Хурфа
Хурфа | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Portulaca.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Portulaca oleracea L. (1753) | ||||||||||||||||
|
Хурфа (лот. Portúlaca olerácea), хулфа, чавлигӯштак, чавлонгӯштак, вашфанг, синҷоб, хафраҷ, парнаҳн, фарфах, фарфина, бақлаи Зуҳро, бақлаи Тоҳир — гиёҳи яксолаест аз оилаи хулфаиҳо.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]10—35 см қад мекашад. Баргаш байзашакл ё белчашакл (дарозиаш 0,8—3 см, бараш 0,5—1 см), сергӯшт, сероб. Гулаш майда, зард; охири моҳи май ба шукуфтан cap мекунад ва аз июн то охирҳои тирамоҳ тухм мебандад. Ғӯзааш мудаввар ё байзашакл, тухмаш гурдашакли дорчинӣ.
Густара
[вироиш | вироиши манбаъ]Хурфаи худрӯй дар СССР (Закавказия, Қисми европоӣ, Шарқи Дур ва Осиёи Миёна) фаровон аст. Дар Тоҷикистон Xурфа чун алафи бегона дар пахтазор, полиз, алафзор, боғ ва ғайра месабзад. Дар ҷойҳои регзори соҳили дарё, наздики истиқоматгоҳҳо ва замини партов низ нимӯ мекунад.
Корбурдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Xурфа чун гиёҳи ғизоӣ аз қадим маълум аст. Махсусан Xурфа сабзавоти писандидаи кавказиҳо ҳисоб меёбад. Онро чун хӯриш, бирён карда, очоронида ва ба таом андохта, фаровон истеъмол мекунанд. Хусусиятҳои шифобахши Xурфа ба Буқрот (Гиппократ), Плиний, Ҷолинус (Гален), Абӯрайҳони Берунӣ ва Абӯалии Сино маълум буданд. Дар тибби Шарқ махсусан тухми Xурфа чун доруи сурфа (сулфа) машҳур аст. Шоири асри 10 Тайёни Марвазӣ гуфтааст:
Касеро, к-ӯ ту бинӣ дарди сурфа,
Бифармояш ту оби дӯғу хурфа.
Бо гуфти Ҷолинус тухми Xурфа хусусияти исҳоловарӣ низ дорад. Сино афшураи Хурфаро доруи сертаъсир ҳисобидааст. Онро барои табобати илтиҳоби меъда, заъфи ҷигар ва барои рафъи хунпартоӣ тавсия медод. Xурфа барои захми пешобдон ва заъфи гурда низ муфид аст. Хунравиро боз медорад. Баргу пояи бирён шудаи Xурфа исҳолро мебандад.
Xурфа дар тибби халқӣ низ хеле маъмул аст. Баргу пояи навраси онро ба хӯроки бемороне, ки ба раъфи пешобдон, гурда ва ҷигар гирифторанд, илова мекунанд. Аммо ба шахсоне, ки гирифтори ғалаёни хун (гипертония) ҳастанд, фаровон истеъмол кардани Xурфа зарар дорад. Таҷрибаи дорушиносон нишон дод, ки нақеъ ва ҷӯшоби баргу пояи Xурфа рагҳои хунгардро танг намуда, хунро ба ғалаён меоранд. Табибон ба шахсони гирифтори диабет ҳам Хурфаро тавсия медиҳанд. Санҷиш нишон дод, ки нақеи Xурфа қанди таркиби хунро кам мекунад, аз ин рӯ, истифодаи баргу пояи он дар давраи оғози диабет муфид аст. Хурфаро доруи киҷҷарон меҳисобанд. Бо он дарди чашмро низ табобат мекунанд. Марҳамашро ба ҷои газидаи каждум ва занбўр мебанданд. Озарбойҷониҳо бо баргу пояи Xурфа касалиҳои ғадуди сипаршаклро табобат менамоянд.
Дар тибби ҳозира ҷўшоби тухми Хурфаро ҳангоми исҳол ва ҷӯшоби баргу пояашро чун доруи зиддиилтиҳобӣ ва шошарон истифода мебаранд. Xурфа барои табобати зангила (синга) низ хуб аст.
Xурфа гиёҳи сервитамин аст. Баргу пояаш 180—300 мг% витамини С, 11,6% витамини Е, 0.29 мг/г каротин (провитамини А), 33% моддаҳои нитрогендор (асосан сафеда), 6% равған, кислотаҳои органикӣ, гликозидҳо, намакҳои минералӣ ва ғайра дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Флора Таджикской ССР. т. 3, Л.. 1968;
- Скляревский Л. Я.. Целебные свойства пищевых растений. М., 1972.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хурфа / М. Ҳоҷиматов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).