Фазонавард
Кайҳонавард ё Космонавт (дар ШМА ва дигар мамлакатҳо Астронавт, Срасионавт ё Тайконавт), шахсе, ки таёрии тиббиву биологӣ ва техникиро гузаштааст ва дар парвози кайҳонӣ ба сифати пилот ё худ экипаж иштирок кардааст. Нахустин номзадҳо ба сафи кайҳонавардон аз байни лётчикҳои ҳарбӣ дар ИҶШС ва лётчик - озмоишгарон дар ШМА интихоб карда мешуданд.
Кайҳоннавардӣ ё Космонавтика (аз юнонӣ: χοσμος гирифта шуда маънояш чахонӣ ва юнонӣ: ναυτιχη баҳршиновар мебошад) тадқиқоти фазои кайҳонӣ бо ёрии аппаратҳои кайҳонӣ, ки аз тарафи инсон идора мешавад. Аввалин маротиба азхудкунии кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи олимони Советӣ ба роҳ монда шуда буд, дар ин рӯз ба кайҳон спутникро сар доданд. Якумин бор Юрий Гагарин 12 апрели соли 1961 ба кайҳон парвоз намуд. Якумин бор кайҳонаварди америкоӣ Нейл Армстронг 21 Июли соли 1969 аввалин кадамҳои худро дар руи моҳ гузошт ва гуфт - ”Ин кадами хурд барои як шахс лекин чахиши калон ба хамаи одамият ”.
Солҳои аввали тараққиёти кайҳонавардӣ аз ҳамкории байни давлатҳо сар нашуда, балки аз мусобиқаи байни давлатҳо сар шуда буд, (ки он мусобиқаи кайҳони ном дошт). Ҳамкории байни давлатҳо дар ин соҳа, танхо дар солҳои наздик ба вуҷуд омад, давлатҳо байни худ ҳамкорӣ эълон карда барои тараққиёти ин соҳа саҳми калон гузоштаанд.
Акнун қоидаҳои кайҳонавардон оҳиста-оҳиста нав шуда истодааст, тараққиёти Туризми кайҳонӣ фаъолона тараққи карда истодааст. Кайҳонавардон боз ба кашфи руи моҳтоб гузаштанӣ хастанд ва нигоҳи худро ба суи Марс сафарбар намудаанд.
Муассисаи кайҳонавардӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муассисаи кайҳонавардии Бразилия — дар соли 1994 таҳсис шудааст.
- Муассисаи кайҳонавардии Аврупоӣ ЕКА — соли 1964 таҳсис гардидааст.
- Омӯхтани ҳаракати кайҳонавардии Ҳиндустон – соли 1969 таҳсис гардидааст.
- Муассисаи кайҳонавардии Канада – соли 1989 таҳсис гардидааст.
- Барпошавии ҳаракати кайҳонавардии Чин — соли 1993 таҳсис гардидааст.
- Ҳаракати ИМА дар муассисаи кайҳонаварди НАСА – соли 1958 таҳсис гардидааст.
- Муассисаи кайҳонавардии Федератсияи Русия (ФКА РФ - соли 1990 таҳсис гардидааст.
- Муассисаи аэрокайҳонавардии Ҷопон JAXA – соли 2003 таҳсис гардидааст.