Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Вексел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вексел (олмонӣ: Wechsel) — уҳдадории хаттии пулӣ, ки аз рӯйи шакли муайяншуда ба расмият дароварда шудааст. Ба соҳибаш вексел ҳуқуқи аз қарздор гирифтани маблағи муайяни дар вексел нишондодашударо таъмин менамояд.

Аз вексел дар амалияи бонкӣ ва тиҷоратии мамолики аз лиҳози иқтисоди бозорӣ инкишофёфта, инчунин дар савдои беруна ва ҳисоббаробаркунии байналхалқй ба таври фаровон истифода мебаранд. Мавзӯъ ва матлаби векселро танҳо пул ташкил медиҳад. Вексел дар бланк ё қогази махсус бароварда шуда, шакли қатъиян муқаррарнамудаи қонун ва маҷмӯи маълумотҳоро доро мебошад. Ба шарофати тибқи қонун доро будан ба шакли муайян ва маҷмӯи маълумотҳо ва дар он собит шудани ӯхдадории қарзии хаттӣ, вексел ба ҳайси яке аз намудҳои қогазҳои қиматнок маҳсуб мешавад. Вексел одӣ ва интиқолӣ мешавад. Додани вексел аз як шахс ба шахси дигар бо роҳи навиштаҷоти интиқолӣ (индосамент) ба расмият дароварда мешавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 120