Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Инсонсанҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Инсонсанҷӣ, (форсӣ: انسان‌سنجی‎), антропометрия (аз юн. Ανθρωπος — инсон ва μετρεω — ченкунӣ) — системаи усулҳои ченкунии бадани одам ва узвҳои алоҳидаи он (бо ёрии асбобҳои махсус — антропометрҳо ва ғайра). Дар антропология ва тиб истифода мешавад.

Криминалистика

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар криминалистика системаи усулҳои қайди ҷинояткорон барои минбаъд дарёфтан ва шинохтани онҳо. Бори аввал дар Франсия ҷорӣ гардида буд. Ибтидои садаи XX бо дактилоскопия иваз карда шуд.