Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Галлон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Канистри бензини ба ҳаҷми 1 галлон ИМА, 0,8 галлони «салтанатӣ» ё 3,7 литр

Галло́н (англ. gallon) — воҳиди ҳаҷм (гунҷоиш, зарфият) дар системаи англисии воҳидҳо.

Галлон дар Англия, ИМА ва кишварҳои дигар, асосан, барои чен кардани ҳаҷми ҷисмҳои моеъ ва пошхӯранда (шоро) истифода мешавад. Галлони англисӣ ва амрикоӣ бо андозаҳои худ аз ҳам фарқ мекунанд. Галлони англисӣ = 4,54609 л, галлони амрикоӣ барои моеъот = 3,78543 л ва барои ҷисмҳои пошхӯранда = 4,405 л аст. Пинта ва унсия ҳиссавоҳидҳои галлон мебошанд.