Христофор Колумб
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-lij" does not exist. | |
Ном ҳангоми таваллуд | лот. Christophorus Columbus |
Таърихи таваллуд | на пештар аз 25 август 1451 и на дертар аз 31 октябр 1451 |
Зодгоҳ |
|
Таърихи даргузашт | 20 май 1506[1][2][3][…] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | гардишгар, дарёнавард, seafarer, мусофир, ихтироъкор |
Падар | Domenico Colombo[d][6] |
Модар | Susanna Fontanarossa[d][6] |
Ҳамсар | Filipa Moniz Perestrelo[d] |
Фарзанд | Ferdinand Columbus[d] ва Diego Columbus[d][6] |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Христофо́р Колу́мб (итол. Cristoforo Colombo, исп. Cristóbal Colón, лот. Christophorus Columbus; на пештар аз 25 август 1451 и на дертар аз 31 октябр 1451, эҳтимолан Генуя, Ҷумҳурии Генуя[d][4][5] — 20 май 1506[1][2][3][…], Валядолид, Kingdom of Castile[d], Кастилия ва Леон[d][5]) — дарёнавард, иктишофгар ва тоҷири итолиёӣ. Христофор Колумб нахустин шахсест дар тамаддуни ғарбӣ, ки ба қитъаи Амрико дастрасӣ ёфт ва ба кашфи минбаъдаи он оғоз бахшид.
Колумб ҳамаи ҷазираҳои муҳимтарини баҳрҳои миёназамини Амрико, аз қабили Куба, Гаити, Ямайка ва Пуэрто-Рико, қисми марказии галаҷазираҳои Багам, аксари ҷазираҳои Антилияи Хурд — аз Доминика то Виргин ва ҳамчунин Тринидадро кашф ва ба аврупоиён пешкаш сохт. Вале кушодани Амрико яке аз омилҳои муҳимтарини рушди бозори умумидунявӣ гардид. Мустамлика намудани Амрико ба тараққиёти гӯшношуниди тиҷорат, баҳрнавардӣ ва саноат мусоидат кард.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Христофор Колумб моҳи 31 октябри соли 1451 дар шаҳрчаи бандарии Генуяи Итолиё таваллуд ёфта буд. Падараш Доминико Коломбо, модараш Сусанна Фонтанароза ном дошта, як хоначаи калисои Санто-Стефаноро барои истиқомат иҷора гирифта буданд. Христофор ба мисли падараш дар овони наврасӣ косибй мекард. Маълум нест, ки ӯ дар куҷо таҳсил намуда бошад, аммо яқин аст, ки вай бо чор забон — итолиёвй, испонӣ, португалӣ ва лотинӣ хондаю навишта метавонист.
Эҳтимоли қавӣ меравад, ки аввалин саёҳати тӯлонии баҳрии Колумб ба солҳои 1473 ё 1474 мутааллиқаст. Баҳори соли 1476 гузари Колумб ба Португалия меафтад. Дар Лиссабон вай дар байни генуэзиҳо сарпаноҳ меёбад. Бо ёрии ҳамшаҳриҳо ба яке аз харитакашҳо шогирд меистад ва дар муддати кӯтоҳ ба комёбии назаррас ноил мегардад. Колумб соли 1479 бо духтари Филипп Монишди Перестрелли, ҳокими ҷазираи Порту-Сантуи Португалия ақди никоҳ мебандад. Аз ин никоҳ писари калонӣ Диего, вориси Колумб, соли 1480 ба дунё меояд. Чанд муддат Христофор бо завҷааш дар Порту-Санту ҳаёт ба cap мебарад. Сипас, то соли 1485 Колумб дар киштиҳои португалӣ ба тиҷорат, мураттабсозии харитаҳо ва худомӯзӣ машғул мешавад. Ӯ гоҳ дар Лиссабон, гоҳе дар ҷазираҳои Мадейра ва Порту-Санту зиндагӣ мекард. Солҳои 80-ум ба сари Колумб идеяи бо самти ғарбии роҳи баҳрӣ аз Аврупо ба Ҳинд сафар намудан ҷой мегирад. Ба ақидаи ӯ ин роҳ камхарҷ, осон ва кӯтоҳ менамуд. Вай курашакл будани сайёраи Заминро ба асос гирифта мақсадашро иҷрошаванда мепиндошт.
Аз сабаби он ки шоҳи Португалия баҳри ҷомаи амал пӯшонидани ин мақсад ёрӣ нарасонд, соли 1485 Колумб ба Кастилияи Испониё кӯч баст. Нахуст лоиҳаи худро Колумб ба асилзодаи кастилиявй, ҳерсоги Медика Сидония Энрик Гусман пешниҳод намуд. Сипас барои таҷҳизонидани се ё чор киштӣ маблағ дарёфт кардан ба асилзодаи дигари кастилиявй, ҳерсог Мединасели рӯи ниёз овард. Ҳерсог барои гирифтани розигии дарбор ба малика Изабелла муроҷиат намуд. Малика Колумбро ба дарбор хонд, пешниҳоди ӯро шунид ва фармон дод, ки барои омӯхтани лоиҳаи баҳрнавард комиссияи махсус созмон диҳанд. Аммо танҳо моҳи апрели соли 1492 Колумб ҷавоби мусбат гирифт. То ин замон ӯ қисми зиёди вақташро дар Кордов, ки он ҷо соли 1486 бо Анна Нунес Арана, духти деҳқони сарватманд риштаи меҳру муҳаббат бает ва аз ин пайвастагии онҳо писараш Фернандо ба дунё омад, сипарӣ мекард. Алоқаи Колумб бо Анна дар калисо қонунӣ нашуда буд, яъне онҳо никоҳи расмй надоштанд. Пас аз муборизаҳои зиёди тӯлонӣ бо хизматчиёни давлатӣ лоиҳаи Колумб қабул гашт. Дар ҳолати комёбии ин экспедитсия Колумбро эҳтироми беназир нигарон будӣ: ӯ бояд адмирал, ноиби шоҳ ва ҳукмрони тамоми заминҳои кашфнамудааш мегашт ва инчунин аз чор як қисми тамоми даромади онҳоро соҳиб мешуд.
Сафарҳои Колумб
[вироиш | вироиши манбаъ]Субҳи 3 августи соли 1492 Колумб фармон дод, ки лангар бардоранд ва киштиҳояш «Пинта», «Ниню» ва флагмани фармондеҳ «Санта-Мария» аз бандари Палоса ба баҳр шино карданд. Ӯ самти ғарбро пеш гирифт ва бе ягон моҷаро ба ҷазираҳои Канар расид. Пас аз таъмири «Пинта» 6 сентябри соли 1492 саёҳатро ба ҷониби ғарб идома бахшид. 9 сентябр дар рӯзномааш навишт: «Адмирал қарор кард, ки масофаи шино кардаашонро камтар нишон диҳад, то ки маллоҳон ба даҳшат наафтанд». 7 октябр Колумб қайд менамояд: «Адмирал қарор кард, ки ба ғарб не, ба ҷануби ғарбӣ, аз пайи селаи парандаҳои аз болои киштиҳо парида рафта шино намоянд». Соати 2-и нимашаби 12 октябри соли 1492 Родриго Триана, маллоҳи «Пинта», фарёд зад, ки дар дури заминро мебинад. 13 октябр Колумб дар рӯзномааш чунин менигорад: «Ин ҷазира бисёр бузург ва ҳамвор аст, аз дарахтҳои сабз ва об бой буда, дар мобайнаш кӯли бузурге воқест, ягон кӯҳ ба назар намерасад». Колумб мутмаин буд, ки ин ҷо Ҳинд ё остонаи он аст. Дар ҳақиқати ҳол ин макон яке аз ҷазираҳои Багам буди ва Туайахани унвон доштӣ. Колумб ба он Сан-Салвадор ном гузошт. Ҳангоми кашфи Куба испониҳо бори нахуст диданд, ки мардуми таҳҷоӣ барги рустаниеро оташ зада дуди онро фурӯ мебаранд. Ҳамин тавр аврупоиҳо аввалин маротиба аз мавҷуд будани тамоку воқиф гаштанд. Моҳи январи соли 1493 Колумб роҳи бозгашт пеш гирифт. Вай ба Аврупо чанд нафар «ҳинду», каме тило, рустаниҳои ношинос ва пари парандаҳои ваҳширо овард. Шоҳи Испониё ба вазифааш вафо намуд. Ба оилаи адмирал Колумб унвони дворянӣ бахшид. «Дар экспедитсияи дуюм, ки солҳои 1493—1496 амалӣ гашт, адмирал Колумб дар вазифаи ноиби шоҳ дар заминҳои нав кашфшуда ширкат варзид, — менависад таърихдон И. Магидович. Дар 17 киштӣ 1,5-2,5 ҳазор нафар маллоҳ, кишоварз, ҷӯяндагони тило, ҳарбиён ва роҳибон буданд. Колумб ҷазираҳои Доминика, Гваделупа ва Пуэрто-Рикоро кашф кард. Моҳи марти соли 1494 дар ҷустуҷӯи тило ба миёнаи Гаити лашкар кашид, дар фасли тобистон ҷануби шарқӣ ва ҷануби соҳилҳои Куба, ҷазираҳои Хувентуд ва Ямайкаро кушод. Баҳори соли 1496 ба сӯи диёр шино намуд, 11 июн дар Кастилия экспедитсияи дуюм анҷом пазируфт». Солҳои 1498—1500 экспедитсияи сеюми Колумб дар ҳайати шаш киштӣ сурат гирифт. 31 июли соли 1498 ӯ ҷазираи Тринидадро кашф намуд ва ниҳоят 5 августи соли 1498 ба қитъаи Амрико расид. Вай дарёи бузурге — Ориникоро дарёфт, ки аз бисёрии марворид медурахшид. Сипас Колумб ба Эспанола, ки маънояш ҷазираи Испониё буд, баргашт. Дар ин ҳангом Эспаноларо испониҳо Сан-Доминго номида буданд. Колумбро «туҳфаи ногаҳонӣ» интизор буд. Ӯро ба хиёнат муттаҳам карда, ба пойҳояш ишқел зада ҳабс ва ба Испониё равон намуданд.
Ҳарчанд варо пурра бегуноҳ ҳисобиданд, баҳрнаварди сарбаланд ба ин таҳқир тоб наовард ва боз ба саёҳати баҳр баромад. Ин дафъа чор киштии ӯ бевосита ба ҷониби соҳилҳои Амрико шино кард. 15 июни соли 1502 ба ҷазираи Мартиника лангар андохт ва 30 июл халиҷи Гондурасро ошкор сохт ва дар он ҷо бори нахуст бо намояндагони тамаддуни қадимаи майя вохӯрд. Аз 1 августи соли 1502 то 1 майи соли 1503 Колумб қариб ду ҳазор километри назди соҳилҳои Амрикои Марказиро таҳқиқ намуд. Аҷибаш он ки вай борҳо дар хусуси баҳри бузурги дар наздикиҳо буда аз мардуми таҳҷоӣ шунида бошад ҳам, ба он аҳамияти ҷиддӣ надод. Пас аз чандин сол Васко Балбоаи испонӣ уқёнуси Оромро кашф кард. Ва аммо Колумб ба сӯи ғарб гузаргоҳ наёфта ба шимол шино намуд ва 25 июни соли 1503 дар соҳили Ямайка киштиаш шикает. Пас аз як сол аз Сан-Доминго ёрӣ расид. Моҳи ноябри соли 1504 баҳрнаварди бемору бемадор ба Испониё баргашт ва 10 майи соли 1506 дар хонааш дар Валядолида аз дунёи равшан чашм пӯшид. Қабри ӯ якчанд маротиба ҷояшро иваз намудааст дар Куба, Гаити ва ҳоло дар шаҳри Севиляи Испониё маҳфуз аст[7]
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Қитъаи Амрико ба номи Х. Колумб неву, ба номи кашфиётчии дигар Америго Веспуччии итолиёгӣ, ки ҳамроҳи Алонсо Охеда соли 1499—1500 соҳили Амрикои Ҷанубиро дарёфта кашф намудааст, гузошта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Valerie I.J. Flint Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopédie Larousse en ligne (фр.)
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 4.0 4.1 Union List of Artist Names (ингл.) — 2011.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Королевская академия истории — 1738.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Pas L. v. Genealogics (ингл.) — 2003.
- ↑ Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. — Душанбе, 2010. — С. 173—177
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- И. П. Магидович, В. И. Магидович. «Очерки по истории географических открытий». т. II. М., «Просвещение», 1983.
- Верлинден Ч., Матис Г. «Покорители Америки. Колумб, Кортес». Ростов-на-Дону: Феникс, 1997
- Субботин В. А. «Великие открытия: Колумб. Васко да Гама. Магеллан».
- Enfance de Christophe Colomb
- «Колумб» Бойгонӣ шудааст 28 Декабри 2013 сол. — Фридрих Шиллер
- Яков Свет «Колумб». Издательство «Молодая гвардия», 1973 г. 368 с, с илл., портр. (Жизнь замечательных людей, Серия биографий. Вып. 11(530)).