Ашъарӣ Абулҳасан
АШЪАРӢ (арабӣ أشعری) Абулҳасан Алӣ ибни Исмоил ибни Абумусо (874, Басра – 941, Бағдод), мутафаккири мутакаллим, муассиси фирқаи ашъария ва яке аз саромадони мактаби калом. Назди Абуалии Ҷиббоӣ ва Абуисҳоқи Марвазии муътазилӣ таълим гирифтааст. Соҳибназар буд. То 40-солагӣ пайрави мазҳаби муътазила буд, вале баъдтар доир ба далелу бурҳонҳои муътазила ва фақеҳони суннӣ тааммул карда, оқибат ба хулосаи аз назари худаш маъқул расид ва аз минбари масҷиди ҷомеи шаҳри Басра ба ҳозирон арз кард, ки ман дигар пайрави муътазила нестам ва аз муътазилӣ будани худ пушаймонам. «Ман пеш аз ин мегуфтам, ки Қуръон махлуқ аст ва Худоро дар қиёмат бо чашми сар дидан мумкин нест. Имрӯз аз он ақидаҳои гузаштаи худ тавба кардаам ва ақидаҳои муътазилии худро тарк намудаам. Ва ҳамаи шуморо ба гувоҳӣ ва шоҳидӣ даъват мекунам». Баъди ин эътирофи ошкоро Абулҳасани Ашъарӣ ҳуҷуми шадиди худро ба муқобили муътазила оғоз кард ва муваффақ ҳам шуд. Аз устодаш ал-Ҷаббоӣ ҷудо гардид. Асарҳои бисёре таълиф кард, ки мавзуъҳои асосии онҳоро тавҳид, раддия бар зидди исмоилиён, рофизиён ва ҷаҳмиён ташкил медоданд. Бар зидди муътазила бархоста, ҳамзамон аксари ақидаҳои аҳли суннатро қабул намуд. Ин кӯшишҳои ӯ сабаби эҳёи андешаи аҳли суннат гардида, ақидаҳои маҳзаби муътазиларо ба нестӣ расонд ва ғалабаи ниҳоии аҳли суннат бар муътазила бо зуҳури Абуҳомиди Ғаззолӣ анҷом гирифт. Муътазила худро аҳли адл ва тавҳид мешумориданд. Заминаи ин адл ва тавҳиди онҳо мероси файласуфони Юнони қадим буд. Идеологияи хилофати аббосӣ муддате бо ин мазҳаб (муътазила) мувосо кард. Вале баъдтар аз мувосо ба ҳуҷум гузашт, зеро чорчӯби дини расмӣ – суннат ва ҷамоат – ба ин талаботи аҳли муътазила созгор набуд. Пайравони муътазила, ки онҳоро «мардони озоди ислом» меномиданд, бо идеологияи исломи суннӣ дигар мувосо карда наметавонистанд. Ҳамзамон сардамдорони идеологияи хилофати аббосӣ зери фишори оммаҳои зиддимуътазилӣ маҷбур шуданд, ки аз ҳамкорӣ бо фирқаи муътазила даст кашанд. Ҳамин ҳолати баамаломада сабаби иқдоми ҷиддӣ ва ошкорои Ашъарӣ гардид. Аз давраи Ашъарӣ минбаъд ҷанги ошкоро ва оштинопазири ислом бо дигар фирқаҳо ва равияҳои динию фалсафӣ оғоз шуд.
Ашъарӣ асарҳои пурарзиши бисёре таълиф намудааст (манобеи таърихӣ 55 номгӯи онҳоро зикр кардаанд), ки муҳимтарин ва маъруфтаринашон «Ал-ибона-фӣ-усули-д-дин», «Ар-рисола-фӣ-л-истеҳсон», «Мақолоту-л-исломийин», «Китобу-л-ламаъ», «Ал-хавз-фӣ-л-калом», «Ат-табйин ан усули-д-дин», «Китобу-л-изоҳи-л-бурҳон» мебошанд. Асарҳои зикршуда ба шарҳу маънидоди ақоиду таълимоти мазҳабу фирқаҳои ислом, усули назариёти аҳли суннат оид буда, мақсад аз таълифи онҳо ҳимояти таълимоти аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Аксари ин асарҳо зидди таълимоти муътазила мебошанд. Ашъарӣ ташбеҳро инкор карда, Аллоҳро аз сифоте, ки хосси ҷисми инсон аст, барӣ медонист. Бино ба қавли ӯ, Аллоҳ қодир ва холиқи ҳама чиз мебошад. Ӯ хилқати Қуръонро мункир буда, онро чун Худо қадим медонад. Ашъарӣ зимни баррасии масъалаи баъси аҷсод ва рӯъяти Худо таъкид кардааст, ки рӯзи растохез Худовандро айнан дидан мумкин аст. Ӯ қоил ба ваҳй буда, онро дар маърифати Аллоҳ рукни асосӣ медонад. «Ақл»-и Ашъарӣ аз «ақл»-и муътазила фарқ дорад. Тибқи ақидаи ӯ, ақл олати идрок аст ва инсон ба воситаи он вуҷуди холиқро идрок менамояд. Ашъарӣ барои устувор гардондани мавқеи таълимоти суннат услуби бурҳони муътазиларо истифода бурда, саъй намуд, ки аҳкоми суннатро роҷеъ ба қазову қадар бо таълимоти озодии ирода (ихтиёр)-и муътазила созиш диҳад ва худ байни ҷабрия ва қадария мавқеи васатиро ишғол кунад. Таълимоти динию фалсафии Ашъарӣ минбаъд барои бисёр мутафаккирон чун салафи ғоявӣ хидмат кард. / К. Бекзода
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Адабиёт
- Аш-Шахрустани. Книга о религиях и сектах. Москва, 1984;