Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Таҳмдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таҳмдор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: تهم‌دار
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Таҳморо
Дараҷаи пойинтар Таҳмовар
Ҳамто

Таҳмдор (форсӣ: تهم‌دار‎) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз таҳмовар ва пойинтар аз таҳморо дорад ва баробар бо новбон дувум дар нерӯи дарёӣ аст; лейтенант[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Таҳмовар

Таҳмдор
Дараҷаи болотар:
Таҳморо

Таҳмдор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи таҳмро дорад, ки ягони тактикиест, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3].

«Таҳмдор» яке аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён аст, ки унвони фармондеҳи таҳм буд. Пажӯҳишгарон ин унвонро рӯбардор аз истилоҳи юн.-қад. τάγματάρχος (τάγμαгурдон’ + άρχωфармондеҳ’, яъне саргурд) дар сипоҳи Руми Шарқӣ донистаанд:

паҳлавӣ: tagm(a)dār < юн.-қад. τάγμα > паҳлавӣ: tahmīhнерӯ’ + -dārдоранда’ < паҳлавӣ: tahmdārфармондеҳи таҳм[4].

«Таҳмдор» бо равиши вожасозии таркиб аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: таҳм + дор. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + пайвожа (-дор)] аст. Пасванди «-дор» (< порсии миёна: *dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»[5]) ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[6]. Ин пасванд дар вожасозии низомӣ аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон «*kāra-daranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор[5], дар паҳлавӣ: «tagm(a)dār» ва дар форсӣ: «сипаҳдор»‎ ва «лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд.

«Сипаҳдор ё сипоҳдор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва мутародиф бо «сипаҳсолор» ва «фармонраво; подшоҳ» аст ва «сипаҳдорӣ» низ «амали сипаҳдор, сардории сипоҳ, фармондеҳӣ»-ро мегуфтанд[7]. Чунончи, Фирдавсӣ «сипаҳдор»-ро дар «Шоҳнома» ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» бисёр ба кор бурдааст:

Таҳамтан ҳамон гаҳ забон баркушод,
Паёми сипаҳдори Эрон бидод[8].

Сипаҳдори Турон чу з-он гуна дид,
Сабук сар аз он ҷанг берун кашид[8].

«Лашкардор» низ аз истилоҳоти куҳани низомӣ ва ба маънои «идоракунанда ва фармондеҳи лашкар» аст ва «амалу шуғли лашкардор; нигаҳдории лашкар; фармондеҳии лашкар»-ро «лашкардорӣ» мегуфтанд[9]. «Лашкардор» дар «Марзбоннома» ба маънои «фармондеҳи лашкар» ба кор рафтааст:

«Корҳои мамлакат ба мардони кору лашкару лашкардор рост ояд»[10].

Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмовар» ва «таҳмбон» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти хурд» ва «лейтенанти калон» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[11].

Таҳмдор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224) пайдо шудааст. «Тагма» (юн.-қад. «τάγμα») дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифт[12]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавӣ: tahmīhнерӯманд, диловар, далер, чобук’ (аз эронии бостон: *taxma- > √*tak-тохтан, давидан’ < порсии миёна: tahm > форсӣ: تهم‎ [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон[5]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст[13].

Дар сипоҳи Сосониён (224651), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[14], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[15]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[16].

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
  4. Лившиц В. А. Парфянская ономастика. – СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. – 400 с., ил. – (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1.
  5. 5.0 5.1 5.2 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 1244—1245
  6. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45
  7. Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра). ҷ. 5, с. 4034
  8. 8.0 8.1 Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 2. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
  9. Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 – . 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
  10. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.
  11. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  12. Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
  13. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354 – 355
  14. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  15. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  16. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.