Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Хусрави Деҳлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хусрави Деҳлавӣ
Таърихи таваллуд: 1253[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 сентябр 1325
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, файласуф, нависанда, мусиқидон
Жанр: ғазал
Забони осор: арабӣ[2], туркӣ[2], ҳиндӣ[2], форсӣ[4][2] ва урду
 Парвандаҳо дар Викианбор

Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ (форсӣ: ابوالحسن یمین‌الدین خسرو دهلوی‎, ҳиндӣ: अबुल हसन यमीनुददीन ख़ुसरो) — шоир, файласуф, нависанда ва мусиқидони форс-тоҷики аҳли Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи аслии шоир Яминуддин, лақабаш Абулҳасан буда, Хусрав тахаллуси адабии ӯ мебошад. Гузаштагони Хусрав дар Мовароуннаҳр зиндагӣ кардаанд. Падари Хусрави Деҳлавӣ ҳангоми истилои муғул ватани худ — шаҳри Кешро тарк намуда, ба Ҳиндустон ҳиҷрат мекунад. Шоир дар асарҳои худ дар кадом сол таваллуд шудани худро қайд намекунад, аммо дар кадом сол чандсола будани худро равшан зикр кардааст. Чунончи, дар «Қиронуссаъдайн» менависад:

Он чи ба таърих зи ҳиҷрат гузашт,
Буд сана шашсаду ҳаштоду ҳашт.
Соли ману рӯз агар баррасӣ,
Рост бигӯям, ки шаш буду сӣ.

Дар ҷои дигар:

Кунун, ки шашсаду ҳаштоду чор шуд таърих,
Маро ба сию се омад навиди сию чаҳор.

Агар аз рӯи нишондоди порчаи болоӣ соли 652-и ҳиҷрӣ таваллуд шудани Хусрави Деҳлавӣ маълум шавад, аз далели дигар дар соли 651 таваллуд ёфтани шоир таъйин мегардад. Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Хусрави Деҳлавӣ дар охири соли 651 ҳиҷрӣ, яъне 1253 мелодӣ дар шаҳрчаи Патёли наздикии Деҳлӣ таваллуд ёфта будааст. Азбаски шоир бисёрии умри худро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, дар он ҷо вафот ёфтааст ва мадфани ӯ низ дар он ҷост, нисбати Деҳлавӣ мегирад. Дар соли 1261, ки Хусрави Деҳлавӣ ҳаштсола буд, падари ӯ дар ҷанги зидди ҳуҷуми муғул кушта мешавад. Бобои модарии Хусрави Деҳлавӣ Имодулмулк кӯдаки ҳаштсоларо дар таҳти назорати худ мегирад ва барои аз худ намудани илму дониш ба ӯ кумак мерасонад. Дар байни солҳои 1276—1278 Хусрави Деҳлавӣ ба дарбор кашида мешавад ва пас аз ин зиндагии дарбории шоир сар мешавад. Соли 1279 дар дарбори Туғрал, ки ҳокими Бангола буд, хидмат карда, баъд аз ин шоирро писари калонии Ғиёсуддин Балбан султон Муҳаммадхон, ки ҳокими Мултон буд, ба дарбори худ талабид. Дар он ҷо Хусрави Деҳлавӣ дар муддати панҷ сол хидмат мекунад. Баъди вафоти Ғиёсуддин Балбан (1287) Муиззуддин Кайқубод ба тахти салтанат баромада, Хусравро ба дарбори худ даъват мекунад, вале азбаски тамоми кору бори салтанат ба дасти яке аз дарбориёни бонуфуз Низомуддин буд ва ин шахс бо Хусрави Деҳлавӣ дар муносибати хуб набуд, шоир таклифи ба дарбори Муизуддин рафтанро қабул намекунад. Дар соли 1299 дар ҳаёти шоир бадбахтие рӯй медиҳад. Модар ва бародари хурди шоир дар байни як ҳафта вафот мекунанд. Хусрави Деҳлавӣ дар достони «Маҷнун ва Лайлӣ» аз ин ҳодиса бо сӯзу гудоз нақл намудааст:

К-имсол ду нур зи ахтарам рафт,
Ҳам модару ҳам бародарам рафт.
Як ҳафта зи бахти тофтаи ман
Гум шуд ду маҳи ду ҳафтаи ман

Хусрави Деҳлавӣ соҳиби фарзандони зиёд буд, аз рӯи гуфтаҳои худи ӯ маълум мешавад, ки вай як духтар (Афифа ё худ Мастура ва панҷ писар (Масъуд, Хизр, Рукнуддин, Айнуддин, Малик Аҳмад ва Муҳаммад) доштааст, ки аз байни онҳо Малик Аҳмад дар замони худ ҳамчун шахси бофазлу адаб ном бароварда буд. Хусрави Деҳлавӣ 18-уми шавволи 725 ҳичрӣ (27 сентябри соли 1325) вафот мекунад ва ӯро дар назди қабри Низомуддин ба хок месупоранд.

Мероси адабии Хусрави Деҳлавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хусрав яке аз пурмаҳсултарин шоиронест, ки қувваи эҷодии худро қариб дар ҳамаи намудҳои шеърии замони худ санҷида, чи дар назм ва чи дар наср асарҳои зиёде навиштааст. Қисми асосии мероси адабии Хусрав ба забони форсист. Инчунин ба забонҳои урду ва ҳиндӣ низ асар навишта будааст.

Девонҳои Хусрав

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои аввали эҷодиёти худ Хусрави Деҳлавӣ, асосан ғазалу қасида менавишт ва тахаллуси аввалаи ӯ Султонӣ буд ва бо ин тахаллус дар девони якуми ӯ бисёр ғазалҳоро дидан мумкин аст. Тахаллуси дуюм ва асосии шоир Хусрав аст. Ба навиштани достон шоир аз синни 36-солагӣ шурӯъ менамояд. Ашъори лирикии шоир дар панҷ девон гирд оварда шудааст. Ин панҷ девон дар давраҳои гуногуни ҳаёти шоир тартиб дода шудаанд ва Хусрав мувофиқи давраҳои синну соли худ ба ҳар кадоми онҳо номи махсусе додааст. Туҳфатуссиғар (Тӯҳфаи ҷавонӣ) — девони аввалини шоир мебошад, ки ашъори ӯро то синни нуздаҳсолагӣ дар бар мегирад. Дар дебоча Хусрави Дехлавӣ дар бораи дар айёми хурдсолӣ ба шеърнависӣ шуғл варзидани худ, оид ба тахаллуси аввалааш Султонӣ, инчунин доир ба масъалаи имтиҳон шудани ӯ дар соҳаи назм ва амсоли инҳо сухан меронад. Васатулҳаёт (Миёнаи ҳаёт). Ин девон ашъори то синни 34-солагии шоирро дар бар мегирад. Марсияҳои дар ҳаққи султон Муҳаммад Коон машҳур ба Хони шаҳид навиштаи Хусрав дар он дохил шудаанд. Ғурратулкамол Ин девон ашъори айёми камолот, яъне давраи 34-40 солагии шоирро дар бар мегирад. Девон дебочаи муфассале дорад, ки дар он шоир аз бисёр масъалаҳои муҳими адабиёт, инчунин аз тарҷимаи ҳоли худ сухан меронад. Бақиятулнақия дар соли 1318 (ё ки соли 1316) мураттаб шудааст. Қасидаву тарҷеъбанд ва таркиббандҳои ин девон ба таърифи Низомуддин Авлиё, султон Алоуддин ва писарони ӯ Муборакшоҳ ва Хизрхон ва чанде аз дарбориёни бонуфуз бахшида шудаанд. Дар ин девон мисли девонҳои дигари муаллиф ғазалиёт, қитъаот ва рубоиёт низ дохил гардидаанд.

Ниҳоятулкамол Девони панҷумин ва охирини Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Дар ин девон марсияи Ғиёсуддин Туғлук (с.в.1325) ва қасидаҳо дар васфи писари Ғиёсуддин султон Муҳаммад Туғлук (1325—1351) низ дарҷ шудаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки «Ниҳоятулкамол» чанд моҳ пеш аз вафоти Хусрави Деҳлавӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Дебочаи девон дар ҳамди Худову наъти пайғамбар ва тавсифи Низомуддин Авлиё мебошад. Девон қасоиду тарҷеъбанд, маснавиҳои ҳаҷман хурд, ғазалиёт, қитъаву рубоиётро дар бар мегирад. Ба қалами шоир зиёда аз 300 қасида тааллуқ дорад, ки даҳяки онҳо қасидаҳои фалсафӣ мебошанд. Дар ин гуна қасидаҳо бисёр фикрҳои иҷтимоӣ ва тарбиявӣ-ахлоқии замони шоир акс гардидаанд. Ба як қатор қасидаҳои шоир (ба мисли «Дарёи аброр» ва ғайраҳо) бисёр намояндагони адабиёти минбаъда, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ назира навиштаанд.

Маснавиёти Амир Хусрав

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1289 сар карда, Хусрави Деҳлавӣ дар баробари жанрҳои лирикӣ ба эҷод намудани асарҳои эпикӣ низ шурӯъ менамояд. Дар жанри достон Амир Хусрав худро шогирди Низомии Ганҷавӣ мешуморад ва онро дар чанд ҷои осори худ таъкид менамояд. Аввалин достони худ — «Киронуссаъдайн»-ро соли 1289 навиштааст ва дар соли 1291 достони дуюми худ «Мифтоҳулфутуҳ»-ро эҷод менамояд. Дар байни солҳои 1299—1302 Хусрави Деҳлавӣ ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ҷавоб менависад. Хамса-и Амир Хусрав аз ин достонҳо фароҳам омадааст: Матлауланвор, Ширин ва Хусрав, Маҷнун ва Лайли, Ҳафт биҳишт, Оинаи Сикандариӣ. Баъди достони «Хамса» Хусрав боз се достони дигар — «Дувалрони ва Хизрхон» (соли 1316), Нух Сипехр (соли 1318) ва Туглукнома (тақрибан соли 1324) — ро таълиф менамояд. Гайр аз ин достон шоир боз чанд достони дигари хачман хурд низ навиштааст. Аз ҷумла, достони «Асбнома» — ро шоир ба ҳокими Авад Алӣ Сарҷондор машҳур ба Хотамхон бахшидааст. Мавзӯи панду ахлоқ, ки маъмултарин мавзӯи адабиёти ҷаҳоншумули форсӣ маҳсуб мегардад, дар ашъори Амир Хусрав мақоми баландро дорост. Шоир тавассути ашъори пандомез бештарин хислатҳои инсониро ситоиш мекунад ва барои тарбияи насли наврас дар тарғиби накӯкорӣ, меҳнатдустӣ, ростиву растагорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ саҳм мегузорад:

Чу напсандӣ ғуборе бар дили хеш,
Хазон дар гулистони кас маяндеш,
Чу поят гирад аз барги гул озор,
Ба раҳ мапсанд дар пои касон хор.

Аз Дувалрони ва Хизрхон


Касеро тоҷи сар бар зар диҳад зеб,
Ки н-ояд бар заиф аз тахташ осеб.

Аз Дувалрони ва Хизрхон

Озори касе талаб ҳамеша,
К-озурдани халқ кард пеша.

Аз Маҷнун ва Лайлӣ

Касе, к-аз ранҷи мардум гум набошад,
Ба назди мардумон мардум набошад.

Аз Ширин ва Хусрав

Ҷавонмардӣ ба даст омуз худро,
Ки назди хамгинон миқдор ёбӣ.
Ба дасти дод бояд шуд ҷавонмард,
Ҷавонмарди забон бисёр ёбӣ.

Аз девони Бақияи нақия

Як қатор суханҳои ибратбахши Хурави Деҳлавӣ, ки онҳоро шоир дар натиҷаи таҷрибаи бои зиндагӣ гуфтааст, мисли мақолу зарбулмасалҳои халқӣ садо медиҳад:

Ҳар чӣ ки бар хеш надори раво,
Бар дигаре низ набошад даво.
Нохун, ки харош чун хасон кард,
Бо ӯ он кун, ки бо касон кард.

***

Он, ки надорад сифати мардумӣ,
Нест бари одамиён одаме.
Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
Ба осоиш басе бошанд ёрон,
Ба ғам кун озмуни дустдорон.
Ҳарчи ба ҳангом нагӯяд касе,
Хомӯшӣ аз гуфт накӯтар басе.
Як шох, ки мевае диҳад тар,
Беҳтар зи ҳазор боғи бебар.

Амир Хусрав дар эҷоди ғазал ба Саъдии Шерозӣ пайравӣ кардааст ва аз сеҳри сухани ин ғазалсарои бузург таъсир бардоштааст. Чуноне ки худи ӯ мегӯяд:

Хисрави сармаст андар соғари маънӣ бирехт
Шира аз хумхонаи масте, ки дар Шероз буд.

Ғазалиёти Амир Хусрав ва инчунин соири шоирони мозӣ (яъне аксари шоирони гузашта) мазмуни ирфонӣ дошта, ифодаи розу ниёз бо Худоро соҳибанд. Шумораи ғазалиёти Амир Хусрав бештар аз 37 ҳазор байтанд ва дар равониву шевоӣ дилпазиру дилнишинанд. Намунаи ғазалиёти шоир, ки дорои мазмуни ирфонӣ мебошанд, манзур мегардад:

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.
Ҳаргиз наояд дар назар нақше зи рӯят хубтар,
Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?
Офоқро гар дидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.
Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.
Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?
Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар мулки шумо,
Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ.

-дар мисраи 2-уми байти охир мазмуни байтро чунин низ маънидод намудаанд: Эй Бор Илоҳо, «бошад, ки аз баҳри Худо»—калимаи «худо» дар ин мисраъ аз таркиби калимаи «худ» ва нидои «-о», яъне Парвардигоро, бошад, ки аз баҳри (барои) Худато (Худо), аз баҳри сифати Мехрубонӣ, Раҳмониву Раҳимии Худ ба сӯи мани ғариб бингари. Инро илова намудан ба маврид аст, ки калимаи «ғариб» низ аз нигоҳи ирфонӣ маънои дигареро дорост.

Диле дорам, ки ҷуз ҷонон нахоҳад,
Ҳамин маъшуқа хоҳад, ҷон нахоҳад.
Агар ҷон хоҳад аз вай хубрӯе,
Равоне бидҳаду фармон нахоҳад.
Гузар дар кӯи мо он дӯзахирост,
Ки ҷон дар равзаи ризвон нахоҳад.
Сари ман з-ин пасу шамшери хубон,
Касе то хуни ман з-эшон нахоҳад.
Нигоро, розиям бар ҳар чи дорӣ,
Ки дардатро касе дармон нахоҳад.
Ғам омад дар дили тангам надонист,
Ки дар танги касе меҳмон нахоҳад.
Биранҷам, гар ту Хусравро нахоҳӣ,
Ту хоҳӣ, лек ин фармон нахоҳад.

Илова: Шоир 24 сентябри соли 1253 дар канори руди муқаддаси Ганг дар шаҳри Патёли ки 300 км дуртар аз Деҳлӣ ҷойгир буд, ба дунё омадааст. Модари ӯ Давлатноз ном дошт. Шоир 27 сентябри соли 1325 вафот кардааст.

Намӯнаи ғазал

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абр мебораду ман мешавам аз ёр ҷудо,

Чун кунам дил ба чунин рӯз зи дилдор ҷудо?

Абру борону ману ёр ситода ба видоъ,

Ман ҷудо гирякунон, абр ҷудо, ёр ҷудо.

Сабза навхезу ҳаво хурраму бустон сарсабз,

Булбули рӯйсияҳ монда зи гулзор ҷудо.

Эй маро дар таҳи ҳар мӯй ба зулфат бандӣ,

Чӣ кунӣ, банд зи бандам ҳама якбор ҷудо.

Дида аз баҳри ту хунбор шуд, эй мардуми чашм,

Мардумӣ кун, машав аз дидаи хунбор ҷудо.

Неъмати дида нахоҳам, ки бимонад пас аз ин,

Монда чун дида аз он неъмати дидор ҷудо.

Дида сад рахна шуд аз баҳри ту, хоке зи раҳат,

Зуд бархезу бикан рахнаи девор ҷудо.

Медиҳам ҷон марав аз ман, в-агарт бовар нест,

Пеш аз он хоҳӣ, биситону нигаҳдор ҷудо.

Ҳусни ту дер напоид, чу зи Хусрав рафтӣ,

Гул басе дер намонад, чу шуд аз хор ҷудо.

  • Бертельс Е. Э. Роман об Александре и его главные версии на Востоке, М.-Л., 1948.
  • Mohammad Wahid Mirza. The life and works of Amir Khusrau, Calcutta, 1935.
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 79. — ISBN 978-2-221-06888-5
  3. Амир Хосров Дехлеви // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.