Бӯймодарон
Бӯймодарон | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Achillea.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Achillea millefolium L., 1753 | ||||||||||||||||
|
Бӯймодарон, (форсӣ: بومادران), бӯғанак, пуғанак (лот. Achilléa millefólium) — гиёҳест бисёрсола.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз 15 то 80 см қад мекашад. Пояаш рост, сермӯяк. Баргаш думчадори нештаршакл, сабзи кабудранг, мӯякдор. Гулаш сафед, тӯдагулаш сабадак. Тухмаш дарозрӯяи хокистарранг. Май — июн гул карда, июл — сент. тухм мебандад. Дар марғзор, саҳро, нишебиҳои регзор, байни сангҳо, наздикии чашмаҳо, лаби ҷӯйбор, заминҳои партов, боғу киштзор месабзад. Дар қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, воҳаи дарёи Сир, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ (дар баландии 1300 — 3500 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бӯймодарон гиёҳи маъмули доруист. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино ҷӯшоби бӯймодарон ҳангоми даридани мушакҳо, варами музмини асаби сурин, душвории нафаскашӣ (махсусан ҷӯшоби тӯдагули он) муфид аст, санги масонаву гурдаро ҳал мекунад, ҳайзро меронад, ҷанинро меафтонад. Абӯалии Сино бӯймодаронро барои муолиҷаи дарди сар, иллати сипурз, суддабандии хун, ниқрис, тарбод, буғумдард, миёндард истифода мебурд. Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия» бӯймодарон қабзиятро мекушояд, пешобро меронад, санги гурдаро ҳал карда мебарорад, захми бачадонро шифо мебахшад. Нӯшидани нақеъи бӯймодарон барои илоҷи вараҷа ва ҷӯшоби он ҳангоми бемориҳои бачадон кумак мерасонад. бӯймодаронро ҳангоми сардард, қибзияти мағзи сар, сарсом, дарди сандуқи сина, қабзияти пешоб, таъхири ҳайз, зуком ва ғ. тарбандӣ мекунанд.
Дар тибби халқии рус ҷӯшоби баргу пояи сабзи бӯймодарон ҳангоми хунравиҳои дарунӣ, бемориҳои узвҳои ҳозима, исҳоли хунин, иллати ҷигар, ихтилоли кори меъдаву рӯда (диспепсия), камхунӣ, сардард, сили шуш, обхӯра, вараҷа, нафастангӣ ва сулфа, ғалаёни хун, ниқрис, атеросклероз, бавосир, асабдард, тарбод, диабети қанд, зиқи нафас ва ғ. кор фармуда мешавад.
Табибони халқии тоҷик бо навдаҳои тарраки бӯймодарон (то гулшукуфт) назлаи меъдаро табобат мекунанд, онро воситаи хуби исҳоловар ва киҷҷарон меҳисобанд. Ҷӯшоби баргу гули бӯймодаронро чун воситаи хунбанд, пешоброн ва киҷҷарон тавсия медиҳанд. Ҷӯшоби гултӯдаи он барои дафъи чурра ва дарди санги гурдаву масона муфид аст; баргу сабадакашро кӯфта ба ҷароҳат мебанданд, гулашро ҳангоми дарди сар бӯй мекунанд. Сокинони Помир бо ҷӯшоби гули хушконидаи бӯймодарон захми меъдаву рӯдаро даво мебахшанд.
Дар тибби муосир нақеъи баргу пояи сабзи бӯймодаронро ҳангоми хунравии бавосир ва бачадон чун воситаи хунбанд (рӯзе 3 маротиба 1 чумча) тавсия медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бӯймодарон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.