Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Гиреҳбандии воқеа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гиреҳбандии воқеа — яке аз бахшҳои асосии сужети асари бадеӣ, ки онро гиреҳафканӣ ва рабт ҳам мегӯянд.

Гиреҳбандии воқеа лаҳзаи ба ҳам пайваст шудани воқеаҳо дар асарҳои ҳамосӣ ва намоишӣ, бахши оғози сужет буда, инкишофи ояндаи онро таъмин менамояд. Маъмулан чун давоми мантиқии экспозитсия (оғози воқеаҳо) зоҳир мешавад, вале метавонад мустақил бошад. Воқеаҳо, аксаран, дар оғоз ба ҳам бархӯрда, пайваст мешаванд, бинобар ин гиреҳбандии воқеа бештар дар аввали асар меояд ва ҷузъи муҳим дар идомаи табиии сужет аст. Шакли муқаррарии гиреҳбандии воқеа, ки баъди экспозитсия омада, табиӣ ҷараён мегирад, дар романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ, «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ, «Дони ором»-и М. Шолохов ба назар мерасад. Аммо ҷои гиреҳбандии воқеа метавонад иваз шавад ва гоҳе бе экспозитсия (романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ) ва гоҳи дигар дар анҷоми асар (харидани «ҷонҳои мурда» аз тарафи Чичиков дар «Ҷонҳои мурда»-и Н. В. Гогол) ояд. Дар ин мавридҳо нияти ғоявӣ ва ҳадафи бадеии муаллиф чизи муҳим ва муайянкунанда буда, тартиб ва сохтори воқеаҳоро ба низом медарорад. Ҳамзамон ин тарзи истифодаи гиреҳбандии воқеа сабаби шавқовар шудан ва тезу тунду бошиддат ҷараён гирифтани сужет мегардад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т. Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1966;
  • Литературный энциклопедический словарь. М., 1987.