Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Ариел Шарон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ариэл Шарон
ибрӣ: אריאל (אריק) שרון
7 марти 2001 — 14 апрели 2006
Пешгузашта Эҳуд Барак
Ҷонишин Эҳуд Олмерт
13 октябри 1998 — 6 июни 1999
Пешгузашта Давид Леви
Ҷонишин Давид Леви
парчам
2-умин Вазири зерсохтори миллии Исроил
8 июли 1996 — 6 июли 1998
Пешгузашта Итзҳак Леви
Ҷонишин Элияҳу Суисса
парчам
11-умин Вазири сохтмони Исроил
11 июни 1990 — 13 июли 1992
Пешгузашта Давид Леви
Ҷонишин Бинёмин Бен-Элиэзер
парчам
13-умин Вазири савдо ва саноати Исроил
13 сентябри 1984 — 20 феврали 1990
Пешгузашта вазифа барқарор шуд
Ҷонишин Моше Ниссим
26 марти 1981 — 6 октябри 1983
Пешгузашта Минохим Бегин
Ҷонишин Моше Аренс
20 июни 1977 — 1981
Пешгузашта Аарон Узан
Ҷонишин Симҳа Эрлих

Таваллуд 26 феврал 1928(1928-02-26)
Даргузашт 11 январ 2014(2014-01-11) (85 сол)
Мадфан
Ном ҳангоми таваллуд ибрӣ: אריאל שיינרמן
Ҳамсар Margalit Sharon[d] ва Lily Sharon[d]
Фарзандон Omri Sharon[d] ва Gilad Sharon[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод яҳудият
Соядаст
Ҷоизаҳо
Хидмати сарбозӣ
Мансубият  Исроил
Навъи артиш Haganah[d] ва Israel Defense Forces[d]
Рутба Генерал-майор (ибрӣ: אלוף)
Фармондеҳӣ Southern Command[d], 35th Paratroopers Brigade[d], Unit 101[d] ва Golani Brigade[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ариэ́л Шаро́н (ибрӣ: אריאל (אריק) שרון, ҳангоми таваллуд Шейнерман; 26 феврали 1928, мушови Кфар-Малол наздикии Кфар-Саба11 январи 2014[2], Рамат-Ган) — сиёсатмадор, арбоби давлатӣ ва низомии исроилӣ, сарвазири Исроил (20012006). Вай аз 4 январи соли 2006 муддати 8 сол дар кома буд, 11 январи 2014 дар 85 солагӣ дар бемористони дар Телавив даргузашт[3].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1942, замоне, ки 14-сола буд, ба гурӯҳи Ҳогоно пайваст. Гурӯҳи Ҳогоно дар он замон иқдомоти мутааддидеро барои хориҷ кардани фаластиниён аз хонаҳову заминҳояшон тарроҳӣ ва пиёдасозӣ карда буд ва дар сурати бурузи мухолифат, мухолифинро ба қатл мерасонданд. Ингуна гурӯҳҳо пас аз таъсиси давлат, аввалин ҳастаҳои артиши Исроилро ташкил доданд.

Шарон соли 1947 ба узвияти пулиси шаҳракҳои яҳудинишин даромад, сипас дар бистсолагӣ дар ҷанги соли 1948 ширкат кард ва симати фармондеҳии пиёданизомро дар бахши Искандария ба даст овард ва дар ин ҷанг аз шикам захмӣ шуд.

Дар оғози соли 1949 фармондеҳии як гурӯҳон ё ротаи пиёдаро ба уҳда гирифт ва дар соли 1951 афсари фармондеҳии гурдон ё баталиони иттилооти марказӣ шуд. Соли 1952 вай аз фармондеҳи ситоди артиш дархости ташкили як гурдони низомӣ аз зиндонёни маҳкум ба маргро кард. Ин масъала ба далел ноошноии ин афрод бо фунуни низомӣ то ҳудуде барои раиси ситод ғайриқобили қабул буд, аммо бо исрори Шарон ин масъаларо пазируфт. Шарон ин гурдонро 101 номид ва ба унвони аввалин амалиёти низомии худ ба рустои марзии Алқибия ҳамла кард, ки пайомади он кушта шудани 69 фаластинӣ ва вайронии 41 манзили маскунӣ буд.

Шарон дар ҳамон соли 1952 дар Донишгоҳи ибрии Иерусалим таҳсилоти худро дар риштаи торих ва масоили Ховари Миёна оғоз кард ва сипас барои такмили таҳсилоташ ба донишкадаи ҳуқуқ дар Донишгоҳи Телавив рафт.

Ӯ соли 1964 тасмим гирифт барои идомаи таҳсил ба Фаронса биравад то дар риштаи улум сиёсӣ таҳсил кунад.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]