Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Вишну

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вишну
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-sa-sidd" does not exist.
Нигора
Овонигошти АОБ ʋɪʂɳʊ ва ʋɪʃ.nuː
Ҳамсар Lakshmi[d][1][2]
Фарзандон Kamadeva[d], Ayyappan[d], Devasena[d], Valli[d] ва Mangala[d]
Iconographic symbol Sudarshana Chakra[d], shankha[d], Kaumodaki[d] ва Padma[d]
Worshipped by Ҳиндуия
Mount Garuda[d][3] ва Shesha[d][4]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ви́шну (санскр. विष्णु, viṣṇu) — яке аз худоёни осмонии даврони ведоӣ дар Ҳинди Бостон; худои ёрирасон ба Индра дар мубориза ба муқобили қувваҳои бади аҳриманӣ.

Парастиши он аз даврони Ригведа шурӯъ шудааст. Фаъолияти Вишну ба сохтори фазои кайҳонӣ ва ҳаракати Офтоб робитаи қавӣ дорад. Дар устурае омада, ки ӯ бо се қадами бузургаш миқёси ҷаҳонро андозагирӣ кардааст. Вишну дар маҷмӯаи эзадони осмонӣ мавқеи марказӣ дошта, тамоми хосияту сифатҳои онҳоро ба гунае дар худ нуҳуфтааст. Назди ҳиндувон Вишну дар асл худои кшатрияҳо (ҷанговарон) буд, дар сурате, ки Шива-Рудро худои аслии бараҳманҳо (коҳинон) маҳсуб мешуд. Дар даврони ҳамосаӣ (нимаи дуюми ҳазораи якуми то мелод) Вишну аҳаммияти бузург пайдо кард ва ба худои асосии ҳамосаҳои Маҳабҳарата ва Рамаяна табдил ёфт. Аз ду рӯйдоди бузурги ҳамосаӣ дар рӯзгори қадими Ҳинд яке лашкаркашии Рама ба Сейлон барои баргардондани ҳамсараш Сита ва дигаре достони рақобати ду гурӯҳ аз хонадони шоҳӣ – Пандвон ва Курвон барои ба даст овардани қудрат мебошад. Рама аватар (таҷассум)-и Вишну пиндошта мешавад. Мазмуни достони Маҳабҳарата аз он иборат аст, ки Вишну ҳамчун худои нигаҳбону нигаҳдори олам барои баргардондани завҷааш мехост Рована (аждаҳо)-и даҳсарро бикушад. Вақте худоён аз Браҳма (эзади офаридгор) маслиҳат пурсиданд, ӯ ба онҳо гуфт: Рованаи даҳсарро танҳо худое метавонад бикушад, ки дар симои (қолиби) инсон зоҳир шавад. Аз ин рӯ, Вишну уҳдадор шуд, ки ба сурати инсон таваллуд ёбад ва оламро аз шарри Рована раҳоӣ бахшад. Ӯ дар хонаводаи подшоҳ Дашаратҳа зода шуд ва номашро Рама гузоштанд. Вақте ки ба балоғат расид, бо Сита ном духтаре издивоҷ кард, вале гирифтори дасисаҳои дарборӣ шуда, 14 сол ба ҷангал бадарға гардид. Рама бо подшоҳи диёри завҷааш Нонуман паймон баста, аз асрори неруҳои Рована ба воситаи бародари ӯ огоҳӣ пайдо кард ва пас аз набарди зиёд оқибат онро мағлуб сохт. Аз ҳамаи таҷассумҳои Вишну ба сурати дигар худоён – Арҷуна, Нараяна, Васудева, Санкаршона таҷассуми ӯро дар қолаби Кришна писандидатар ва мақсади аслии онро куштани деве бо номи Капса (Капза) медонанд. Кришна, ки дар пайкари Вишну даромадааст, чунин мегӯяд: «Тарки олам ва пардохтан ба амал ҳар ду ба наҷоти ғоӣ боис мешавад, аммо пардохтан ба аъмоле, ки бар уҳдаи ҳар кас аст, аз ин ду писандидатар мебошад».

Вишну дар ибтидои ҳазораи якуми мелод дар шакли худои чаҳордаста ва дар дастонаш қурс (чакра), садаф, гурз ва нилуфар, дар гарданаш санги қиматбаҳо (каустубҳа), дар сари синааш гесӯ (шриватса) тасвир шудааст. Вишну мисли дигар худоён ҳайвони саворӣ дошт, ки он шоҳи парандагон Гаруда – уқоби афсонавии дорои нишонаҳои инсонӣ мебошад. Вишну номҳои гуногун дорад, аз ҷумла: Говинда, Гопала, Хари, Кешава, Васудева, Бҳагаван.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Рашшод Муҳаммад. Фалсафа аз оғози таърих. Ҷ.-ҳои 1–2. Д., 1990;
  • Древнеиндийская философия. Начальный период. М., 1963;
  • Васубандху. Абхидхармакоша. Раздел первый / Пер. с санскрита, введение, комментарий, историко-философское исследование В. И. Рудого. М., 1990;
  • История Востока. Т. 1. М., 2006;
  • قدیر س. ا. تفکر فلسفی در هند پیش از اسلام// محمد شریف. تاریخ فلسفه در اسلام. تهران، 1362 ش.