Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Афлотун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афлотун
юн.-қад. Πλάτων
Таърихи таваллуд на пештар аз 428 то м. и на дертар аз 427 то м.
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт на пештар аз 348 то м. и на дертар аз 347 то м.
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа[4], адабиёт, эпистемология, ҳуқуқ, сиёсат, маориф[d], хонавода, War[d], дӯст, Ишқ, ancient philosophy[d][4] ва classical antiquity[d][4]
Шогирдон Арасту, Axiothea of Phlius[d], Eudoxus of Cnidus[d], Xenocrates[d], Lastheneia of Mantinea[d], Ҳероклидус Понтикус, Speusippus[d], Chaeron of Pellene[d], Philippus of Opus[d], Leon of Byzantium[d], Coriscus of Scepsis[d], Demetrios of Amphipolis[d], Erastus of Scepsis[d], Euphraeus[d], Heraclides of Aenus[d], Hestiaeus of Perinthus[d], Python of Aenus[d], Timolaus of Cyzicus[d], Euaeon of Lampsacus[d], Theodectes[d][5][6] ва Сиуфростус[7][8]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Афлотун (ар. أفلاطون‎ муарраби Платон, юн.-қад. Πλάτων; номи аслиаш— Аристокл, юн.-қад. Αριστοκλής; байни 429 ва 427 то м., Афина347 то м., ҳамон ҷо) — файласуфи идеалисти Юнони Қадим.

Соли 407 талабаи Суқрот шудааст. Ӯ устоди худро хеле дӯст медошт ва тамоми 8 соли хониш ӯ аз назди устодаш дур намешуд. Пас аз вафоти устодаш бо ҳамроҳи дӯстонаш Афинаро тарк намуда ба Миср ва Кирена ( ки дар онҷо ба математик Феодор вохӯрд), баъд ба Италияи ҷанубӣ рафтааст.

Фалсафаро дар назди Кратил ва Суқрот омӯхтааст. Ба Афлотун асарҳои бисёреро нисбат медиҳанд. Як қисми ин осор воқеан ҳам таълифоти ӯст, вале баъзеашон таснифоти шогирдон ва пайравонаш мебошанд.

Афлотун дар асарҳои давраи аввали эҷодиёти худ («Мадҳи Суқрот», «Протагор», «Рӯбоҳ», «Хармид», «Лахет», «Эвтифрон», «Давлат» (кито­би якум) ба Суқрот пайравӣ карда, бештар ба таҳлили масъалаҳои ахлоқ шуғл варзидааст. Дар давраи дуюми эҷодиёташ назарияи ҷавҳарии мусулро эҷод намуда, нисбигароии софистҳо («Георгий», «Эвтидем») ва фалсафаи Ҳераклитро («Кратил») танқид ва таълимоти азалияту абадияти нафсро («Георгий», «Менон») баён мекунад. Афлотун дар давраи камоли эҷодиёти фалсафиаш (солҳои 70–60 садаи IV то милод) назарияи мусул ҳамчун ҷавҳари мустақил ва ба зоти худ қоимро ҳарҷониба вусъат дода («Федон», «Базм», «Федр», китобҳои 2–10 «Давлат»), масъалаҳои назарияи маърифат («Театет», «Менон») ва диалектикаро («Парменид», «Софист», «Тимей») мавриди таҳлил қарор дод. Дар охири ҳаёташ бештар ба таҳлили масъалаҳои моҳияти давлат машғул шуд. Фалсафаи Афлотун мусулгароии айнӣ аст. Мувофиқи он на худи ашё, на олам, балки фақат мусул (ғоя)-и онҳо воқеӣ, мустақил, азалӣ ва абадианд. Мусул сабабу манбаи чизҳо ва хосиятҳои онҳо буда, тимсолҳоеанд, ки Офаридгор чизҳоро аз рӯйи онҳо меофарад ва тамоми мавҷудот ба сӯи онҳо чун ба сӯи хайри олӣ майл хоҳад кард. Ин ба идеализми айнии Афлотун ранги теологӣ ва динӣ медиҳад. Афлотун тасдиқ мекунад, ки мусул бетағйир ва мутлақ буда, ба шароити замону макон тобеъ нестанд. Олами ашё тағйирёбанда буда, ҳамеша дар пайдоишу нест шудан аст ва ҳастии воқеӣ надорад. Аз ҳамин сабаб мавҷудияти он, аз як тараф, ба ҳастии воқеӣ, яъне мусул, аз тарафи диг., ба нестӣ – ба модда вобаста аст. Вале аз назари Афлотун «мусул» ва «модда» ду мабдаи баробарҳуқуқ ва баробарқувва нестанд. Азбаски ба ақидаи ӯ «мусул» ҳастии ҳақиқию воқеӣ, аммо «модда» нестӣ аст, бинобар ин бе «мусул» «модда» вуҷуд дошта наметавонад. Моҳияти идеалистии фалсафаи Афлотун дар таълимоти ӯ доир ба «ваҳдат», «ақл» ва «нафс» низ, ки онҳоро ҷавҳарҳои асосии ҳастӣ мешуморид, баръало намоён мешавад. Аз ҷумла, ӯ нафсро табиати ҳақиқии абадию азалӣ шуморида, аз ҳама гуна ҷисм бартару муқаддамтар ва манбаи ҳаракати тамоми олам медонист. Чунин таъбири масъала аз он шаҳодат медиҳад, ки идеализми Афлотун ҷанбаи устуравӣ низ дорад, ки хусусияти тамоми идеализми давраи атиқа аст. Ин ҷанба дар назарияи маърифати Афлотун равшан намоён мегардад. Ӯ исбот карданӣ мешуд, ки дониш на идроки ҳиссӣ, на гумони саҳеҳи маънидор, балки тазаккур, яъне бо ёрии суолу ҷавоб ба ёд овардани донишҳоест, ки нафс дар олами қудс пайдо карда буд. «Пас, навишта буд ӯ, – инсон… дар бораи чизҳое, ки намедонад, тасаввури саҳеҳ дорад… Ҳоло онҳо ногаҳон чун хоббинӣ пайдо мешаванд. Бинобар ин ӯ аз касе таълим нагирифта, балки фақат ба саволҳо ҷавоб дода, дониш пайдо мекунад, яъне донишро аз зоти худаш ба даст меорад… Вале аз зоти худ ба даст овардани дониш магар тазаккур нест? Оре… пас, магар равшан нест, ки ӯ донишҳоро дар ҳаёти имрӯзааш пайдо накарда, балки дар замони диг.е молик шуда ва дониста буд? Оё ин замоне нест, ки вай ҳанӯз инсон набуд?» («Менон»). Афлотун дониши ақлӣ ва ҳиссиро қоил аст. Дониши ҳиссӣ аз назари ӯ ду навъ мешавад: 1) дониши тафаккурӣ, ки донистани мусули муҷаррад ва хайри мутлақ аст; 2) дониши зеҳнӣ, ки донистани ашё ва нисбатҳои риёзист. Дониши ҳиссӣ, ба ақидаи файласуф, аз «эътиқод» – донистани ашёи мушаххас ва «шабоҳат» – сурати донистани чизҳои мушаххас иборат аст. Вале хулосаи умумии Афлотун он аст, ки фақат дар бораи мусул дониши ҳақиқӣ пайдо кардан мумкин аст, чизҳои ҳиссӣ танҳо фарзан дониста мешаванд. Афлотун вобаста ба назарияи тазаккури худ диалектикаро усули ба даст овардани дониш мешумурд ва ба ин маънӣ вазифаи онро аз таъйин кардани таносуби навъу ҷинси мафҳумҳо ва ба навъҳо тақсим намудани ҷинси онҳо иборат медонист. Вале ин фақат ҷиҳати шаклию мантиқии диалектикаи вай аст. Дар осори ӯ мафҳуми васеътару амиқтари диалектика – диалектикаи ҳастӣ низ мавҷуд аст, ки мазмуни онро таълимот дар бораи робитаи ҳастию нестӣ, қасрат ва ваҳдат, айният ва ғайрият, сукун ва ҳаракат, сермаъноии мафҳумҳо ва ғайра ташкил медиҳад.

Ақидаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва тарбиявию ахлоқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои 388-387 Платон мактаб – Академияро дар Афина бунёд намуд, ки асосаш фанҳои дақиқ ва диалектика мебошад. Омӯзиши Платон дар бораи давлат зич алоқаманд бо этика ва Психолия мебошад. Идеяи Платон бунёди давлатдорие,асосаш ҳақиқат ва адолат аст, мебошад. Платон ақидаи сиёсии худро дар Сиракузи давом додани шуд.

Афлотун аз рӯйи ақидаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва тарбиявию ахлоқӣ мафкурапардози ашрофсолории ғуломдорӣ буда, сохти ғуломдориро асоси зарурии ҷамъияти комил мепиндошт. Ба ақидаи ӯ, ду тарзи сохти ҷамъият вуҷуд дорад: 1) сохти ноқиси (манфии) ҷамъиятӣ ё давлати ноқис (манфӣ); 2) сохти комили ҷамъиятӣ ё давлати ормонӣ. Хусусияти асосии давлати ноқис (манфӣ) он аст, ки тамоми рафтору кирдори фуқарои онро ниёзу ҳоҷатҳои мод­дӣ муайян мекунанд. «Ин гуна давлат ба ҳар гунае ки бошад, дар он ҳамеша ду давлати ба якдигар зид вуҷуд доранд: яке давлати сарватмандон, дигаре давлати камбизоатон» («Давлат»). Давлати ноқис, аз рӯйи таснифоти Афлотун, бар чор навъ аст: 1) тимократия – давлате, ки ба ҳукмронии шуҳратпарастон асос ёфтааст; 2) олигархия – ҳукмронии ақаллияти сарватманд бар аксарияти камбизоатон; 3) мардумсолорӣ (демократия) – ҳокимияти камбизоатон ва оммаи халқ, ки онро Афлотун (ҳамчун мафкурапардози ашрофсолории ғуломдорӣ) шакли бади давлатдорӣ мешуморад; 4) тирания – ҳокимияти мутлақи як шахси мустабид, сохти бадтарини давлатдорист. Аз назари Афлотун ин шаклҳои давлати ноқис, ки паиҳам аз якдигар сар мезананд, аз усул (принсипҳо)-и давлати ормонӣ ҳарчи бештар дур шудани идораи ҷамъиятиро нишон медиҳанд. Афлотун ҳамаи шаклҳои давлатҳои замонаашро аз ҷумлаи дав­латҳои ноқис дониста, ба онҳо давлати ормониро муқобил мегузорад. Давлати ормонӣ, яъне хаёлии Афлотун, давлатест, ки барои ташкилу ҳимояи худ қувва ва воситаҳои кофӣ дорад, ҳама аъзои худро муфассал бо неъматҳои моддӣ таъмин карда метавонад, инкишофи фаъолияти маънавӣ ва эҷодии онҳоро идора менамояд ва дорои ҳикмат, мардонагӣ, некандешӣ ва адолат мебошад. Ба ақидаи ӯ, ниҳоди давлати ормониро бояд тақсими қатъию шикастнопазири меҳнат дар байни табақаҳои гуногуни шаҳрвандони озод – ҳакимон (файласуфҳо), ҷанговарон, ҳунармандон, деҳқонон – ташкил диҳад. Афлотун таълиму тарбияи давлатии бачагон ва шаҳрвандонро ба мадди назар гирифта, тарафдори таълиму тарбияи шаҳрвандони озод буд. Вале ӯ ба таълиму тарбияи ғуломон комилан зид аст; кори фикриро насиби одамони озод, кори ҷисмониро хосси ғуломон медонист. Дар таълимоти Афлотун идеализм ба ҷаҳонбинии том мубаддал гардида, ба материализм муқобил гузошта шудааст. Фалсафаи Афлотун ва навафлотуния ба рушди минбаъдаи фалсафаи Шарқу Ғарб таъсири бузурге расондааст. Аз ҷумла, он яке аз манбаъҳои муҳимми фалсафаи ислом – калом буд.

Андешаҳои Афлотун дар бораи олами мусул ва олами моддӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Андешаҳои Афлотун дар бораи олами мусул ва олами моддӣ, таълимоти ӯ дар бораи «ваҳдат», «ақл» ва «нафс» ба рӯҳи ислом бисёр наздик буданд. Бинобар ин мутакаллимон, аз ҷумла Муҳаммади Ғаззолӣ ва Фахруддини Розӣ онҳоро дар бунёди фалсафаи калом ба таври васеъ истифода намуданд. Таъсири таълимоти Афлотун дар назариёти исмоилия, ихвонуссафо ва тасаввуф ба хубӣ ҳувайдост. Ин ҷараёнҳо назариёти ӯро дар бораи олами ашё қабул доштанд. Аз ҷумла, аҳли ихвонуссафо дар баъзе рисолаҳояшон исрор мекунанд, ки сурат, шакл ва нақшҳои олами моддӣ тимсол ва шабаҳи суратҳои олами рӯҳӣ мебошанд, олами арвоҳ – олами ҳақиқӣ, олами моддӣ – олами фонӣ аст. Таълимоти суфия дар бораи Ҳақ ва олами моддӣ чун сояи он низ аз назариёти Афлотун ғизои маънавӣ гирифтааст. Асосгузорони фалсафаи машшо Киндӣ ва Форобӣ дар баробари таълимоти Арасту назарияи Афлотунро барои бунёди фалсафии худ истифода бурдаанд. Форобӣ ҳатто кӯшидааст, ки фалсафаи Афлотунро бо фалсафаи Арасту биёмезад ва созиш бидиҳад. Вай ин корро дар асоси муқоисаи осори Афлотун бо «Илоҳиёт» (Усулуҷиё) ном асар, ки дар асрҳои миёна ба Арасту нисбат дода мешуд, анҷом доданӣ шудааст. Вале ҳоло исбот шудааст, ки вай на асари Арасту, балки яке аз қисмҳои «Тосеоти» Афлутин аст. Ин иштибоҳро Ибни Сино ва Ибни Рушд то андозае ислоҳ карда, моҳияти фалсафаи Афлотунро хуб пай бурдаанд. Онҳо назарияи мусули Афлотунро сахт интиқод намуда, исбот мекарданд, ки мафҳумҳо на моҳиятҳои мустақил, балки инъикоси хосиятҳои ашёанд. Далели барҷастаи ин радди идеализми риёзии пифагориён ва Афлотун, нақди назарияи мусул ва тазаккури Афлотун мебошад, ки дар «Китоб-уш-шифо»-и Ибни Сино ба таври муътамад баён шудааст. Ибни Сино ва Ибни Рушд бар хилофи Афлотун донишро на тазаккур, балки инъикоси сурати чизҳо дар ҳисс, зеҳн, ақл шуморида, ба назарияи маърифат ҷанбаи воқеӣ додаанд. Таъ­сири наза­риёти иҷтимоӣ ва тарбиявию ахлоқии Афлотун дар таълимоти иҷтимоию ахлоқии Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Миска­вейҳ, Насируддини Тусӣ ва дигарон ба назар мерасад. Онҳо ақидаҳои Афлотунро дар бораи тақсими кор ва муовинат ҳамчун усулҳои асосии ташкили ҷамъият, ан­дешаҳои ӯро дар бораи давлатҳои ноқису комил такмил додаанд. Дар айни ҳол онҳо, бар хилофи Афлотун, на мафкурапардозони давлати ашрофсолории ғуломдорӣ, балки назарияпардозони салтанати маърифатпаварона ва одилона буданд. Дар асарҳои таърихию фалсафии мутафаккирони Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла Ибни Надим, Қифтӣ, Муҳаммади Шаҳристонӣ ва диг. дар бораи Афлотун ва фалсафаи ӯ маълумоти зарурӣ мавҷуд аст. Вале фақат Муҳаммади Шаҳристонӣ дар «Ал-милал ван-ниҳал» моҳияти фалсафаи ӯро дуруст пай бурда ва муайян кардааст.

  • Платон. Сочинения. Т.1–3. М., 1969–1973.
  1. Афлотун Platon, Œuvres complètes / зери таҳрири L. BrissonПорис: 2008. — С. IX. — ISBN 978-2-08-121810-9
  2. 2.0 2.1 Meinwald C. C. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Biblioteca Virtual Miguel de Cervantes (исп.) — 1999.
  4. 4.0 4.1 4.2 Чешская национальная авторитетная база данных
  5. Любкер Ф. Theodectes (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. РубинскийСПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 1372.
  6. Теодект (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1901. — Т. XXXIIа. — С. 878.
  7. Надсон Г., Э. Р. Теофраст (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1901. — Т. XXXIIа. — С. 915—917.
  8. Любкер Ф. Theophrastus (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. РубинскийСПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 1375.
  • Закуев А. К. Философия «Братьев чистоты». Баку, 1961;
  • Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока. М., 1961;
  • Лей Г. Очерки средневекового материализма. М., 1962;
  • Аль-Фараби. Философские трактаты. Алма-Ата, 1972;
  • Аль-Фараби. Социально-этнические трактаты. Алма-Ата, 1973;
  • Асмус В. Ф. Античная философия. М., 1976;
  • Диноршоев М. Натурфилософия Ибни Сины. Д., 1985;
  • Диноршоев М. Компендиум философии Ибни Сины. Д., 2010.
  • ابنسینا. الشیفا. القاهرة،۱۳۷۱-۱۳۸۰؛
  • رسائلإخوانالصفا. جلدهای۱-۵. بیروت،۱۳۷۲-۱۳۷۷؛
  • دائرةالمعارفبزرگاسلامی. جلد۹. تهران،۱۳۶۱؛
  • عبدالکریمشهرستانی. المللوالنهل. القاهرة،۱۹۶۰-۶۲؛