Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Нидо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нидо — гурӯҳи калимаҳоест, ки маънои луғавӣ надоранд,ҳиссиёти ботиниву зоҳирӣ ва иродаи гӯяндаро ба нутқи ҳамсуҳбат ва предмету ҳодисаҳои олами воқеӣ ифода менамоянд. Нидо бо имою ишорат ва оҳанг (интонатсия) зич марбут аст. Ҳамин тавр, ҳиссаи нутқе, ки ҳаяҷону ҳиссиёти гуногун ва изҳори иродаро ифода мекунад, нидо номида мешавад. Ба гурӯҳи нидоҳои эмотсионалӣ пеш аз ҳама нидоҳои якҳиҷогиву дуҳиҷогии э, о, а, е, и, эҳ, оҳ, уҳ (ӯҳ), у, ай, ҳу, ҳе, уф, во, туф (туфу), воҳ, вой, баҳ, аҳа, оҳо, оббо, ӯббо, эҳе, бай-бай, хуше, ана, мана, ҳӣ-ҳӣ, ура ва ғайра дохил мешаванд. Маънои ин нидоҳо бештар ба воситаи оҳанги гуфтор муайян мегардад.

  • Э, отунҷоне, гап бисёру мову шумо хабар надорем (Фотеҳ Ниёзӣ).
  • Ай ,шумо чӣ хел одамед, ки ба як бор гуфтан намефаҳмед?
  • Оббо, писараме, гӯр пирӣ шавад,қариб, ки нашиносам- а!-гуфт охир Юнусбобо (Фотеҳ Ниёзӣ).

Калимаҳои зиёде аз ҳиссаҳои дигари нутқ ба нидо гузаштаанд ва ё ба вазифаи нидо истифода мешаванд: ку, мана, ана, не, на (аз ҳиссача), офарин, аҳсан, ҳайф, ҳайҳотраҳмат, хайрият (аз исм), саломат бошед, хайр, муборак бошад, хуш омадед (аз феъл), ҳаргиз, асло (аз зарф), ки (аз пайвандак) ба ин ҳиссаи нутқ гузаштаанд.

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — с. 336