика эълон шуд. Давлати Габсбургҳо ба якчанд давлати мустақил ҷудо шуд (Венгрия, Чехословакия; як қисми ҳудуди собиқ Австро-Венрия ба Полша, Руминия ва Югославия гузашт). Республикаи Утриш, ки як қисми империяи футуррафта буду ҳудуди сарҳадии дақиқ надошт ва аз ҷанг хеле заъиф шуда буд, роҳи душвори худмуайянкуниро паси сар мекард. Бисёре аз қувваҳои сиёсӣ ба пойдор мондани Утриш бовар надоштанд. Сотсиалдемократҳои сари қудратомада (сардори ҳукумат К. Реннер) барои халос шудан аз оқибатҳои ҷанг, гуруснагии зимистонҳои 1918 — 1919 ва 1919 — 1920, инфлятсия ва бекорӣ дар масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва беҳ кардани вазъи заҳматкашон як қатор чораҳо андешид. Ҳизби христианӣ-сотсиалии соли 1942 ба сари давлатомада (сарвараш Й. Зайпел) низ прото­колҳои Женеваро оид ба қафо партофтани ҷуброни зарари ҷангҳо ва дода шудани қарз ба андозаи 650 млн крони тилоӣ ба Утриш ба имзо расонда, вазъи мамлакатро беҳтар кард. Аммо зиддияти ду ҳизби муқтадири Утриш — Ҳизби сотсиал-демократӣ бо ташкилоти Шутстбунд ва христианӣ-сотсиалӣ бо ташкилоти Хаймвер, ки ҳар яке қувваҳои мусаллаҳи худро доштанд, дар Вена июли соли 1927 зидди ҳам бархостанд ва дар он зиддият баромади коргарҳо пахш карда шуд. Моҳи майи 1930 Хаймвер аз демократия рӯй гардонда, бо доираҳои фашистӣ забон як кард. Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонии солҳои 1929 — 33 ҳолати иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоии Утришро бадтар кард. Соли 1932 ба сари ҳоки­мият намояндаи Ҳизби христианӣ-сотсиалӣ Э. Долфус омада, парламентро пароканда, озодии матбуот ва гирдиҳамоиҳоро бекор, фаъолияти ҳизби коммунистиро манъ кард. Режими нав аз ҷониби Италияи фашистӣ дастгирӣ мешуд. Феврали 1934, вақте ки отрядҳои Хаймвер мехостанд аъзои Шутстбунди парокандашударо беяроқ кунанд, коргарони Вена, Линтс ва дигар шаҳрҳо ба онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд. Шӯришгарон бераҳмона торумор шуданд, фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократии Утриш манъ шуд. Дар мамлакат фашизми утришӣ ғолиб гардид. Конститутсияи нави майи 1934 қабулшуда ба ҳукмронии авторитарӣ асос ёфта буд. Танҳо як ҳизб — «Фронти миллӣ» иҷозати фаъолият дошт. Июли 1936, баъди кушта шудани Долфус аз ҷониби миллатчиёни сотсиалист, ҳукумати канслери нав К. Шушниг бо Германия шартнома баст ва мувофиқи он Утриш расман соҳибистиқлол буд, вале амалан пайрави сиёсати Германияи гитлерӣ гардид. Феврали 1938 Гитлер аз Шушниг қатъӣ талаб кард, ки сарвари натсистони А. Зейс — Инкбарт ба ҳайати ҳукумат ворид карда шавад. Шушниг 13 март дар масъалаи аншлюс (ғасби Утриш аз ҷониби Германия) ё истиқлоли Утриш раъйпурсии умумӣ эълон кард. Аммо Гитлер раъйпурсиро бекор ва Шушнигро аз вазифа дур кард. Шаби 12 марти 1938 қӯшунҳои Гитлер ба Утриш даромаданд ва он ба рейхи Германия ҳамроҳ карда шуд. Дар давоми 7 сол Утриш музофоти Германияи натсистӣ буд. Фашизми Германия дар рафти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз захираҳои бойи Утриш истифода бурд. Бештар аз 1,5 млн утришиҳо ба қӯшунҳои фашистӣ сафарбар шуданд. Ҳазорҳо нафар мардуми Утриш қурбони террори фашистӣ гардиданд. Айни замон коммунистон ва гурӯҳҳои сиёсии дигар муборизаи пинҳонии зиддифашистӣ мебурданд, вале ҳаракати Муқобилат оммавӣ нагардид. Соли 1943 дар Москва, дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои (паймони) зиддигитлерӣ — СССР, ШМА ва Британияи Кабир оид ба А. Эъломия ба имзо расонданд. Дар он гуфта шудааст, ки се давлат мехоҳанд Утришро барқароршуда, озод ва соҳибистиқлол бинанд. Марти 1945 қӯшунҳои советӣ аз сарҳади Утриш гузаштанд ва 13 апрели 1945 Венаро озод карданд. Утриш ба чор минтақа: советӣ, америкоӣ, англисӣ ва франсавӣҷудо карда шуд. Дар ҳудуди Утриш ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд. Апрели 1945 дар Вена Ҳукумати Муваққатии Утриш (бо сарварии Реннер) ташкил ёфт. Ҳокимияти Олӣ дар дасти Шӯрои иттифоқчиён буд (иборат аз 4 Комиссари олии чаҳор кишвари ишғолгар). Утриш дубора Республика эълон шуд. Соли 1948 ҳукумат барои иштирок дар Нақшаи Маршалл созишнома имзо кард, ки ин барои беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ зарур буд. Ҷиноят­корони ҳарбӣ маҳ кум ва собиқ аъзои ҳизби натсистӣ аз вазифа озод карда мешуданд. Ҳукумат баъди интихоботи парламенти соли 1949 аз Ҳизби халқии Утриш ва Ҳизби сотсиалистии Утриш ба хотири пешрафт «коалитсияи калон» таъсис дод. Ҳукумати Советӣ солҳои 1953 — 54 барои сабук кардани тартиботи ишғолӣ дар Утриш як қатор тадбирҳо андешид. 15 майи 1955 бо ташаббуси Иттифоқи Советӣ дар Вена намояндагони ИҶШС, ШМА, Англия, Франсия ва Утриш дар бораи барқарор кардани Утриши мустақил ва демократӣ ба Шартномаи давлатӣ имзо карданд ва мувофиқи он истилои Утриш аз байн бардошта шуд. 26 октябри 1955 парламенти Утриш дар бораи бетарафии доимии Утриш қонуни конститутсионӣ қабул кард. Вай мувофиқи ин қонун уҳдадор шуд, ки ба ҳеч гуна иттифоқи ҳарбӣ дохил намешавад ва дар ҳудуди худ ба барпо кардани базаҳои ҳарбии хориҷӣ роҳ намедиҳад. Шартномаи давлатӣ Утришро ҳамчун давлати соҳибихтиёри мустақил ва демократӣ барқарор кард. Мамлакатҳое, ки ба Шартномаи давлатӣ имзо карданд, уҳдадор шуданд, ки истиқлол ва якпорчагии ҳудуди Утришро эътироф мекунанд. Сиёсати бетарафии доимии Утришро бештари давлатҳои дунё муҳтарам мешуморанд. Утриш соли 1957 Созишномаи европоии ҳифзи ҳуқуқи инсонро имзо кард. Солҳои 60 садаи XX давраи рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи зиндагии ҳама қишрҳои аҳолӣ буд. Баъди интихоботи соли 1966 Ҳизби халқии Утриш (ҲХА) ба ташкили ҳукумати якҳизбӣ ноил шуд. Дар зарфи 13 соли ҳукмронии Ҳизби сотсиалистии Утриш (ҲСА) таҳти сарварии Б. Крайский, ки дар интихоботи соли 1970 ғолиб омада буд, дар соҳаи иқтисод, ҳуқуқ, қонунбарории иҷтимоӣ, маориф ва ғайра таҳаввулот эҳсос шуд. Утриш дар миёнаи солҳои 70 садаи XX ба бӯҳрони энергетикӣ гирифтор шуд. Барои баланд нарафтани сатҳи бекорӣ ва оромии иҷтимоӣҳукумат ба баровардани вомбарг рӯ овард ва қарзи давлатиро зиёд кард. Аз соли 1977 мушкилоти иқтисодӣ бештар шуд. Дар як қатор кашмакашҳои сиёсӣ, ки ба он сотсиалистон ҳамроҳ буданд, обрӯи ҲСА коста гардид ва он дар интихоботи соли 1983 ғалаба накард. Ҳукумати нави коалитсионӣ боз бо ҳамдастии ду ҳизб — ҲСА ва ҲХА то соли 2000-ум фаъолият кард. Дар ин давра рушди иқтисод, ҷалби инвеститсия, болоравии шуғли аҳолӣ назаррас буд. Вобаста ба тағйироти куллии дар тамоми Европа ба амаломада, солҳои 1980 — 90 сиёсати бетарафии Утриш бештар мавриди баҳс қарор гирифт. Баъзе сиёсатмадорон тарафдори ворид шудани Утриш ба НАТО мебошанд. Аммо Қонуни федералии конститутсионии Утриш оид ба бетарафии доимӣқонуни амалкунанда аст. Масъалаи муҳоҷирон, ки охири солҳои 90 садаи XX-ум 9%-и аҳолиро ташкил медод, низ ба мадди аввал баромад — масалан, эътирозҳои зиддимуҳоҷиратии Ҳизби озоди Утриш (ҲОА), ки торафт нерӯ мегирад. Азбаски дар парламенти Утриш ду ҳизби муқтадир — ҲСА ва ҲХА солҳои зиёд бартарӣ доштанд, дар парламенти кишвар шароити нав ба вуҷуд омад: дар ин мақом се фраксияи гурӯҳи калон — ҲСА, ҲХА, ҲОА ва ду гурӯҳи нисбатан хурд (яке «сабзгароён») ташкил шуданд. Соли 2000 ҲХА аввалин бор бо ҲОА паймони ҳукуматӣ ташкил дод. Сиёсати берунии Утриш дар чорчӯбаи Ҳамраъйии Европа пеш бурда мешавад. Январи 2009 Утриш дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид намояндаи муваққатӣ (дар солҳои 2009 — 10) буд. Ҳизбҳои асосӣ ва иттифоқҳои касаба: Ҳизби сотсиалистии Утриш (ҲСА), ки шомили Интернатсионали сотсиалистӣ аст; Ҳизби халқии Утриш (ҲХА); Ҳизби озодии Утриш (ҲОА). Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи Утриш 14 иттифоқи соҳавиро дар бар мегирад. Мақоми марказии доираҳои расмии иқтисодӣ — Палатаи федералии иқтисод мебошад.

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соҳаи ҳарбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қувваҳои мусаллаҳ. Азбаски Утриш давлати бетараф аст, қувваҳои мусаллаҳаш аз қӯшунҳои пиёданизоми камшумор ва қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ иборат мебошанд. Соҳаи мудофиаи миллӣ зимни иҷрои Шартномаи давлатии соли 1955 қабулкардаи Утриш, ки доштани яроқи ядроӣ, химиявӣ ва биологиро манъ мекунад (манъи дигар намудҳои махсуси силоҳ соли 1990 бекор карда шудааст), танзим мегардад. Сарвари қувваҳои мусаллаҳ Инспектори генералӣ мебошад, ки таҳти фармони Вазири мудофиаи миллӣқарор дорад (шахси гражданӣ, намояндаи ҳизби ҳукмрон). Синни даъвати ҳатмӣ ба сафи артиш — аз 18-солагӣ, кироя — аз 16-солагӣ, муҳлати хидмат — 6 моҳ (аз 2007) муайян шудааст. Сарфи маблағ ба соҳаи мудофиа 1,5 млрд доллари амрикоӣ (0,8%-и Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилӣ).

Утриш мамлакати индуст­риявию аграрии ба дараҷаи баланд тараққикардаи Европа мебошад. Иқтисодиёти он бо давлатҳои Европаи Ғарбӣ алоқаи зич дорад. Ҳаҷми ММД 245,5 млрд долларро ташкил медиҳад, ки 33%-и он ба ҳиссаи маҳсулоти саноат, 2 % ба кишоварзӣ ва 65 % ба соҳаи хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо рост меояд. Яке аз хусусиятҳои хоси иқтисодиёти баъдиҷангии Утриш аз он иборат буд, ки ҳиссаи сектори давлатӣ дар он мавқеи асосиро ишғол мекард. Утриш барои дохил шудан ба Иттиҳоди Европа барномаи васеи хусусигардонии соҳаҳои саноатиро қабул кард, ки он ба ҷалб намудани инвеститсияҳои хориҷӣ имкон дод. Ҳоло дар Утриш 1,5 млн тона нефт, 1,5 млрд м3 гази табиӣ, қариб 1,5 млн т ангишти сиёҳтоб, зиёда аз 2 млн т маъдани оҳан, қариб 250 ҳазор т руҳу сурб, зиёда аз 1 млн тона магнезит истихроҷ мекунанд. Дар Утриш 1900 нерӯгоҳи барқӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар Утриш ҳамагӣ 65 % иқтидори энергетикии захираҳои обӣ истифода мешавад.

Соҳаи саноат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар саноати мамлакат мавқеи мошинсозӣ хеле калон аст. Ин соҳа зиёда аз 1500 корхонаҳои гуногунро муттаҳид сохта, дар онҳо 190 ҳазор нафар кор мекунанд. Вена маркази бузурги мошинсозӣ аст. Саноати химия низ соҳаи муҳим буда, дорои бештар аз 700 корхона аст ва дар он қариб 56 ҳазор коргар кор мекунад. Маҳсулоти асосии соҳа: доруворӣ, нуриҳои минералӣ, локу ранг, каучуки синтетикӣ ва ғайра Гарчанде Утриш захираҳои зиёди ҷангал дорад, маҳсулоти хомро барои соҳаи коркарди чӯб, истеҳсоли мебел, коғазу селлюлоза аз Европаи Шарқӣ ворид мекунад. Соҳа зиёда аз 600 корхона ва қариб 50 ҳазор нафар коргар дошта, маҳсулоти тайёрро ба Япония, Италия ва Германия содир менамояд. Мавқеи саноати металлургӣ низ дар иқтисодиёти Утриш бузург аст. Металлургияи сиёҳ ба истеҳсоли пӯлоди баландсифат махсус гардонида шудааст (соле 4 млн т пӯлод ва 3,5 млн т прокат). Линтс, Утриши Болоӣ, Леобен марказҳои асосии истеҳсоли чӯян ва коргоҳҳои намудҳои дигари прокат мебошанд. Аз соҳаҳои металлургияи ранга ҷойи асосиро истеҳсоли алюминий ишғол менамояд. Корхонаи Рансхофен калонтарин муассисаи истеҳсоли алюминий дар Европаи Ғарбӣ мебошад. Корхонаҳои саноати бофандагӣ ба истеҳсоли нахи пахтагин ва нахҳои сунъӣ, матоъҳои пахтагӣ, пашмӣ, синтетикӣ ва қолинбофӣ тахассус ёфтаанд. Маркази асосии он дар ҷан. Вена — Форарлберг воқеъ буда, асосан аз корхонаҳои хурд иборат аст.

Утриш дорои соҳаи комплекси агросаноатии ба дараҷаи баланд инкишофёфта низ мебошад. Аз тамоми заминҳои кишоварзӣ (3,5 млн га) киштзор — 40 %, марғзору чарогоҳ — 57 % ва майдони токзор 1,6%-ро ташкил медиҳад. Дар бахши аграрӣ зиёда аз 300 ҳазор хоҷагӣ фаъолият дорад. Дар Утриш кооперативҳои хоҷагии деҳот хеле инкишоф ёфтааст. Чорводорӣ низ тараққӣ кардааст: парвариши чорвои калони шохдори зотӣ, истеҳсоли гӯшт, маҳсулоти гӯшту ширӣ. Кишоварзӣ бештар дар Шимоли мамлакат ривоҷ ёфтааст. Асосан ғалладона (гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка), сабзавот, бештар лаблабуи қанд ва картошка кишт мекунанд. Токзорҳо боиси тараққиёти шароббарорӣ (52 ҳазор га, соле 2,34 млн геколитр май истеҳсол мекунанд шудааст. Утриши Поёнӣ (60%-и истеҳсоли умумӣ), Бургеланд (33 %) ва Штирия (5 %) ноҳияҳои асосии соҳа мебошанд. Иқлими хуби Утриш барои тараққии боғдорӣ (3,2 млн га) мусоид аст. Бештар аз 42%-и масоҳати мамлакат бешазор аст. Соле 13,3 млн м чӯбу тахта тайёр мекунанд.

Шабакаи нақлиёти Утриш яке аз беҳтарин дар Европа ҳисоб меёбад. Дарозии умумии хати Роҳи оҳани федералӣ — 6,2 ҳазор км буда 3,5 ҳазор км-и он электронида шудааст. Соле ба воситаи роҳи оҳан зиёда аз 75 млн т бор ва қариб 185 млн мусофир кашонида мешавад. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард — 200 ҳазор км, автомагистралҳо — 1613 км. Аҳамияти роҳҳои оҳани ағбаҳои кӯҳҳои Алп бузург аст. Чаҳор ағба аҳамияти транзитӣ доранд: ағбаи Бреннер (дар сарҳади Италия, равуо бо Италия ва Германия), ағбаи Земмеринг (ҳавзаи Венаро бо водиҳои Мур ва Мюрте мепайвандад ва то ба Словенияю Италия мерасад); ба воситаи ағбаҳои Фрин ва Тауэрн роҳҳо ба самти ҷанубу шарқӣ кашида шудаанд. Кушода шудани сарҳадҳо дар доираи Иттиҳоди Европа боиси баландшавии миқдори нақлиёти транзитӣ ва бад шудани вазъи экологӣ гардид. 55 аэропорти Утриш соле 15 млн мусофир ва 126 ҳазор т бор (бе дарназардошти интиқоли почтавӣ) мекашонанд. Бузургтарин аэропорти А. — Швехат (Вена). Дар Утриш сайрхатҳои велосипедӣ зиёданд. Нақлиёти кӯҳӣ — фуникулёр, лифтҳо, роҳҳои симӣ низ ривоҷ ёфтааст. Дарозии роҳҳои дохилии обӣ 358 км буда, соле 10 млн т бор ва зиёда аз 500 ҳазор мусофир мекашонад. Бандарҳои асосии обии А: Вена, Линтс, Энс, Кремс. Нақлиёти қубурӣ (қубурҳои газ, нефт ва масолеҳи нефтӣ) соле 14 млрд т-км маҳсулотро интиқол медиҳад. Робитаи иқтисоди берунаи Утриш: соли 2005 арзиши умумии содирот 83,4 млрд доллар, воридот — 81,6 млрд доллари ШМА-ро ташкил намуд. Қариб 44%-и содирот ва 40%-и воридот ба маҳсулоти мошинсозӣ, таҷҳизот ва лавозимоти нақлиёт, боқимонда ба маҳсулоти химиявӣ, ашёю маҳсулоти дигар рост меояд. Зиёда аз 65%-и савдои берунии Утриш бо давлатҳои Иттиҳоди Европа ба амал бароварда мешавад. Туризм дар иқтисодиёти Утриш аҳамияти бузург дорад (9,1%-и ММД), ба Утриш соле зиёда аз 18 млн сайёҳони хориҷӣ омада, бештар аз 12 млрд доллар даромад меоваранд. Ҳоло дар Утриш 70 ҳазор ташкилоти миёна ва хурди сайёҳӣ фаъолият доранд ва дар онҳо 350 ҳазор нафар кор мекунанд. Солҳои охир бисёр шаҳраку деҳаҳои Утриш ба курортҳои бузурги аврупоӣ табдил ёфта, собиқ деҳотиён бо соҳибкории соҳаи туризм ва меҳмонхонадорӣ машғуланд. Утриш кишвари анъанавии туризми зимистона ва лижаронии кӯҳӣ ба шумор меравад. Ҳар сол дар кӯҳсори он зиёда аз 8 млн сайёҳ сайр мекунанд. Дар ҳудуди Утриш 8 масдари ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО воридшуда воқеъанд: ансамбли қасри Шёнбрунн (Вена), марказҳои таърихии Вена, Залтсбург ва Гратс; аввалин дар ҷаҳон роҳи оҳани кӯҳии Земмеринг, водии Вахау, кӯли Нойзидлер-Зе; осори зиёди таърихии санъати меъморӣ, калисову дайрҳо ва ғайра. Тандурустӣ. Ба соҳаи тандурустӣ дар Утриш 8%-и ММД сарф мешавад. Дар мамлакат 320 беморхона, 36 ҳазор духтур ба ҳисоб гирифта шудааст, ки 44%-и онро духтурони махсуси соҳавӣ ташкил медиҳанд.

Дар Утриш соҳаи маориф бо қонунҳои махсус танзим мегардад. Ба ин соҳа 5,4%-и ММД равона карда мешавад. Дар мамлакат мактабҳо давлатӣ ва хусусианд. Наздики 10%-и мактабҳои ибтидоию хусусӣ ба Калисои католикии Рум тааллуқ доранд. Таҳсил дар мактабҳои миёнаи давлатӣ ройгон аст. Таҳсил аз 6-солагӣ шурӯъ шуда, 4 сол дар мактаби ибтидоӣ (Volksschule) ва 5 сол дар мактаби асосӣ (Hauptschule) анҷом дода мешавад ва ин маълумоти миёнаи нопурра ҳисоб меёбад. Маълумоти миёнаи пурраро хонандагон дар мактаби миёна ё гимназия мегиранд. Ҳоло дар Утриш қариб 4 ҳазор мактаби ибтидоӣ ва 1,9 ҳазор мактаби миёна амал мекунад. Дар мамлакат системаи омӯзиши касбӣ хеле равнақ ёфтааст ва муддати таҳсил дар онҳо 3 сол аст. Маълумоти олӣ бештар дар донишкадаҳои давлатӣ дода мешавад ва дар мамлакат 12 донишгоҳ, 6 академияи мусиқию санъат ва коллеҷҳо мавҷуданд. Калонтарин донишгоҳҳо: Донишгоҳҳои Вена (1365), Гратс (1585) ва Инсбрук (1669). Таҳсил дар донишгоҳҳои Утриш то соли 2001 ройгон буд, чанд муддат баъди таъсиси муассисаҳои таълимоти олии хусусӣ пулакӣ шуд ва аз соли 2009 боз бепул аст. Донишҷӯёни хориҷӣ дар як семестр 363,36 евро маблағ месупоранд. Таҳсили донишҷӯёни раводиди дарозмуддат дошта ва муҳассилини Донишгоҳи Вена — шаҳрвандони Арманистон, Белоруссия, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон бепул аст. Дар Утриш системаи (шабакаи) махсуси китобхонаҳои миллӣ (наздики 2600 адад) ба роҳ монда шудааст. Китобхонаҳои калонтарин: Китобхонаи миллии Утриш (наздики 6 млн воҳиди хазинавӣ) 2,6 млн нусха китобҳо — коллексияҳои махсуси ки­тобҳои нодир, дастхатҳо, асарҳои ба забони эсперанто эҷодшуда ва ғайра дорад. Китобхонаҳои донишгоҳҳои Вена ва Гратс дорои фондҳои бузурганд. Осорхонаҳои асосии мамлакат дар Вена воқеанд: Нигористони Академияи санъати тасвирӣ, Хазинаи Габсбургҳо дар маҷмааи Хоббург (мусаввараҳо, сиккаҳо, силоҳ, сарулибос, гардунаҳо ва ғайра), Осорхонаи созҳои мусиқӣ, Осорхонаи таърихи санъат, Нигористони Албертин (бойтарин дар ҷаҳон маҷмӯи расмҳо ва асарҳои графикӣ), Нигористони Белведер (мусаввараҳои беҳтарин), Осорхонаи санъати муосир. Дар Утриш як қатор осорхонаҳои мавзӯӣ: санъати барокко, санъати аспсавории испанӣ, театр, ҳарбӣ, таърихи трамвай, техникӣ ва ғайра мавҷуданд. Музейи давлатии яҳудиён дар Эйзенштадт ғанитарин экспозитсияи Европа оид ба таъриху санъати ин халқҳисоб меёбад. Дар Утриш музейҳои мемориалӣ (ёдгорӣ) зиёданд: музейҳои Л. Бетховен, И. Гайдн, В. Мотсарт, Ф. Шуберт, З. Фрейд, И. Штраус ва ғайра.

Дар Утриш ба инкишофи илм диққати махсус дода мешавад. Бо тадқиқоти илмҳои фундаменталӣ Академияи илмҳои Утриш (соли таъсисаш 1847), донишкадаҳо, коллеҷҳои махсусгардонидашуда, институтҳои тайёрии касбӣ машғуланд. Муассисаҳои машҳури илмии мамлакат: Институти марказии метеорология ва геодинамика, Институти тадқиқоти геологӣ, Институти федералии тадқиқоти соҳаи тандурустӣ, Агентии федералии тадқиқоти муҳити зист. Институтҳо ва марказҳои тадқиқотии хусусӣ низ ҳастанд. Муассисаҳои тадқиқотии Утриш бо бисёр марказҳои илмии давлатҳои Иттиҳоди Европа — Агентии тадқиқоти коинот дар Европа, Ташкилоти европоии тадқиқоти ядроӣ, Лабораторияи биологияи молекулярии Европа, ЮНЕСКО ва ғайра. равобити илмӣ дорад. Дар Вена Агентии байналхалқии энергияи атом (МАГАТЭ) мавҷуд аст, ки бо ибтикори он ду лабораторияи илмӣ-тадқиқотии физикаи ядроӣ таъсис дода шудааст. Матбуот, радио, телевизион. Дар Утриш матбуоти даврӣ хеле инкишоф ёфтааст. Рӯзе 3 млн нусха рӯзнома (беш аз 20 номгӯй) нашр мешавад; машҳуртаринашон: «NeveKronenzeitung», «Kurier», «KleineZeitungGraz». 2788 маҷалла ба табъ мерасад (аз ҷумла, «DieGanzeWoche», ҳафтавор, 352 ҳаз. нусха; «News», 276 ҳазор нусха). Агентии миллии иттилоотӣ — Агентии матбуотии Утриш мебошад. Радиошунавонӣ ва телевизион дар Утриш аз ҷониби Компанияи «OsterreichischerRundfunk» (ORF) идора мешавад. 163 пойгоҳи радио, 45 шабакаи телевизионии давлатӣ ва телевизиони тиҷоратии «ATV» фаъолият доранд.

Адабиёти Утриш садаи XII ба вуҷуд омадааст. Адабиёти динӣ ба забони лотинӣ инкишоф меёфт. «Достони Нибелунгҳо» ба давраи нашъунамои маданияти ритсарии Вена тааллуқ дорад; дар асрҳои 12 — 13 миннезингерҳо (ғазалсароёни ритсарӣ) шуҳрат доштанд. Асарҳои Валтер фон дер Фогелвейде (1170—1230) бо сурудҳои халқӣ алоқаи қавӣ доштанд. Дар ин давра насри ҷавонмардӣ низ ривоҷ ёфт («Дар хидмати бону»-и У. фон Лихтенштейн). Дар асрҳои 13 — 14 адабиёти ҳаҷвии бюргерӣ пайдо шуд (достонҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ — шванка). Шоир, драматург ва муаррих Конрад Тселтис (1439—1508) ифодакунандаи ғояҳои давраи Эҳё дар адабиёти Утриш гардид. Адабиёти садаи XVI зери таъсири сиёсати Габсбургҳо ва католитсизм буд. Дар ин давра мистерияҳо ва драмаҳо бештар дар мавзӯъҳои динӣ гузошта мешуданд. Дар асрҳои 17 — 18 Й. Странитский дар асарҳои худ анъанаҳои реалистии театри халқиро инкишоф медиҳад. Дар охири садаи XIX — аввали садаи XX ба адабиёт ҷараёнҳои навтарини фалсафӣ — махизм ва фрейдизм роҳ ёфтанд. Ҷараёни асосии нимаи аввали садаи XIX романтизм гардид. Романтизми Утриш дар эҷодиёти драматург Ф. Грилпарсер хусусияти хоси миллӣ пайдо кард. Романтизми инқилобӣ дар назми Н. Ленау бештар зоҳир гардид. Пайдоиши реализм дар наср ба солҳои 50 садаи XIX мансуб аст (роман ва новеллаҳои А. Штифтер). Фалсафаи субъективии идеалистии Э. Мах равияи «модерн»-и Венаро ба вуҷуд овард (Г. Бар, П. Алтенберг, Р. Шалкал, Г. Гофманстал, А. Шнитслер). Дар ибтидои садаи XX лирикаи Р. М. Рилке ва Г. Тракл ба авҷи инкишоф расид. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар адабиёти Утриш экспрессионизм мавқеи асосӣ ишғол кард. Экспрессионистҳои тараққипарвар дар атрофи Ф. Верфел ва Э. Фридел, экспрессионистони иртиҷоӣ дар атрофи М. Брод ҷамъ омаданд. Дар байни ду ҷанги ҷаҳонӣ эҷодиёти пурихтилофи Ф. Кафка, Р. Музил, Г. Брох ва И. Рот инкишоф меёбад. Романи ҳаҷвӣ (Э. Канетси, Г. Мейринк) нашъунамо мекунад. Эҷодиёти С. Свейг, ки устоди новеллаҳои психологӣ буд, ба солҳои 20 садаи XX тааллуқ дорад. Дар давраи зӯран ба Германияи фашистӣҳамроҳ кардани Утриш бисёр нависандагони пешқадам муҳоҷират карданд (Рот, Музил, Свейг, Брох). Адабиёти Утриш баъди аз истилои фашистӣ озод шудан ба давраи нави инкишоф қадам ниҳод. Ғояҳои пешқадам дар эҷодиёти Б. Фрей, Г. Гуперт, Э. Пристер садо медиҳанд. Дар солҳои 50 — 60 садаи XX насрнависони бомаҳорат Х. Айзенрайх, Ф. Гумлер, Ф. Каин, шоирон И. Бахман, А. Окопенко, Г. Артман, В. Шмид ба арсаи адабиёт қадам ниҳоданд. Солҳои 60 садаи XX тамоюлҳои авангардӣ авҷ гирифтанд. Ба инқилоби идрокии ҷавонони ин давр асарҳои Т. Бернхард ва П. Хандке ҳамоҳанг буданд. Минбаъд ба адабиёти Утриш бештар мавзӯъҳои шахсӣ, азиятҳои рӯҳии қаҳрамонон ворид шуданд. Дар охири садаи XX — аввали садаи XXI адибон ба суннату арзишҳо ва анъаноти гузашта рӯй меоварданд (К. Райесмар, П. Туррини). Мубориза барои баробарии ҳуқуқи занон бо мардон дар насри Б. Фришмут ва Э. Елинек мушоҳида мешавад. Элфрида Елинек соли 2004 соҳиби Мукофоти Нобел гардид.

Меъморӣ, санъати тасвирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Меъморӣ, санъати тасвирӣ дар Утриш ёдгориҳои санъати давраи ибтидоӣ («Зӯҳраи виллендорфӣ», палеолит; тамсилаи гардунаи маданияти давраи галштат, Штирия) ва мансуби маданияти Руми Бостон (боқимондаи харобаҳои назди Клагенфурт ва Петронел), маданияти асримиёнагии романӣ (асрҳои 11 — 13, калисоҳои Гурке ва Зеккау) ва готика (асрҳои 13 — 15, калисои ҷомеи Стефани валӣ дар Вена) боқӣ мондаанд. Дар ин давраҳо омезиши маданияти немисҳо, италиявиҳо ва венгерҳо мушоҳида мешавад. Маданияти давраи Эҳё, ки садаи XV дар меҳробҳои калисо (М. Пахер) зуҳур мекард, дар садаи XVI инкишоф ёфт (биноҳои шаҳрҳо, қасрҳо, муҷассамаҳои офаридаи А. Пилграм, мусаввараҳои В. Хубер). Ривоҷи санъати Утриш ба услуби бароккои асрҳои 17 — 18 алоқаманд аст (меъморон И. Б. Фишер фон Эрлах, Л. Хилдебранд, муҷассамозон Б. Пермозер, Р. Доннер ва дигар). Дар садаи XIX дар меъморӣклассисизм ба эклектизм ва нақшу ороиши зоҳирӣ (Г. Земпер, К. Харенауэр), дар наққошӣ ба самимияти романтикӣ (И. А. Кох, М. Швинтс) иваз мешавад. Дар асрҳои 19 — 20 услуби «модерн» (меъморон Й. Олбрих, О. Вагнер, Й. Хофман, наққош Б. Клинт) ба вуҷуд омада, баъд дар меъморӣ мавқеи худро ба функсионализми замонавӣ дод (А. Лоз, Й. Франк, Р. Райнер). Дар меъмории муосир бинои Агентии байналхалқии энергияи атом (МАГАТЭ) ва VienaInternational Center — дар Вена зуҳуроти олии ин ҳунаранд. Дар наққошӣ ва графика реализми тахайюлӣ (Э. Шилс, О. Кокошка, А. Кубин), дар муҷассамасозӣ — абстраксионизм (Ф. Вотруба) инкишоф ёфтанд. Г. Хелнвайн, А. Райнер ва Ф. Хундертвассер рассомони машҳури ҳозира мебошанд.

Мусиқӣ ва театр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хусусияти маданияти мусиқии Утриш ба сермиллатии ҳайати он ва таъсири маданияти мухталиф, аз ҷумла маданияти мусиқии олмонӣ, чехӣ, маҷорӣ, хорватӣ, итолиёӣ ва ғайра вобаста мебошад. Маданияти мусиқии халқии Утришро аз ибтидои асрҳои миёна ҳофизони оворагард (штилманҳо), баъд вагантҳо — мактабиён, роҳибон ва муаллимони калисоҳо паҳн мекарданд. Нахустин асарҳои бисёровозаи халқӣ охири садаи XIV ба миён омадаанд. Дар ибтидои садаи XVI. намоишҳои оммавии донишҷӯён якҷоя бо хор ва рақс ба ҳукми анъана медарояд. Солҳои 40 садаи XVII дар Вена операи «дарборӣ» ба вуҷуд омад. Дар саҳнаи театри императорӣ (соли таъсисаш 1652, ҳоло Бургертеатер) операҳои бастакорони италиявӣ (А. Чести, Н. Порпора, А. Салйери ва дигар) гузошта мешуданд. Дар садаи XVII сурудҳои ба ном «демократӣ» ва мусиқии созӣ инкишоф ёфт. Дар байни композиторони бузурги садаи 18 И. Фукс мавқеи намоён дорад. Комёбии олитарини маданияти мусиқии Утриш дар давраи маорифпарварӣ бо равияи классикии Вена (аз нимаи дуюми садаи XVIII) алоқаманд аст, ки асосгузори он К. В. Глюк, И. Ҳайдн, В. А. Мотсарт ва Л. Бетҳовен буданд. Ф. Шуберт дар нимаи якуми садаи XIX саромади равияи романтикӣ дар мусиқии Утриш гардид. Намояндаи романтизми сонӣ Г. Волф дар нимаи дуюми садаи XIX жанри сурудро инкишоф дод. Композитори барҷастаи симфониянависи утришӣ А. Брухнер ҳамроҳи бастакори немис И. Брамс дар инкишофи мусиқии симфонии Европа нақши муҳим бозид. Утриш ватани валс аст (асри 19, Й. Ланнер ва авлоди Штраусҳо). Дар асрҳои 19 — 20 машҳуртарин намояндаи мусиқии симфонии Вена Г. Малер буд, ки ғояҳои инсонпарварӣ ва навоварии ӯ ба инкишофи жанри симфонӣ таъсири калон расонданд. Аз ҳунармандони замони охири санъати мусиқӣ Й. Завинула (намояндаи поп ва рокмусиқӣ) ва Томас Ланг (созҳои зарбӣ) хеле машҳуранд. Ду ҷанги ҷаҳониро паси сар карда театр дар Утриш асоси эҳёи рӯҳии мамлакат гардид. Соли 1920 дар Залтсбург Фестивали якуми байналхалқии театр кушода шуд, ки онро «Маккаи театрӣ»-и Европа меномиданд. Режиссёр М. Рейнхардт анъанаҳои театри халқии утришиҳо ва театри калисоиро ба ҳам оварда, дар «Театер ин дер Йозефштадт»-и Вена татбиқ кард ва ин услуб то ба имрӯз роиҷ аст (режисёр Х. Лонер). «Пйесаҳои халқӣ»-и Э. фон Хорват, Ф. Чокора, Ф. Хохвелдер, драмаҳои пурэҳтироси Ф. Верфел, Ф. Брукнер, пйесаҳои психологии А. Шнитслер, мистерияҳои Гофманстал, Ф. Браун, А. Беннинг дар даҳсолаи охири садаи XX дар ҷаҳон эътироф шудаанд. Дар Утриш санъати балет низ хеле инкишоф ёфтааст (аз садаи XVI маншаъ мегирад). Дар саҳнаи «Театер ан дер вин», «Фолксопер» асарҳои бузурги ҷаҳонӣ гузошта мешаванд. Ҳунармандони машҳури соҳаи балет оилаҳои Френсл, Биркмайер, Музил, Э. Брекснер. мебошанд. Ҳамаи шаҳрҳои калони Утриш театрҳои худро доранд.

Кино Аввалин кинотеатр дар Вена соли 1903 кушода шудааст. Режиссёрон А. Колм ва Я. Флек нахустин филмҳои кӯтоҳметражи худро таҳия кардаанд. Нимаи аввали солҳои 20 садаи XX санъати кинои Утриш рӯ ба тараққӣ ниҳод («Шоҳзода ва Гадо», 1920; «Самсон ва Далила», 1922); солҳои 30 филмҳои мусиқӣ таҳия мешуданд («Муҳаббати бузург», 1932). Солҳои ғасби Утриш аз ҷониби Германия истеҳсоли филмҳо қатъ гардид, вале баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз нав нерӯ гирифт. Мисли пештара бештар филмҳои мусиқӣ, баъдтар филмҳои тарҷумаиҳолӣ, мелодрамаҳо, филмҳои мазҳакавӣ ва детективӣ наворбардорӣ мешуданд. Солҳои 60 садаи XX соҳа каме таназзул карда, солҳои 70 — 80 боз равнақ ёфт (филмҳои «Афсонаҳои бешазори Вена», 1979, режиссёр М.Шелл; «Ралф», режиссёр К. Бергер, «Кишвари дур», режиссёр Л. Бонди). Максимилиан ва Мария Шелл, О. В. Фишер, Р. Шнейдер, Х. Бергер актёрони шуҳрати ҷаҳонидоштаи санъати кинои Утриш мебошанд. Филмҳои машҳури солҳои охир: «Бозиҳои шавқовар» (1957), «Пианинонавоз» (2001). Дар шаҳри Велси Утриш ҳар сол «Рӯзҳои кинои Утриш», дар Вена кинофестивалҳои байналхалқӣ гузаронида мешаванд. Яке аз бузургтарин осорхонаи санъати кинои Европа ва киноархиви Утриш дар Вена ҷойгир аст.

Салковский О. В., Утриш, М., 1959; Страны и регионы мира 2003: экономико-политический справочник (под ред. А. С. Булатова), М., 2003; Новая Российская Энциклопедия, М., 2005; Страны мира, М., 2008.

Инҷоро ҳам нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Утриш дорад