Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Бисёръузва

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Графики бисёръузваи дараҷаи 7.

Бисёръузва́полино́м аз юн. πολυ- «бисёр» + лот. nomen «ном») — ифодаи намуди Axkyl…um+Bxnyp..uq+…+Dxrys…ut, ки дар он x, y,…u бузургиҳои тағйирёбанда, А, В,…, D зарибҳо ва k, l,…, t (дараҷаҳо — ададҳои бутуни ғайриманфӣ) ададҳои доимианд. Агар Бисёръузва аз як, ду ва се узв иборат бошад, онро мувофиқан якузва, дуузва (бином) ва сеузва меноманд. Бисёръузваи дараҷаи n-уми якномаълума шакли зайл дорад: a0xn+a1xn-1+…+an-1x+an ин ҷо a0 , a1, …, an- зарибҳо мебошанд (а0≠0).

Ҳосили ҷамъи нишондиҳандаҳои ҳар узв дараҷаи ҳамин узв номида мешавад, калонтарини онро дараҷаи Бисёръузва меноманд. Масалан xyz+x+y+z- Бисёръузваи дараҷаи сеюм, 2x+ y- z+1 — Бисёръузваи дараҷаи якум (хаттӣ) мебошанд. Бисёръузваҳоро ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсим (ҳангоми ба сифр баробар набудани тақсимкунанда) кардан мумкин аст.

Барои ҷамъ (тарҳ)-и ду Бисёръузва зарибҳои тағйирёбандаҳои якхеларо ҷамъ (тарҳ) мекунанд. Бисёръузваҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюмро мувофиқан Бисёръузваҳои хаттӣ, квадратӣ ва кубӣ меноманд.

Бисёръузвае, ки дараҷаи узвҳояш якхела аст, Бисёръузваи якҷинса номида мешавад.