Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Замзам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ислом · Масҷид · Ҳаҷ

Ҷузъҳои таркибӣ:

1. Ҳаҷаруласвад 2. Дар 3. Новдон 4. Шозарвон 5. Ҳиҷри Исмоил 6. Мултазам 7. Мақоми Иброҳим 8. Рукни Ҳаҷаруласвад 9. Рукни Ямонӣ 10. Рукни Шомӣ 11. Рукни Ироқӣ 12. Чодари Каъба 13. Ҷойи истодани Иброҳим

Ҳамчунин ниг.

Бани ШайбаЗамзамҚиблаТавофУмраҲарам

Викианбор

Замза́м (ар. زمزم‎) — чоҳ ё чашмаи обе дар Макка дар шарқи хонаи Каъба, ки бар асоси таълимоти ислом, аз нишонаҳои қудрати Худованд ва осори табаррук дар он сарзамин ба шумор меравад.

Ҳоҷиён ба ҳангоми нӯшидани оби Замзам

Оби Замзам бино ба ривоятҳои саҳеҳ, пас аз сукунати Исмоил (а) ва модараш Ҳоҷар дар Ҳа­рами Макка бо зарбаи по ё боли Ҷабраил (а) пайдо гаштааст. Вақте обу ғизои Ҳоҷар пас аз чанд рӯзе сукунат тамом шуд ва тифлашро дид, ки аз ташнагӣ ба худ мепечад ва ду пояшро ба замин мезанад, дар талаби об ба кӯҳи Сафо, ки ба вай наз­диктар буд, баромад ва ба ҳар тараф нигоҳ кард ва чун чизе надид, ба сӯи кӯҳи Марва шитофт, вале дар он ҷо низ чизе пайдо накард. Вай ҳамчунон дар байни он ду кӯҳ саъй мекард, то он ки пас аз ҳафт бор садое шунид ва ба соҳиби он гуфт: Агар дар ту хайре бошад, ба фарёдамон бирас! Ба ногоҳ дар мавзеи ҷоҳи Замзам фаришта (Ҷабраил)-ро дид, ки бо пушти пояш ё бо шоҳпараш ба замин зад ва об аз он ҷо берун омад, он гоҳ ба Ҳоҷар гуфт: Аз зоеъ шудан биме надошта бошед, ки ин ҷо (ва бо дасташ ба сӯи баландие, ки дар он наздикӣ буд, ишора кард) хонаи Худост, ки ин кӯдак ва падараш онро бино мекунанд! Ва ҷои Хона замини баланде ба мисли теппа буд.

Модари Исмоил атрофи обро ҳавз мекард ва наме­гузошт ҷорӣ шавад. Расули Худо (с) мефармояд: «Худо модари Исмоилро раҳмат кунад, агар онро мегузошт, (имрӯз) чашмаи равоне буд» (Саҳеҳи Бухорӣ, 3364). Ибни Ҳаҷар ба нақл аз Ибни Ҳишом, Фокиҳӣ ва дигарон овардааст, ки барои ҳамин – ҳавз кардани оби он ё барои фаровонии обаш ва ё барои ҳазмаи (зарба)-и Ҷабраил (а) он Замзам номида шудааст. 

Ба Иброҳим ворис шуд Симоил,

Ки ҷорӣ зери пояш гашт Замзам.

(Девони Адибулмамолики Фароҳонӣ) 

Тибқи фармудаи мураттибони Фарҳанги Лорус, Иброҳим (а) ва хонадонаш ҳудуди солҳои 1800 қ. м. аз сарзамини Байнаннаҳрай ба Канъон рафт. Бар ин асос, ҳодисаи сукунати ниме аз хонадони Иброҳим – Ҳоҷар ва Исмоил дар сарзамини Макка ва пайдо шудани оби замзам каме баъдтар аз солҳои 1800 қ. м. ба вуқӯъ омадааст (Larousse. – С. 496). Вале ба гуфтаи муаррихи муосири араб Маҳмуд Шокир, ин ҳодиса ҳудудан 3800 сол пеш аз ҳиҷрати паёмбар (с), яъне ҳудуди солҳои 3200 қ. м. сурат гирифтааст (ат-Таъриху-л-исломӣ. – Ҷ. 1.- С. 82).

Пас аз муддатҳо дар замони қабоили баъдӣ бар аса­ри омилҳои ҷуғрофӣ ва ё бо сабабҳои дигаре ҷои ҷоҳи Замзам мат­мур (зери хок) ва обаш нопайдо гашт, то он ки дар за­мони бобокалони расули Худо (с) Абдулмутталиб ба хобаш даромад ва ҷои он ба вай нишон дода шуд. Ва ҷои чоҳи Замзам бо­ри дигар ба василаи ӯ ҳафр шуд ва мавриди истифода қарор гирифт.

Ҳудуди 5 000 сол ва ба гуфтаи Соид Бакдош, 4860 (Фазлу мои Замзам. С. 50) сол аст, ки оби Замзам аз миёни қабатсангҳои вулкании ғафс ва тағйирёфта ҷӯш мезанад. Дар аснои ҳафри нафақ (тунел)-ҳое, ки тайи чанд даҳаи ахир дар шаҳри Макка роҳандозӣ шуда, тарқишҳо ва рагаҳои обгузари борике дар таркиби сахраҳо ва кӯҳҳои он му­шоҳида шуда, ки аз тамоми атроф дар онҳо ба сӯи Ҳа­рам ва чоҳи Замзам об меояд.

Тавсифи чоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Умқи чоҳи Замзам аз зери саҳни тавофгоҳ 30 м ва умқи ҷойгиршавии чашмаҳои таъминкунандаи он ба об (ҳавзаҳои оби­аш) 12,80 м аст, ки атрофи он то ин ҷо сохта шудааст ва аз чашмаҳо то қаъри чоҳ 17, 20 м дигар аст, ки дар қалби сахраҳо ба шакли кандашуда вуҷуд дорад ва умқи сатҳи об аз даҳони чоҳ 4 м аст. Он дар фосилаи 21 м аз шарқи рукни Ҳаҷаруласвад воқеъ шуда ва бо се манбаи бузур­ги обӣ – сарчашмаҳо, ки яке аз самти Каъба – Мақом ва Ҳиҷр ва дуи дигар дар як даҳона аз шимол аз самти минтақаи Аҷёд ва 21 чашмаи хурдтар, ки аз самти кӯҳҳои Абӯқубайс, Сафо ва Марва меоянд, таъмин мешавад.

Болои чоҳи замзам аз соли 1663 бо бино ва қуббае пӯшонида шуда буд, ки ба «Байтушшароб» маъруф буда, кормандони сиқоят аз он ҷо ба мардуми ҳаҷгузор об медоданд. Ин бино то қабл аз марҳалаи дуюми тав­сиаи аввали суъудӣ вуҷуд дошт ва барои баланд карда­ни садои муаззин (мукаббирия) ба кор мерафт ва аз бо­лои он азон гуфта мешуд.

Сурати таърихии Масҷидулҳаром пеш аз тавсиаи аввали суъудӣ, ки дар он биное дар болои даромадгоҳи чоҳи Замзам ва бинои дигаре дар болои Мақоми Иброҳим (ъ) – Боби банӣ Шайба мушоҳида мешавад ва дар саҳ­ни Ҳарам қандилҳои насбшуда бар сари амудҳо низ ба чашм мерасанд. 

Оби Замзам дар аҳодис

[вироиш | вироиши манбаъ]

Расули Худо (с) мефармояд: «Оби Замзам беҳтарин об бар рӯи замин аст» (Маҷмаъу-з-завоид, 5712) ва бино ба ривояти мавқуфе аз Ибни Аббос: «… Оби Замзам аз чашмаҳои биҳишт аст» (Мусаннафи Ибни Абушайба, 1734). Нӯшидани оби Замзам аз суннатҳои тавоф аст ва пас аз он нӯшида мешавад. Расули Худо (с) фармуд: «Оби Замзам барои ҳар чизе нӯшида шавад, фоида мебахшад». (Сунани Ибни Моља, 3062; Мустадраки Ҳоким, 1782). Ҳангоми нӯшидани оби ЗАМЗАМ рӯй ба қибла меоварад, «Бисмиллоҳ…» мегӯяд ва хуб аст, ки онро бо се дам ва ё дар се навбат бинӯшад, пас аз ҳар даме ба сӯи хо­наи Каъба назар афканад ва Худоро шукр гӯяд ва дар охир дуъо кунад: «Аллоҳумма, асалука илман нофиъан ва ризқан восиъан ва шифоан мин кулли доин! «Худоё, аз Ту илми нофеъ, ризқи кушода ва шифои аз ҳар дардро масъалат дорам!» (Мустадраки Ҳоким, 1782)

Марҳабо, эй булбули дастони ҳай,

К-омадӣ аз ҷониби бустони ҳай.

Марҳабо, эй андалеби хушнаво,

Фориғам кардӣ зи қайди мосиво!

Бозгӯ аз Наҷду аз ёрони Наҷд,

То дару деворро орӣ ба ваҷд!

Бозгӯ аз Замзаму Хифу Мино,

Вораҳон дил аз ғаму ҷон аз ано! (Шайх Баҳоӣ. Маснавии нону ҳалво) 

Ибни Аббос ба марде насиҳат кард: «Вақте аз оби Замзам нӯшидӣ, ба қибла рӯй биовар, номи Худоро зикр намо (Бисмиллоҳ бигӯ) ва онро бо се дам бинӯш ва аз он бо шикамсерӣ бинӯш ва чун фориғ гаштӣ, Худоро шукр бигӯ!. Зеро расули Худо (с) мефармояд: Нишонае, ки моро аз мунофиқон људо месозад, ин аст, ки онҳо аз оби Замзам бо шикамсерӣ наменӯшанд» (Сунани Ибни Моља, 3061. Мустадраки Ҳоким, 1781)

Фикри рӯшанбин амалро раҳбар аст,

Чун дурахши барқ пеш аз тундар аст.

Хешро бар реги сӯзон ҳам бизан,

Ғута андар чашмаи Замзам бизан! (Иқболи Лоҳурӣ. Асрори худӣ)

 

Сурати қадиме аз ҷоҳи Замзам

Дар суратҳо даромадгоҳи чоҳи Замзам аз рост қабл аз тавсиаи аввали суъудӣ ва аз чап баъд аз тавсиаи аввали суъудӣ 

Дар таркиби оби Замзам маводди минералие, ба монанди кальций, натрий, магний, калий вуҷуд дорад.

Кальций (калсиюм) элементи химиявие бо аломати химиявии Ca, нарм ва сабук аст, ки дар ҳаво ба зудӣ ҷилои худро аз даст медиҳад. Он дар маъдан (кон)-ҳои табиӣ бештар ба сурати карбонат икалсиюм (оҳаксанг,, санги мармар, гили сафед ва ғайра) ва сулфати калсиюм (гач ва ғайра) вуҷуд дорад. Таркиботи химиявӣ ва минералии он барои ҳаёт (сабзиш, муҳтаҳкам нумудан ва ғизо додани организм) зарурӣ ҳастанд ва  моддаи асоси ба вуҷудоварандаи устухонҳо ва дандонҳоро ташкил медиҳад.

Натрий (судиюм) элементи химияфӣ бо аломати Na, ки фаровонтарин филиззи ишқорӣ дар рӯи замин ба шумор меравад ва дар миёни ҳамаи элементҳои мавҷуд дар қабати болои замин мақоми ҳафтумро дорад. Номи он аз “Натрун – карбонат”-и арабӣ гирифта шуда, ба маънои мутааллиқ ба карбонати табиӣ мебошад, яъне шакли табиии он ба сурати карбонати натрий дар табиат вуҷуд дорад. Он дар ҳаво тез ба оксид табдил мешавад ва мавҷудияти он дар реша – қабатҳои поёнии замин ҷои шашумро мегирад ва қабатҳои болоии он аввалин ва фаровонталин элементи химиявӣ ба шумор меравад. Он дар мубодилаи минералҳо дар организми тамоми мавҷудоти зинда хидмат мекунад, яъне барои фаъол сохтани кори органикии организмҳои зинда зарур аст.

Магний (магнезиюм) элементи химияви бо аломати Mg, ки ҳам дар саноати металургӣ ба кор меравад ва ҳам ба андозаи муайяне аз он барои организми зинда заруррат дорад.

Калий (путосиюм) элементи химиявӣ бо аломати Са, ки ба сурати намакҳои минералии гуноугун дар табиат вуҷуд дорад ва аз минералҳои зарурӣ ва муҳимтарин қисмати бофтаҳои органикии организмҳои мавҷудоти зинда, махсусан гиёҳон ташкил медиҳад.

Илова бар ин, оби замзам дар таркиби худ минерале бо номи флуроид (Фтор, фторидҳо) дорад, ки онро аз олуда шудан ба ҳар навъ микроб, бактерия ва олудагтҳои зараровар ҳамеша пок ва тоза нигаҳ медорад ва дар худ хусусияти микробкушӣ – антибактериалӣ, зидди уфунӣ ва дезенфикатсионӣ дорад. Барои ҳамин ҳеч гоҳ ба он хлор ҳамроҳ намекунанд.

Сухани расули Худо (с) воеан ҳам, ба хубӣ ва ба таври равшан тамоми ҳусусиятҳои ғизоӣ, беҳдоштӣ ва шифодиҳандагии онро бозгӯ мекунад, он ҷо ки мефармояд: Оби замзам муборак – пур аз баракот аст, он таоми серкунанда ё шоҳи таомҳо ва шифои ҳар гуна беморӣ аст. 

Дар осмон зи ғулғули лаббайки ҳоҷиён,

То Арш наъраҳову ғирев аст аз садо!

Кӯҳи Сафо баро ба сари кӯҳ рух ба Байт,

Такбир кун, бародару таҳлилу ҳам дуъо!

Аз мо салом бодо бар Рукну бар Ҳатим,

Эй шавқи мо ба Замазму он манзили вафо! (Мавлоно. Девони Шамс)

  • Боқизода А. Тафсири на­вини Қуръони карим. – Д. 2012;
  • Боқизода А. Ҳаҷ: Маносик, аҳком ва таърихи он. – Д. 2014;
  • LAROUSSE: ВСЕМИРНАЯ ИЛЛЮСТРИРОВАННАЯ ЭНЦИКЛОПЕДИЯ. – М., 2010;
  • حمود شاكر. التاريخ الاسلامي. – بيروت، 2000
  • ابن حجر العسقلاني، احمد بن علي. فتح الباري بشرح صحيح البخاري. المجلد الرابع. – الرياض، 2010
  • الفاكهي، محمد بن اسحاق. اخبار مكة في قديم الدهر وحديثه. – بيروت، 1994
  • سائد بن محمد يحيي بكداش. فضل ماء زمزم. – بيروت، 1420 هـ.
  • ابن ابي الشيبة، عبد الله بن محمد بن ابي شيبة العبسي. المصنف. الجلد الثاني. – بيروت، 2006.