Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Саълабиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саълабиҳо
Тасвир аз китоби «Kunstformen der Natur»
Тасвир аз китоби Эрнст Ҳеккел «Kunstformen der Natur», 1904
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Orchidaceae Juss., 1789
Мутародифот
Таксонҳои хоҳар
Ареал
тасвир

Саълабиҳо (лот. Orchidáceae) — як оилаи гиёҳҳои бисёрсола, эпифитҳо (бештар дар тропика) ва баъзе лианаҳоро гӯянд.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саълабиҳое, ки дар замин месабзанд, одатан решапоя ё решаи лӯндашакл доранд. Онҳо асосан дар маргзор, шибарзамин, беша, соҳили рӯдҳои кӯҳӣ мерӯянд. Эпифитҳо, яъне саълабиҳое, ки дар шохаву танаи дарахтон месабзанд, решаи овезони ҳавоӣ доранд. Дар решаи баъзеи онҳо фотосинтез мешавад. Барги саълабиҳо таназзул ёфта, ба пулакчаи беранг мубаддал шудааст. Пояи баъзеи онҳо ғафс аст, ки «саълаб» (туберидия) мегӯянд; онҳо об ва моддаҳои ғизоиро гирд меоранд.

Гули гуногунранги як ё дуҷинса, хӯшагули сергул (дарозиаш баъзан то 2—3 метр), ғӯзаи 3— 6-паллаи сертухм (дар як ғӯза то 3—4 миллион дона) дорад. Тухми онҳоро шамол пош медиҳад.

Ҷинс ва намудҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саълабиҳо қариб 800 ҷинс ва то 30 ҳазор намуди рустаниҳоеро дар бар мегиранд, ки дар бисёр кишварҳои дунё (махсусан дар ноҳияҳои серрутубати бешазори тропикӣ ва субтропикии Осиё ва Америка) маъмуланд. Дар Тоҷикистон 9 намуди саълабиҳо маълуманд

Саълабиҳо рустаниҳои ороишианд. Меваи баъзеи онҳоро дар қаннодӣ ва атриёт истифода мебаранд. Аз лӯндабехи онҳо дору тайёр мекунанд.

  1. Об условности указания класса однодольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Однодольные».
  • Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 2, Москва — Ленинград, 1963;
  • Селезиева В. А., Тропические и субтропические орхидеи, Москва, 1965.