Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Кимиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кимиё(ар. کيمياء‎)инчунин: (юн.-қад. χυμος); (юн.-қад. χυμα); (юн.-қад. χυμευσις) — илм дар бораи таркиб, сохт, хосиятҳо ва табдилёбии моддаҳо мебошад. Кимиё - яке аз соҳаҳои илмҳои муҳим ва васеътарини табиатшиносӣ, илме, ки моддаҳо, инчунин таркиб ва сохтор, хосиятҳои онҳоро вобаста ба таркиб ва сохтор, табдили онҳо, ки боиси тағирёбии таркиб мегардад - реаксияҳои кимиёчунинвӣ, инчунин қонунҳо ва намунаҳое, ки ин дигаргуниҳо ба онҳо итоат мекунанд.

Кимиё таркиби сифатӣ ва миқдории моддаҳоро муайян менамояд. Таркиби сифатӣ нишон медиҳад, ки моддаи додашуда аз кадом элементҳои кимиёӣ иборат мебошанд. Таркиби миқдорӣ бошад, дар кадом таносубҳои миқдорӣ мавҷуд будани элементҳои моддаҳоро нишон медиҳад. Масалан, молекулаи об сифатан аз атомҳои ҳидроген ва оксиген иборат аст. Ин молекула миқдоран бошад, аз ду атоми ҳидроген ва як атоми оксиген таркиб ёфтааст. Таркиби сифатӣ ва миқдории модда дар натиҷаи таҳлили кимиёӣ муайян карда мешавад.

Кимиё инчунин сохтори моддаҳоро муайян карда, ба тартиби ҷойгиршавии атомҳо ва ё гурӯҳҳои амалкунанда дар фазо нисбат ба якдигар рӯшанӣ меандозад.

Кимиё хосиятҳои физикӣ ва кимиёии моддаҳоро меомўзад. Намуди зоҳирии моддаҳо, ҳолатҳои агрегатии онҳо, дамои ҷўшиш ва гудозиши моддаҳо, гармӣ- ва ҷараёнгузаронии онҳо бо хосиятҳои физикии моддаҳо мансубанд. Ба хосиятҳои кимиёӣ бошад, қобилияти ба дигар моддаҳо табдилёбии моддаҳои кимиёӣ мансуб мебошад.

Кимиё ба бахшҳое тақсим мешавад, ки онҳо бо вазифаҳо ва усули кори худ аз ҳамдигар тафовут дошта, вале байни якдигар алоқаманд ва дорои соҳаҳои ҳаммарзӣ мебошанд.

Кимиёро шартан ба бахшҳои асосии зайл тақсим мекунанд:

  • кимиёи ғайриузвӣ,
  • кимиёи узвӣ,
  • кимиёҳои назарӣ, умумӣ, физикӣ ва коллоидӣ,
  • термокимиё,
  • электрокимиё,
  • фановарии кимиёӣ,
  • кимиёи таҳлилӣ,
  • кимиёи маводӣ,
  • биокимиё ва ғайра.
  1. Кимиёи ғайриузвӣ элементҳо ва мураккаботи (пайвастҳо) онҳоро (ба ҷуз мураккаботи дорои атоми карбон, ки онҳоро кимиёи узвӣ меомӯзад) меомӯзад.
  2. Кимиёи узвӣ мураккаботи карбонро меомўзад (ба ҷуз оксидҳои карбон, тезоби карбон ва намакҳои он, карбидҳо, сианидҳо, роданидҳо ва баъзе дигар мураккаботи карбон).
  3. Кимиёҳои назарӣ, умумӣ ва физикӣ сохти моддаҳо, ҳодисоти физикӣ ва қонунияти гузариши таомулҳои кимиёиро меомўзад.
  4. Термокимиё табдилёбии энергияро зимни таомулҳои кимиёӣ меомўзад.
  5. Фанноварии кимиёӣ равандҳои истеҳсолиеро меомўзад, ки дар онҳо таомулҳои кимиёӣ мегузаранд.
  6. Электрокимиё алоқамандии байни таомулҳои кимиёӣ ва ҳодисоти электрикиро меомўзад.
  7. Кимиёи таҳлилӣ таркиби сифатӣ ва миқдории моддаҳоро меомўзад.
  8. Биокимиё гузариши равандҳои кимиёиро вобаста аз омилҳои гуногун дар узвиёти зинда меомўзад.
  • Сафиев Ҳ.С. ва диг. Химия дар қоидаҳо, таомулҳо, аксҳо ва нақшаҳо Душанбе, 2004