Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Зауроподҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зауроподҳо (англ. Sauropoda) — зерқатори хазандаҳои рус­танихӯри мунқариз аз қатори динозаврҳои устухонкос. Дар давраҳои юра ва табошир зиндагӣ кардаанд. Зауроподҳо аз ҷумлаи ҷонварони калонтарин буда, то 30 м дарозӣ доштанд. Та­нашон бузург, вале нисбатан кӯтоҳ буд. Пойҳои сутунмо­нанд, гардан ва думи дароз, сари нисбатан хурд доштанд. З. эҳтимол дар кӯлу ҳавзҳои калон, баҳрҳои дохили мате­рик ва амсоли онҳо зиндагӣ мекарданд. З. 2 оила доштанд, ки ҷинсу намудҳои сершуморро дар бар мегирифт, мас; диплодок, апатозавр (бронтозавр), брахиозавр, камара­завр ва ғ. Боқимондаҳои сершумори З. дар ҳамаи материк­ҳо ёфт шудааст. Зауроподҳоро дар Фарғона низ пайдо кардаанд.