Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Мунҷак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мунҷак
Мунҷаки хитойӣ (Muntiacus reevesi)
Мунҷаки хитойӣ (Muntiacus reevesi)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Muntiacus Rafinesque, 1815
Ареал
тасвир
Мунҷакҳои ҳиндӣ

Мунҷак (лот. Muntiacus) — ҷинси ҳайвони ҷуфтсумест аз оилаи гавазнҳо.

Тавсифот биологӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарозии танааш 80—100 сантиметр ва баландии сари дӯшаш 45—58 сантиметр. Думи борику дароз, пашми кӯтоҳ ва нарм дорад, наринааш шохдор (дарозии шохаш то 15 сантиметр). Ранги мунҷак ашдабии зардча ва баъзан қаҳваранги бӯртоб мешавад. 5 намуд до­рад. Бештар дар Осиёи Ҷануби Шар­қӣ, инчунин ҷазираҳои Суматра, Ява ва Калимантан паҳн гаштааст. Ху­роки мунҷак алаф, барг ва шохчаи дарахтон аст. Дар ҷангалзор вомехӯрад. Одатан, 1 ва баъзан 2-то мезояд. Мунҷакро асосан барои гушт ва пӯст шикор мекунанд.