Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Каҷол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Каҷол
англ. Kajol
Таърихи таваллуд: 5 август 1974(1974-08-05)[1] (50 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: бозигари синамо
Корнома: 1992 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0004418
 Парвандаҳо дар Викианбор

Каҷол Девган (марот. काजोल देवगन, англ. Kajol Devgn, дар замони духтарбача будан Мукҳерҷӣ, бештар маъруф ба мононими Каҷол; тав. 5 августи 1974, Бомбай) — ҳунарпешаи ҳинд ва Болливуд мебошад.

Ӯ дар баробари холааш Нутан, ки шашкарата гирандаи мукофоти Filmfare Awards буд, Каҷол низ панҷ маротиба бо ин ҷоиза барои беҳтарин нақши занона қадрдонӣ шудааст ва соли 2011 аз тарафи ҳукумати Ҳиндустон ӯ бо ордени Падма Шрӣ сарфароз гардонида шуд.

Баъд иҷрои аввалин ӯ соли 1992 дар роман Bekhudi, Каҷол дар аввалин филми буҷавӣ соли 1993 дар триллери Baazigar нақш офаридааст. Вай ҳамчун қаҳрамонзани марказӣ дар якчанд филмҳои романтикӣ, аз ҷумла Yeh Dillagi (1994), Ишқ (1997), Pyaar Kiya Tо Darna КKya (1998), Pyaar To Hona Hi Tha (1998) ва Hum Aapke Dil Mein Rehte Hain (1999) ҳунарнамоӣ намуда, хело машҳур гашт. Соли 1997 дар филми асрорангези Gupt:The Hidden Truth ва соли 1998 дар триллер равонии Dushman нашқи муқобилро бозида, соҳиби ҷоизаи Filmfare барои Best Villain гардидааст. Каҷол дар филмҳои романтикии Dilwale Dulhania le Juyenge (1995), Kuch Kuch Hota Hai (1998), Kabhi Khushi Kabhie Gham … (2001), нақши зани нобинои кашмириро дар триллери ошиқонаи Fanaa (2006) ва модари танҳо дар драмаи My name is Khan (2010) панҷ ҷоизаи Filmfare барои беҳтарин актрисаро ба даст овардааст. Баромади баландтарин ва пуртаъсири ӯ бо сифатҳои қаҳрамони комедияи Dilwale (2015) рост омадааст, ки аз уҳдаи филм ба хубӣ баромадааст Вай ҳамчун довари боистеъдод дар барномаи Rock-N-Roll Family доварӣ намудааст ва дар Devgan Entertainment ва Software Ltd мавқеи роҳбарӣ дорад. Каҷол бо актёр Аҷай Девган аз соли 1999 хонадор аст, ки соҳиби ду фарзанд мебошад[3].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Каҷол дар Бомбай (Мумбай) дар оилаи ҳунарпешаҳои синамо таваллуд шудааст. Модари ӯ Тануҷа ҳунарпеша мебошад, падари ӯ Шому Мукҳерҷӣ коргардон ва продюсер буд. Хоҳари хурдии ӯ Таниша низ ҳунарпеша аст. Холааш ҳунарпешаи ҳинд Нутан ва бибии модариаш Шобҳна Самарт ва бибибузургаш Раттан Бай ҳарду ситораҳои синамои ҳинд буданд. Амакҳои ӯ Ҷой Мукҳерҷӣ ва Деб Мукҳерҷӣ продюсер мебошанд, инчунин бобоҳояш Сашадҳар Мукҳерҷӣ ва Кумарсен Самарт коргардон буданд. Холабачаҳо ва духтархолаҳои Каҷол Ранӣ Мукҳерҷӣ, Шарбанӣ Мукҳерҷӣ ва Моҳниш Беҳл низ ҳунармандони Болливуд ҳастанд; писараммаи дигари ӯ — Аян Мукҳерҷӣ коргардон мебошад.

Каҷол мегӯяд, ки аз хурдсолӣ хеле якрав ва рӯҳбаланд буд[4]. Вақте ки ӯ ҷавон буд, волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд; аммо ба гуфтаи Тануҷа, ҷудошавии онҳо ба Каҷол таъсир накардааст, зеро мегӯяд «мо ҳеч гоҳ дар назди ӯ ҷанҷол накардаем». Дар набудани модараш, Каҷолро модаркалонаш нигоҳубин мекард, ки «ҳеҷ гоҳ намегузошт, ки ман набудани модарамро ҳис кунам».

Каҷол дар мактаб-интернати Сент-Ҷозеф дар Панчғонӣ таҳсил кардааст. Ғайр аз таҳсил, вай дар машғулиятҳои беруназсинфӣ, аз қабили рақс, иштирок кардааст[5]. Дар синни шонздаҳсолагӣ, ӯ дар филми Раҳул Равайл — Bekhudi ба ҳунарнамоиро оғоз намуд. Вай дар аввал ният дошт, ки пас аз намоиши филм дар вақти таътили тобистонаи худ ба мактаб баргардад. Аммо олами синамо ӯро маҷбур намуд то ӯ мактабро тарк намуда, ба синамо машғул шавад. Дар бораи таҳсил, Каҷол гуфт : «Ман фикр намекунам, ки мукаммалам, зеро ман мактабро тамом накардаам».

Эҷодиёт дар синамо

[вироиш | вироиши манбаъ]

1992-1996: Аввалин баромад ва машҳурият

[вироиш | вироиши манбаъ]
Каҷол ҳамроҳи Шоҳрух Хон (2014)

Каҷол аввалин баромади худро дар синни ҳабдаҳсолагӣ дар драмаи ошиқонаи Bekhudi дар соли 1992 ҳамроҳи ҳунарпешаи нав Камол Садана ва модараш Тануҷа, ки нақши модарашро мебозад, иҷро кардааст. Каҷол дар ин филм нақши Радҳика ро бозидааст. Радҳика духтарест, ки ба Садана ошиқ мешавад, аммо волидайнаш мехоҳад, ки ӯ бо марди дигар издивоҷ кунад. Гарчанде ки филм онқадар муваффақ нашуд, иҷрои Каҷол беаҳамият намонд ва ӯро ба триллери Аббос-Мустан, Baazigar (1993), даъват намуданд. Филм як муваффақияти калони тиҷорӣ ва чаҳорум филми қиматтарини сол бо даромади умумиҷаҳонӣ $2.6 миллион доллари амрикоӣ ба қайд гирифта шуд.

Филм дар асоси филми Ҳолливуд, A kiss before dying сохта шудааст ва дар он ҳунарпешаҳо Шоҳруххон, Шилпа Шеттӣ (иҷрои аввалинаш) ва Сиддҳарт Рай нақш бозидаанд. Каҷол дар нақши марказӣ Прия Чопраро бозидааст. Филм дар бораи духтаре, ки ба қотилони хоҳараш ошиқ аст, тасвир мекунад.

Соли 1994, Каҷол дар мелодрама Udhaar Ki Zindagi зоҳир гардид, ки нақши набераи ҳунарпешаҳо Ҷитендра ва Маушумӣ Чаттерҷӣ бозидааст. Филм, ки дар асоси филми бо забони телугу Seetharamaiah Gari Manavaralu ба навор гирифта шудааст, натавонист даромади хубе биёрад. Бо вуҷуди ин, иҷрои Каҷол ӯро ҷоизаи BFJA Award барои беҳтарин ҳунарпешаро ба даст овард [6]. Баъдан ӯро драмаи машҳури Яш Раҷ Филмс Yeh Dillagi машҳур гардонд. Каҷол дар ин филм бо Сайф Алихон ва Акшай Кумар ҳунарнамоӣ намудааст. Филм дар асоси филми ғайрирасмии филми амрикоии Sabrina (1954) ба навор гирифта шудааст. Мавзӯи филм дар бораи духтари роҳсоз мебошад, ки вай модел шуда дар миёни ишқи ду бародар дар мемонад. Муваффақияти Yeh Dillagi як пешрафт барои Каҷол буд ва иҷрои ӯ ҷоизаи "беҳтарин ҳунарманд" - ро дар маросими ҷоизасупорти Filmfare Awards бурд намуд.

Дар соли 1995, Каҷол дар ду филми муваффақи бузург ва сердаромади - Каран Арҷуни Ракеш Рошан ва Dilwale Dulhania Le Jayenge-и Адитя Чопра дар паҳлӯи Шоҳруххон нақш бозидааст. Аввалаш як триллери мелодрамавӣ буда ӯ нақши Сония Саксенаро бозидааст, ки дар он ба Сония Саксенаро Хон дӯст медорад. Дар ниҳоят ин филм ҳамчун дувумин ва сердаромадтари филми сол дар Ҳиндустон ба шумор рафта шуд[7]. Се филми навбатии Каҷол ки Taaqat, Hulchul ва Gundaraj аз ҷиҳати даромад хуб набуданд; вале дар дутои навбатияш аввалин ҳамкории ӯ бо шавҳари ояндааш, коргардон Аҷай Девган буд[8].

Нашри панҷуми ва ниҳоии сол, Dilwale Dulhania Le Jayenge, на танҳо бузургтарин муваффақияти соли 1995 буд, балки яке аз муваффақтарин филмҳои ҳама давру замон дар Ҳиндустон буд. Филм дар ҷаҳон $18 миллион ба даст овардааст,[9] ки то ҳол дар Бомбай пайваста ба намоиш гузошта мешавад[10]. Dilwale Dulhania Le Jayenge низ як муваффақияти бузург барои Каҷол буд; он даҳ ҷоизаи Filmfare ба даст овард ва иҷрои Каҷол ҳамчун Симран Сингҳ, як ҷавони ҳиндуӣ аз Лондон, ки бо ҳамроҳии Шоҳруххон нақш меофарад, меафтад, ба ӯ ҷоизаи аввали Filmfare барои беҳтарин ҳунарпешаро дод[11]. Дар соли 2005, Indiatimes Movies ин филмро дар байни 25 филми Болливуд ҷой додааст. Соли 1996, Каҷол дар драмаи Викрам Бҳатт Bambai Ka Babu, дар муқобили Сайф Алихон ва Атул Агниҳотрӣ нақш бозидааст. Пас аз намоиш, як фалокати иқтисодӣ ба вуҷуд омад[12].

1997-98: Муваффақиятҳои бузург

[вироиш | вироиши манбаъ]
Каҷол дар соли 2012.

Дар соли 1997, Каҷол нақши Иша Диванро дар филми триллерии Gupt:The Hidden Truth иҷро намудааст, ки аз ҷониби мунаққидон ситоиш карда шудааст. Дар филм инчунин Боббӣ Деол ва Маниша Коирала низ ҳунарнамоӣ намудаанд, ки филм хело муваффақ ва даромаднок шуд[13]. Оқибат Каҷол аввалин ҳунарпешае гардид, ки барои гирифтани ҷоизаи Filmfare дар номзади беҳтарин намоиш дар нақши манфӣ сазовор дониста шуд[14]. Ҳамон сол ӯ дар филми Ishq дар нақши камбағалдухтаре, ки ошиқи писари бой аст бо Аҷай Девган, Амирхон ва Ҷуҳӣ Чавла нақш офаридааст[13]. Филм хело хуб қабул карда шуд. Дар Hameshaa (1997) бо Сайф Алихон ду нақшро иҷро намудааст. Инчунин дар филми Раҷив Менон Minsaara Kanavu нақши марказиро иҷро намудааст, ки филм бо забони тамилӣ ба навор гирифта шудааст. Соли 1998, Каҷол худро ҳамчун ҳунарпешаи пешбари синамои муосири ҳиндӣ муаррифӣ карда, дар се протсессҳои пурнуфузи сол ҷой гирифт. Ӯ дар ин сол иҷроишашро дар филми мазҳакаи ошиқонаи Соҳайл Хон Pyaar Kiya To Darna Kya оғоз намуд. Дар он ӯ нақши Мускан Тҳакур, духтари деҳотии соддалавҳ, ки бо писаре сарватманде (Салмонхон), робитаи ошиқона доранд ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд. Филм на танҳо ҳамчун машҳур шуд, балки ба иҷрои Каҷол шарҳҳои танқидӣ дода шуд. Дар нашри навбатии худ, триллери Dushman, Каҷол нақшҳои дугонаи хоҳарони дугоник Соня ва Наина Сайгалро дар баробари Санҷай Датт ва Ашутош Рана бозӣ кардааст. Коргардони филм Тануҷа Чандра буда аз ҷониби Маҳеш Бҳатт навишта шудааст. Филм дар атрофи Наина барои интиқом ба таҷовуз ва куштори хоҳараш рӯй медиҳад. Филм ҳарчанд даромади хуб надошт вале хело муваффақ шуд[15]. Баъд ӯ дар муқобили Аҷай Девган дар комедияи ошиқонаи Анис Базмӣ, Pyaar To Hona Hi Tha нақшофарӣ намудааст аммо филм аз рӯи филми амрикоии Франсис Кис, ки соли 1995 пахш шудааст, ба навор гирифта шудааст. Дар ин филм, ӯ нақши комикси Санҷана, як зани заиферо, ки аз Париж ба Ҳиндустон барои ҷустуҷӯи номзади худ сафар мекунад, мебозад, аммо ба марди дигаре, ки Шекҳар ошиқ мешавад[16][17]. Таҳлил аз Planet Bollywood қайд кард, "Каҷол, чун маъмулӣ, дар нақши худ Санҷана олиҷаноб аст. Ӯ тамошобинро дар давоми тамоми филми дувунимсоата ба гиря меорад, механдонад, хашмгин мекунад ва табассум мекунонад. Филм ҳамчун як "супер-хит" аз ҷиҳати даромад ҷои намоёнро гирифт ва дар он сол Каҷол дуюм ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаро дар Filmfare бурд намуд[18]. Аммо, бузургтарин муваффақияти ӯ дар он сол баъди филми ниҳоӣ, дебюти коргардонии Каран Ҷоҳар, Kuch Kuch Hota Hai буд. Бо ишитироки Шоҳруххон, Ранӣ Мукҳерҷӣ ва Салмонхон, филм ҳамчун беҳтарин ва сердаромадтарин филми Болливуд ҳисобига шуд. Ҳам дар Ҳиндустон ва ҳам дар хориҷа бо ҳисоби умуми $14 миллион ба даст овард[19][20]. Дар ниҳоят, ӯ дар ҷоизаи 44-ум Filmfare Awards ҷоизаи дуввуми худ барои беҳтарин ҳунарпешаро ва ҷоизаи аввалини Zee Cine-ро барои нақши беҳтарин дар филм ба даст овард.

1999-2001:Муваффақиятҳои тиҷоратӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1999, баъд аз издивоҷ бо Аҷай Девган, Каҷол дар филми Пракаш Ҷа Dil Kya Kare бо Маҳима Чаудҳарӣ ва шавҳараш ҳунарнамоӣ намудааст[21]. Аз ҷиҳати даромад филм муваффақ нашуд. Бо вуҷуди ин, филми навбатии ӯ, драмаи Hum Aapke Dil Mein Mein Rehte Hain, муваффақ гардид[22]. Ҳамроҳи Анил Капур нақши Каҷол дар маросими ҷоизасупорӣ номзади беҳтарини актрисаро соҳиб шуд. Филми сеюм ва ниҳоии Каҷол дар соли 1999 драмаи ошиқона ва аз ҷиҳати даромад ноком мондааст, Hote Hote Pyar Ho Gaya мебошад, ки бо Ҷекӣ Шрофф, Атул Агниҳотрӣ ва Айеша Ҷҳулка ҳунарнамоӣ намудааст[23]. Аввалин баромади Каҷол дар соли 2001 ин дар комедияи Раҳул Рашайл Kuch Khatti Kuch Meethi буда, дар он нақшҳои дугонаи Тина ва Свитӣ Ханнаро иҷро намудааст. Хоҳарони дугоник ҳангоми таваллуд ҷудо шуда буданд. Филм муваффақ нагардад ва мунаққидон баҳои паст доданд[24]. Баъдтар, ҳамон сол, ӯ дар драмаи оилавии Каран Ҷоҳар Kabhi Khushi Kabhie Gham... нақши асосиро бозид, ки дар Ҳиндустон ва берун аз он муваффақияти бузургеро ба даст овард[25]. Дар филм Амитабҳ Баччан, Ҷая Баччан Баҳодурӣ, Шоҳруххон, Ритик Рошан ва Карина Капур дар нақшҳои асосӣ ҳунарнамоӣ намудаанд. Каҷол дар нақши Анҷали Шарма, зани ҷавони панҷобӣ аз минтақаи Чандни Човкии Деҳлӣ, ки ҳамсари Раҳул Райчанд мегардад. Аз баски онҳо сарватманданд падари Раҳул камбағалдухтарро қабул намекунад. Ҳангоми сабти филм Каҷол бо мушкилии забон дучор шуд, зеро аз ӯ талаб карда мешуд, ки бо забони панҷобӣ, ки забони ӯро хуб намедонист, сухан гӯяд. Бо вуҷуди ин, вай бо ёрии продюсер Яш Ҷохар ва аъзоёни экипаж талаффузи дуруст ва диксияро омӯхт[26]. Иҷрои ӯ хело хуб қабул карда шуда, якчанд ҷоизаҳоро, аз ҷумла ҷоизаи сеюми Filmfare Awards ва ҷоизаи дуввуми Screen Awards барои беҳтарин нақши беҳтарин ҳунарпешаро ба даст овардааст.

2006-2010: Ишқи нобино ва Номи ман Хон аст

[вироиш | вироиши манбаъ]

Каҷол, баъди филми Kabhi Khushi Kabhie Gham танаффус карда буд, дар соли 2006 бо триллери ошиқонаи Кунал Колӣ, Ишқи нобино (Fanaa) ба синамо баргашт ва нақши муқобилро Амирхон иҷро кардааст[27]. Филм ҳамчун яке аз муваффақтарин филми Болливуд қабул карда шуд[28]. Ӯ нақши Зунӣ Алӣ Бег, духтари нобинои кашмириро иҷро кардааст, ки нафаҳмида, дар муҳаббати террорист меафтад, ки нақши террористро Амирхон иҷро намудааст. Ҳарду аз иҷрояшон ба хубӣ баромадаанд ва инчунин иҷрои Каҷол хуб пазироӣ карда шудааст[29]. Кори ӯ дар Ишқи нобино (Fanaa) ба Каҷол ҷоизаи чаҳоруми Filmfare Awards ва ҷоизаи дуввуми Zee Cine Awards-ро дар номзади беҳтарин нақш овардааст.

Пас аз муваффақияти филми Ишқи нобино,ӯ бори аввал дар дебюти режиссёрии шавҳараш, дар драмаи U Me Aur Hum (2008) нақши Пияро бозидааст. Пас аз ба рӯи навор баромади филм, иҷрои ӯ баҳои мусбат гирифт.

Пас аз он Каҷол бо шоҳи Болливуд Шоҳруххон дар филми Каран Ҷоҳар "Номи ман Хон аст " ҳунарнамои намудааст. Филм драмаи зиддитеррористӣ буда, дар асоси табъизи қавмӣ, ки мусулмонони амрикоӣ пас аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дучор шуда буданд сохта шудааст[30]. Номи ман Хон аст дар моҳи феврали соли 2010 ба намоиш гузошта шудааст. Филм дар саросари кӯраи замин муваффақ гардид.[31]. Иҷро Каҷол дар нақши Мандир, зани оилавайрон, модари танҳои ҳиндӣ, ки бо як марди бемори мусалмон издивоҷ мекунад, аз тарафимунаққидон ситоиш шудааст. Ин филм ҷоизаҳои зиёдеро бурд намудааст, ки Каҷол ҷоизаи панҷи Filmfare Awards-ро дар номзади "Беҳтарин ҳунарпеша" ба даст овардааст[32].

Баъдтар вай дар якҷоягӣ бо Карина Капур ва Арҷун Рампал дар драмаи оилавии миёнаҳаҷми Сидҳартҳ Малҳотра "Мо оила ҳастем" (We are family), ки дар асоси драмаи амрикоӣ Stepmom (1998) сохта шудааст, ҳунарнамоӣ намудааст. Филми ниҳоии он сол Toonpur Ka Super Hero буда, марди муқобилро Аҷай Девган бозидааст[33].

Пас аз панҷ соли ғоиб гаштан аз экран Каҷол бори ҳафтум бо Шоҳруххон (Варун Дҳаван, Критӣ Санон) дар драмам комедиявии Роҳит Шеттӣ "Ошиқон" (Dilwale, 2015) пайдо гашт. Иҷрои ӯ, Мира Дев Малик духтари мафиозӣ буда, ба писари рақиби оилааш ошиқ мешавад, тасвир мекунад. Ин филм инчунин муваффақияти бузург ҳам барои ҳунарпешаҳо ва ҳам барои коргардони филм буд. Дар соли 2017, Каҷол дар муқобили Дҳануш дар Velaiilla Pattadhari 2 нақш бозидааст[34].

Соли 2018, ӯ дар нақши сарояндаи дар филми Прадип Саркар Helicopter Eela, ҳунарнамоӣ намудааст. Пас аз баромадани филм аз тарафи мунаққидон посухҳои мусбат гирифт[35]. Ӯ акнун бо шавҳараш дар ду филм соли 2020 нақш хоҳанд офаридааст. Якум филми Ом Раут Taanaji:The Unsung Warrior (инчунин Сайф Алихон низ иштирок мекунад ) ва дуввум Tribhanga[36].

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Каҷол аз соли 1994, ҳангоми банаворгирии филми Gundaraj, бо ҳунарпеша Аҷай Девган муносибати ошиқонаро оғоз намудааст. Бо вуҷуди ин корбарони ВАО онҳоро "ҷуфти номувофиқ" номбар карданд[37].Баъдтар онҳо 24 феврали соли 1999 дар як маросими анъанавии Маҳороштра дар хонаи Девган издивоҷ карданд. Тӯй мавриди таҳқиқи васеи расонаҳо қарор гирифт, зеро баъзе аз аъзои расонаҳо мегуфтанд, ки Каҷол аз синамо меравад[38].Бо вуҷуди ин, Каҷол изҳор дошт, ки ӯ филмро тарк намекунад, вале миқдори кореро, ки ӯ иҷро мекард, коҳиш медиҳад. Пас аз издивоҷаш, Каҷол ҳамроҳи Девган ва падару модари Аҷай ба хонаи аҷдодии онҳо ба Ҷуҳу кӯчиданд[39]. Ҳангоме ки корбарони васоити ахбори омма дар бораи набудани мувофиқати байни волидони Аҷай ва ӯ изҳори пурсиданд, Каҷол фаҳмонд, ки онҳо «мисли волидайнам ҳастанд» ва ӯро ташвиқ карданд, ки дар филмҳо идома диҳад[40]. Таблоидҳо Девганро аксар вақт бо дигар ҳунарпешаҳои Болливуд ба таври ошиқона пайванд мекарданд ва дар бораи ҷудошавии наздик гузориш доданд. Ин овозаҳоро рад карда, Каҷол изҳор кард, "Ман ба ин овозаҳо бовар намекунам, зеро ман роҳи ин соҳаро медонам. Шахс бе эътимод издивоҷро давом дода наметавонед. Ростӣ, ман барои чунин овозаҳо парвое надорам." Соли 2001, Каҷол ба фарзанди якуми худ ҳомиладор шуд. Мутаассифона аз дарди зиёд кӯдаки батнашро аз даст додааст[41]. 20 апрели соли 2003, Каҷол духтараш Нисаро таваллуд кард[42]. Ҳафт сол пас, 13 сентябри соли 2010, ӯ писаре таваллуд кард, Юг[43].

Калид
Films that have not yet been released Филмҳое, ки ҳоло рӯи навор набаромадаанд
Сол Номгӯй Нақшҳо Коргардон Шарҳҳо Сарчашма
1992 Bekhudi Радҳика Раҳул Равайл [44]
1993 Baazigar Прия Чопра Аббос–Мустан [45]
1994 Udhaar Ki Zindagi Сита К. В. Раҷу [46]
Yeh Dillagi Сапна Нареш Малҳотра Дар категорияи Filmfare Award for Best Actress номзад шудааст [47]
[48]
1995 Karan Arjun Сония Саксена Ракеш Рошан [49]
Taaqat Кавита Талат Ҷанӣ [50]
Hulchul Шармилӣ Анис Базмӣ [51]
Gundaraj Риту Гудду Дҳаноа [52]
Dilwale Dulhania Le Jayenge Симран Сингҳ Адитя Чопра Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша
1996 Bambai Ka Babu Неҳа Викрам Бҳатт [53]
1997 Gupt: The Hidden Truth Иша Диван Раҷив Рай Filmfare Award барои беҳтарин нақши манфӣ
Hameshaa Ранӣ /Решма Шарма{ Санҷай Гупта [54]
Minsara Kanavu Прия Амалраҷ Раҷив Менон Филми томилӣ [55]
Ishq Каҷол Индра Кумар [56]
1998 Pyaar Kiya To Darna Kya Мускан Такур Соҳайл Хон [57]
Duplicate Ноаён Манеш Бҳатт Баромади махсус [58]
Dushman Найна/Сония Сайгал Тануҷа Чандра Дар Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша номзад шудааст [59]
[48]
Pyaar To Hona Hi Tha Санҷана Анис Базмӣ Дар Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша номзад шудааст [60]
Kuch Kuch Hota Hai Анҷалӣ Шарма Каран Ҷоҳар Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша
1999 Dil Kya Kare Нандита Рай Пракаш Ҷа [61]
Hum Aapke Dil Mein Rehte Hain Мегҳа Сатиш Каушик Дар Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша номзад шудааст [62]
[48]
Hote Hote Pyar Ho Gaya Пинкӣ Фироз Иранӣ [63]
2000 Raju Chacha Анна/Санҷана Анил Девган [64]
2001 Kuch Khatti Kuch Meethi Свитӣ/Тина Ханна Раҳул Равайл [65]
Kabhi Khushi Kabhie Gham... Анҷалӣ Шарма Райчанд Каран Ҷоҳар Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша
2003 Шояд фардое набошад Худаш Никҳил Адванӣ Намоиши махсус дар суруди "Maahi Ve" [66]
2006 Fanaa Зунӣ Алӣ Байг Кунал Коҳлӣ Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша
инчунин сарояндаи пасикадрӣ дар суруди "Mere Haath Mein"
[67]
Kabhi Alvida Naa Kehna Худаш Каран Ҷоҳар Намоиши махсус дар суруди "Rock N Roll Soniye" [68]
2007 Om Shanti Om Худаш Фараҳ Хон Намоиши махсус дар суруди "Deewangi Deewangi" [69]
2008 U Me Aur Hum Пия Аҷай Девган Дар Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша [48]
[70]
Haal–e–dil Худаш Аҷай Девган Намоиши махсус дар суруди "Oye Hoye" [71]
Rab Ne Bana Di Jodi Ноаён Адитя Чопра Намоиши махсус дар суруди "Phir Milenge Chalte Chalte" [72]
2010 My Name Is Khan Мандиро Хон Каран Ҷоҳар Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша
We Are Family Мая Сидҳарт П. Малҳотра [73]
Toonpur Ka Super Hero Прия Шрутӣ Шарма Кирит Хурана Филми тасвирӣ [74]
2012 Makkhi Модар (овоз)

С. С. Раҷамоулӣ

Дар варианти тарҷума бо забони ҳиндӣ [75]
Student of the Year Худаш Каран Ҷоҳар Намоиши махсус дар суруди "The Disco Song" [76]
2015 Дилвола Роҳит Шеттӣ Дар Filmfare Award барои беҳтарин ҳунарпеша [77]
[78]
2017 Velaiilla Pattadhari 2 Васундҳара Парамешвар Соундаря Раҷиникант Филми томилӣ [79]
2018 Incredibles 2 Ҳелен Парр (овоз) Дар варианти тарҷума бо забони ҳиндӣ [80]
Helicopter Eela Эла Райтукар

Прадип Саркар

[81]
Zero Худаш

Ананд Л. Рай

Намоиши ноаён [82]
2020

Tanhaji

Савитрибай Малусаре Ом Раут

Devi

Ҷиотӣ Приянка Банерҷӣ Филми кутоҳ [83]

Номзадӣ:

Номзадӣ:

Ҷоизаҳои дигар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баромад дар ТВ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номзадӣ:

Номзадӣ:

Номзадӣ:

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
  2. Deutsche Nationalbibliothek Record #140419713 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. Making meaning in Indian cinema. Oxford University Press. 2000. p. 256. ISBN 978-0-19-564545-3. Retrieved 5 June 2012. 
  4. Choudhary, Anuradha Kajol: A Mother's Role is More Defined. iDiva (13 April 2012). 2 июни 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 июни 2012.
  5. When Kajol was head girl. Rediff.com (22 August 2007). 12 марти 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июни 2015.
  6. Box Office 1994. BoxOfficeIndia.Com. 10 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 августи 2012.
  7. Box Office 1995. BoxOfficeIndia.Com. 12 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 августи 2012.
  8. Gundaraj: B'day Bumps: Kajol turns 35. IBNLive. 31 май 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2014.
  9. Top Lifetime Grossers Worldwide. Boxofficeindia.com. 25 Декабри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2010.
  10. ´DDLJ´ Enters The Twelfth Year at the Theaters!. planetbollywood.com. 14 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2007.
  11. Kajol: Awards & Nominations. Bollywood Hungama. 23 июли 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Декабри 2009.
  12. Box Office 1996. BoxOfficeIndia.com. 12 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2008.
  13. 13.0 13.1 Box Office 1997. BoxOfficeIndia.com. 10 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Январ 2012.
  14. The life and times of Kajol. NDTV (29 July 2009). 31 май 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июли 2012.
  15. Box Office 1998. BoxOfficeIndia.Com. 10 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Январ 2008.
  16. Tejaswini Ganti (16 February 2012). Producing Bollywood: Inside the Contemporary Hindi Film Industry. Duke University Press. pp. 210–211. ISBN 978-0-8223-5213-6. Retrieved 5 June 2012. 
  17. Verma, Sukanya Amazon as avenger. Rediff.com (4 June 1998). 1 июни 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Декабри 2015.
  18. Box Office 1998. BoxOfficeIndia.Com. 10 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Январ 2008.
  19. Top Lifetime Grossers Worldwide. BoxOfficeIndia.Com. 26 Декабри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2010.
  20. Overseas Earnings (Figures in Ind Rs). BoxOfficeIndia.Com. 10 Январ 2008 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2008.
  21. Choudhary, Anuradha. Filmfare -Print Edition: Interview — Kajol, Filmfare (March 2000). Бойгонӣ шудааст 25 июли 2012  сол. Проверено 1 июни 2012.
  22. Box Office 1999. BoxOfficeIndia.Com. 10 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июли 2011.
  23. Gupta, Shubhra. Show me the money, The Hindu (21 March 2008). Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2014  сол. Проверено 1 июни 2012.
  24. Someshwar, Savera R. Amazon as avenger. Rediff.com (19 January 2001). 1 июни 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2012.
  25. Box Office 2001. BoxOfficeIndia.Com. 10 Январ 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Январ 2008.
  26. Filmfare — Print Edition: Best Actress (Kajol), Filmfare (April 2002). Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2014  сол. Проверено 3 май 2012.
  27. Kajol reveals all, The Times of India (12 October 2007). Бойгонӣ шудааст 7 июли 2012  сол. Проверено 1 июни 2012.
  28. Top Lifetime Grossers Worldwide. Boxofficeindia.com. 26 Декабри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2010.
  29. Kamat, Sudish. Absolute non-starter — Fanaa, The Hindu (2 June 2006). Бойгонӣ шудааст 23 феврали 2014  сол. Проверено 1 июни 2012.
  30. Tejaswini Ganti (16 February 2012). Producing Bollywood: Inside the Contemporary Hindi Film Industry. Duke University Press. p. 360. ISBN 978-0-8223-5213-6. Retrieved 1 June 2012. 
  31. Top Worldwide Grossers ALL TIME: 37 Films Hit 100 Crore. Boxofficeindia.com. 3 феврали 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 феврали 2012.
  32. Review: My Name Is Khan is inherently sincere — Movies News News — IBNLive. Ibnlive.in.com (13 February 2010). 12 августи 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 октябри 2012.
  33. Ajay and I don't agree on scripts easily: Kajol, The Express Tribune (20 December 2010). Бойгонӣ шудааст 30 марти 2014  сол. Проверено 1 июни 2012.
  34. Singh, Suhani. Dilwale review: The film struggles to make its way into the audience's hearts, India Today (18 December 2015). Бойгонӣ шудааст 26 Декабри 2015  сол. Проверено 28 Декабри 2015.
  35. Kajol back in the spotlight, Mumbai Mirror (25 January 2018). Бойгонӣ шудааст 25 Январ 2018  сол. Проверено 25 Январ 2018.
  36. Ramasubramanian, Uma. Exclusive: I was initially apprehensive about VIP 2, says Kajol, Deccan Chronicle (3 April 2017). Бойгонӣ шудааст 3 июли 2017  сол. Проверено 1 ноябри 2017.
  37. The Happiest Marriages in Bollywood. Rediff (23 March 2011). 4 июни 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2012.
  38. Gupta, Rakhee. Kajol decides to 'phase out', The Tribune (22 February 2001). Бойгонӣ шудааст 9 ноябри 2013  сол. Проверено 4 июни 2012.
  39. Srnivasan, V.S. Quietly were they wed. Rediff (25 February 1999). 4 июни 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 марти 2012.
  40. Bhattacharya, Roshmilla. Kajol, Ajay the perfect couple, Hindustan Times (28 February 2010). Бойгонӣ шудааст 25 Январ 2013  сол. Проверено 4 июни 2012.
  41. Kajol back home after miscarriage, The Times of India (21 December 2001). Бойгонӣ шудааст 9 июли 2012  сол. Проверено 4 июни 2012.
  42. Kajol delivers baby girl, The Times of India (20 April 2003). Бойгонӣ шудааст 2 октябри 2013  сол. Проверено 4 июни 2012.
  43. https://m.timesofindia.com/entertainment/bollywood/news-interviews/Kajol-Ajay-welcome-baby-boy/articleshow/6545239.cms?referral=PM
  44. Bekhudi (1992). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  45. Baazigar (1993). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  46. Udhar Ki Zindagi (1994). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  47. Yeh Dillagi (1994). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
  48. 48.0 48.1 48.2 48.3 Kajol: Awards & Nominations. Bollywood Hungama. 21 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2011.
  49. Karan Arjun (1995). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  50. Taaqat (1995). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Январ 2015.
  51. Hulchul (1995). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  52. Gundaraj (1995). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  53. Bambai Ka Babu (1996). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  54. Hamesha (1997). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  55. Google doodle celebrates MS Subbulakshmi's 97th birth anniversary, India Today (16 September 2013). Бойгонӣ шудааст 4 феврали 2015  сол. Проверено 25 Январ 2015.
  56. Ishq (1997). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  57. Pyar Kiya To Darna Kya (1998). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 августи 2014.
  58. https://timesofindia.indiatimes.com/entertainment/hindi/bollywood/did-you-know/did-you-know-that-kajol-played-a-cameo-in-shah-rukh-khan-starrer-duplicate/articleshow/72156873.cms
  59. Dushman (1998). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  60. Pyar To Hona Thi (1998). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд.
  61. Dil Kya Kare (1999). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  62. Hum Aapke Dil Mein Rehte Hain (1999). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  63. Hote Hote Pyaar Ho Gaya (1999). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  64. Raju Chacha (2000). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  65. Kuch Khatti Kuch Meethi (2001). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  66. Kal Ho Naa Ho (2003). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  67. Shahab, S.K. (25 October 2010). Pakistan Illustrated, Volume 16, Issues 4–6. University of Michigan. p. 50. 
  68. Kabhi Alvida Naa Kehna (2006). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  69. Om Shanti Om (2007). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
  70. U Me Aur Hum (2008). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  71. Haal-e-Dil (2008). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  72. Rab Ne Bana Di Jodi (2008). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  73. We Are Family (2010). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  74. Toonpur Ka Superrhero (2010). Bollywood Hungama. 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  75. After Ajay Devgn, Kajol lend voice for Eega Hindi version, Filmi Beat (23 Feb 2013).
  76. Kajol's cameo in 'The Disco Song' in SOTY. Bollywood Hungama (1 September 2012). 18 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2015.
  77. Rohit Shetty's Dilwale to star Shah Rukh Khan, Kajol, Varun Dhawan and Kriti Sanon, Daily News and Analysis (14 March 2015). Бойгонӣ шудааст 15 марти 2015  сол. Проверено 15 марти 2015.
  78. Nominations for the 61st Britannia Filmfare Awards, Filmfare (11 January 2016). Бойгонӣ шудааст 12 Январ 2016  сол. Проверено 11 Январ 2016.
  79. Ramanujam, Srinivasa. VIP2’s Vasundhara is like me, says Kajol, The Hindu (8 July 2017). Бойгонӣ шудааст 28 июли 2017  сол. Проверено 28 июли 2017.
  80. Yount, Stacey Kajol The Voice of ElastiGirl for Hindi Incredibles 2 (en-US). BollySpice.com - The latest movies, interviews in Bollywood (29 май 2018).
  81. Guha, Kunal. Helicopter Eela movie review: Kajol's film barely skims the surface of issues between mothers and sons, Mumbai Mirror (12 October 2018). Проверено 12 октябри 2018.
  82. Lohana, Avinash. ‘Dwarf’ SRK serenades his lovely ladies again, Pune Mirror (3 October 2017). Бойгонӣ шудааст 29 октябри 2017  сол. Проверено 11 ноябри 2017.
  83. Kajol, Shruti Haasan, Neha Dhupia, Neena Kulkarni among others star in short film titled Devi. Bollywood Hungama.