Location via proxy:   [ UP ]  
[Report a bug]   [Manage cookies]                
Jump to content

Буъд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Проексияи шаклҳои мухталифи буъдҳо дар сатҳ

Буъд (ар. بعد‎ — дурӣ; фосила, андоза) — дар маънии одӣ ба як андоза ё параметр гуфта мешавад, ки барои таърифи вижагиҳои як ҷисм ба он ниёзмандем (дарозӣ, бар, баландӣ ва жарфно. Барои баёни ин андозаҳо дар форсӣ аз вожаҳои арабии тӯл, арз, иртифоъ ва умқ ҳам истифода мешавад.

Дар физикаи классикӣ, барои як нуқта дар фазо, се буъди физикӣ дар назар гирифта мешавад, абъоди поя дар ин сохтор бо ибороти пеш ва ақиб, рост ва чап ва боло ва поин баён мегарданд. Ҷо ба ҷое дар ҳар ростоии дигаре, ба кумаки ин иборот ва танҳо бо се ҷиҳати аслӣ қобили баён ҳастанд. Интиқол ба поин, ҳамон ҷо ба ҷои манфӣ дар ростои боло аст. Барои мисол ҳаракати рӯ ба боло ва пеш, як ҳаракати таркибӣ аст; Як таркиби хаттӣ аз ҷо ба ҷои дар ростоии боло ва пеш. Дар шакле сода, як хатро якбуъдӣ, як сатҳро дубуъдӣ ва як мукаабро себуъдӣ меномем. Илова бар буъдҳои сегона дар физика, замон ба унвони буъди чаҳорум шинохта мешавад.