Атлантида
Зоҳир
АТЛАНТЍДА (юн. Ἀτλαντὶς) — ҷазира (архипелаг ё қитъа)-и афсонавие, ки дар Уқёнуси Атлантик воқеъ буда, гӯё дар натиҷаи офати табиӣ (заминларза ва обхезӣ) бо аҳолиаш ғарқ шудааст. Ин қисса бори аввал дар рисолаҳои Афлотун («Тимоус» ва «Куртиёс») бо ишора ба ривоятҳои қадима оварда шуда, замони ҳалокатро 9000 сол пеш (яъне 9500 сол то милод) нишон додааст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам собит нашудааст, ки Атлантида воқеан вуҷуд дошт ё на. Донишмандон дар хусуси мавқеи ҷойгиршавии Аталнтида ихтилофи зиёд доранд. Сабабҳои нопадид шудани ин ҷазира низ ба дурустӣ маълум нест.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.57 / М. Холов.
Атлантида дар Викианбор |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |